14:42:04 17-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ХУДКУШӢ ДАР ХАТЛОН

Дотситонии Хатлон аз афзоиши мавориди худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ дар ин вилоят хабар медиҳад.

 

Ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфзода, муъовини дотситони Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 86 мавриди худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ дар вилоят сабт шудааст, ки ин рақам ҳашт маврид зиёдтар аз давраи мушобеҳи соли гузашта аст. Ба гуфтаи ӯ панҷоҳ маврид аз ин ҳаводис ба худкушӣ ва ё қасди худкушии занон марбут буда, дар 36 маврид мардҳо ва 17 маврид ноболиғон ба ин кор даст задаанд.

 

Оқои Юсуфҷон мегӯяд занҳо бештар аз роҳи оташсузӣ ва ба об андохтани худ худкушӣ карда, мардҳо бештар худро ба дор меовехтаанд. Бино ба гуфтаи ӯ ахиран як зани бохтарӣ ба сабаби рашк ба ҳамсараш худ ва се кӯдакшаро оташ задаст, ки дар натиҷа се кудакаш фавтида, вале худи ӯ ҷон ба саломат бурдааст. Алайҳи ин зан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ