14:16:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ

 

Имрӯз дар Душанбе машварати корӣ оид ба мавзӯи «Роҳҳои самараноки ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирии нашъамандӣ» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази миллии назорат ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Машварат дар доираи маъракаҳое, ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ бахшида шудаанд ва ҷиҳати татбиқи Меморандум оид ба ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон имзо шудааст, гузаронида мешавад.

Ин чорабинӣ барои ҳалли масъалаҳои «Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2010», «Барномаи давлатии умумии пешгирии нашъамандӣ ва мухолифат бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2012», гузаронида мешавад. 

Яке аз мақсадҳои асосии ин барнома - пешгирии болоравии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии онҳо, кам кардани миқёси паҳншавии нашъамандӣ ва вобаста ба он - қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, равона шудааст.

Дар кори машварат намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати адлия, Оҷонсӣ оид ба назорати маводи нашъаовар, Вазорати маориф, шӯъбаҳои минтақавии марказҳои ВНМБ/АҒНМБ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки барои пешгирии нашъамандӣ ва ВНМБ фаъолият мекунанд, инчунин созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi