03:48:09 22-уми Августи 2025 сол

ОШКОР ШУДАНИ ЯК ШАБАКАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР БЕЛГИЯ

Мақомоти Белгия дар пайи як амалиёти рӯзи сешанбеи пулис дар ин кишвар ва манотиқи дигари Аврупо 9 нафарро ба даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ айбдор кардаанд. Додситонии Белгия 7 танро дар шаҳри Антверпен ба ҳамкорӣ бо шабакае айбдор мекунанд, ки қасди анҷоми ҳамла дар ин кишварро дошта, барои Аморати Қафқоз, як гурӯҳи чирикиҳои чечен, аъзои нав ҷалб мекарданд.

 

 Дар як парвандаи алоҳида ду нафари дигар ба ҳамкорӣ бо як шабакае, ки барои гурӯҳҳои ҷангӣ дар Ироқу Афғонистон пулу афроди нав ҷамъ меовард, айбдор шудаанд. Рӯзи сешанбе дар амалиётҳои ҳамсон дар Олмону Ҳолланд боз 3 гумонбари дигарро дастгир кардаанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ