15:32:53 01-уми Июли 2025 сол

ДИДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОЗА ОТУНБОЕВА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани ҷаласаи  сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳамтои худ аз Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева дидорбинӣ намуд. Дар ин мулоқот лидерони Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъияти муносибатҳои тарафайн ва дурнамои ҳамкориҳои байни ин ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
 

Бино ба гуфтаи хадамоти матбуотии Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистон ҳамеша тарафдори он буд ва хоҳад монд, ки раванди ҳодисот дар кишвари ҳамсоя мусолиматомез ҷараён бигиранд». Дар навбати худ Роза Отунбоева аз он ибрози миннатдорӣ намуд, ки ҷаласаи сарони ҳукуматҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Тарафҳо бар ин назаранд, ки сохторҳои марбутаи ин давлатҳо ба хотири рушду тараққӣ додани муносибатҳои ҷонибайн аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3677-2010-11-26-11-13-10.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ