13:02:28 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРДЕВУ ДАРЕҒО, КИ ҲОКИМИ АЗИЗ ҲАМ АЗ МО РАФТ... (НАВОР)

Дирӯз, 9-уми январи соли 2022 Ҳокими Азиз – журналисти маъруф, муаллифи чандин барномаҳои шуниданиву диданӣ дар радиову телевизион, муаллиф ва таълифгари китобҳои зиёд, повесту романҳои дедективӣ (ҳамроҳ бо бародари қаламкашаш Шарифбек) баъди як беморӣ аз ин дори фано ба олами бақо хиромид.

hokimi-aziz 21547845Аз сафи қаламкашони варзидаи кишвар боз яке кам шуд. Суханвари Дарвозро оромгоҳе дар пойтахти кишвар ба оғӯш кашиду манзили охират дод. Ҳокими гиромӣ, ки чандин соли охир бо фишорбаландӣ дасту панҷа нарм мекард ва шояд се сактаи мағзиро ҳам дар бемористонҳо пушти сар гузошт, аз ҳамлаи фишор ин бор инону ихтиёр аз даст дод ва ҷон ба муваккилони қазову қадар таслим кард ва моро дар ин ҷодаи пур аз фитнаву шар ва саропо мушкил танҳо гузошт.

Ҳоким бароям танҳо ҳамкурс набуд, балки аз миёни шарикдарсон яке аз наздиктарин касоне буд, ки ҳатто дар бистари беморӣ ҳам розҳои худро мегуфт. Чӣ розе? Нақшаҳои эҷодӣ, ки бояд рӯзҳо ва моҳҳои оянда чӣ кор кунад. Бемориву ранҷурӣ гарчи батадриҷ аз ӯ қуввату тавон мегирифт, вале ҳамвора рӯ ба илҳом дошт, ки бояд ҳарфе бо ҳарфе зам кунад ва калимаҳоро бичинад ва аз ҷумлаҳо матолибе бисозад, ки дигарон онро бихонанд.

Охирин дидорамон дар беморхонаи Советский буд. Ӯ, ки чанд рӯз аз оламу одам бехабар, беёду ҳуш мехобид, баъдан ба ҳуш омад ва аз бахши эҳё ба палата оварданд ва дар ҳамон лаҳза муддате ҳамсуҳбат шудем. Ман азми сафар ба диёр доштам ва чун мегуфт мусоҳибаҳояшро гирд меоварад, гуфтам, ки ҳоло аввал аз ин бистар бархез ва баъдан бо ҳам китоби суҳбатҳоятро мураттаб хоҳем кард. Барояш ваъда додам, ки кулли матолиби китобашро худам мехонам ва омодаи чоп мекунад. Дардову дареғо, ки ҳам ваъдаву ҳам дидор ба қиёмат монд.

Ҳоким ёри ҷавониам буд, мо панҷ сол дар донишгоҳ бо ҳам будем, эй басо рӯзҳое, ки ҷавониҳо кардем, эй басо соатҳову лаҳзаҳое, ки аз як пиёла чой нӯшидем, аз лаби як коса ғизо дам кашидем. Баъди хатм ҳамкор ва боз муддате дар як хонаи иҷора бо ҳам низ зиндагӣ кардем. Вақте зарур шуд вай издивоҷ мекунад, мо хонаро барояш холӣ кардем.

Солҳои кор дар радио борҳо сафари хидматӣ ба навоҳӣ доштем, ки хотирмонтарини он сафар ба Бадахшон буд ва шаберо ҳам дар Сағирдашт, дар манзили падарии ӯ ба сар бурдем, бо худораҳматии падараш суҳбатҳо доштем, ки ҳоло ҳам он манзара дар хотирам мондааст.

Ҳоким дар барномасозиҳо дар радио муваффақ буд, вақте ба кори телевизион гузашт, дар таҳияи беҳтарин барномаҳои телевизионӣ боз ҳам муваффақ шуд. Ман надонистам, чун дар ин бора напурсида будам, ки чаро аз кори телевизион рафт. Вале медидам, ки дар кор дар чанд маҷаллаи Вазорати маориф низ комёб шуда буд.

Ҳоким аз зумраи касоне буд, ки на ҷисману на руҳан наметавон онҳоро шикаст. Матонат дошт, чун фарзанди кӯҳистон аз ҳамон “сахтҷонҳое” буд, ки устод Лоиқ пайваста ситоиш карда. Касе дар ҳеч ҳолате натавониста буд иродаи ӯро бишканад, қалбашро, меҳрашро ба касбаш сард кунад. Ба зиндагӣ ҳамеша меҳр дошту самимона ва бо умед пайроҳаҳои мушкилгузарро тай мекард.

Бо Ҳоким баъди хатми Донишгоҳ муддати бештар аз 10 сол дар радио кор кардем. Ӯ буд, ки маро нагузошт омӯзгор шавам, ӯ буд, ки гуфт бояд журналист бошӣ, чун меҳр дорӣ. Ӯ буд, ки кашон-кашон ба радио бурд ва ҳарду муддате дар идораи барномаҳои ҷавонӣ ва баъдан адабиёт ва ҳунар кор кардем.

Ӯ буд, ки зиндагии ман дигаргуна рақам хурд ва ҳоло чандон пушаймон ҳам нестам.

Ёдаш гиромӣ бод. Ба пайвандонаш, бахусус ба бародараш акаи Шарифбек, адиби романнавис ва марди хушном даргузашти Ҳокимбеки гиромиро таслият арз мекунам.

БАРОИ КАСОНЕ, КИ ШИНОХТИ КАМТАРЕ АЗ ҲОКИМИ АЗИЗ ДОРАН:

«Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон», ки соли 2009 нашр шудааст, ӯро чунин муаррифӣ кардааст:  

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз соли 1986 дар радиои тоҷик фаъолиятро шурӯъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ силсилагуфтори «Дар сӯҳбати адиб» - ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» - и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 ба телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.

Муалифи барномаи саргармкунандаи «Сӯҳбати мардона» (1997-2000) буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Фаъолияти минбаъдааш ба матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста аст. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Ба ҳикояву қиссанависӣ ҳам рағбат дорад.

МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮИ Ӯ БОЗМЕГАРДЕМ!

Бобоҷон Шафеъ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi