09:50:45 04-уми Июни 2025 сол

Чор куштаи садамаҳо дар навоҳии гуногуни кишвар

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз се садамаи мудҳише хабар дод, ки бар асари он одамон ба ҳалокат расидаанд. Бино ба хабари аввал ронанда Ашӯрмад Тӯйдаков дар қаламрави ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ пиёдарави хурдсол – С. Исуфови панҷсоларо пахш кардааст. Бар асари ҷароҳати ҷисмонӣ тифли панҷсола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

sadama 523124578Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», ки аз ҷониби шаҳрванд И.Турсунов идора мешуд, дар дар чорроҳаи кучаи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Вектра», ки онро ронандаи 19-сола Ш.Мирзоев идора мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа “Опел-Вестра” аз роҳ баромада, пиёдагардон М. Ашуров (с.т.1976) ва Ш.Иномовро пахш кардааст. Ҳоло Иномов дар бемористони вилоятии Суғд бистарист ва М.Ашӯров дар ҳамин беморхона фавтидааст.

Ҳамчунин мошини “Тайота-Кемри”, ки онро донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Данғара Турсатов А. идора мекард, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Турсунзода ба самти кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара ба автомашинаи тамғаи “Камаз-65115С” бархӯрдааст.

Дар натиҷа ду мусофири автомашинаи “Тайёта-Кемри “ аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ мегӯяд аз рӯйи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаву тафтишот идома дорад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854