БОЗДОШТИ ЯК ФАЪОЛИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ
Бастагони Назриддин Сафарзода-вакили Шӯрои маҳаллӣ аз ҲНИТ дар ноҳияи Рашт, ки тайи даҳ рӯзи ахир нопадид шудааст, имрӯз 5 октябр ба унвони мақомоти интизомӣ, додситонии кулл, вазорати дохила ва Кумитаи амнияти миллӣ дар ин бора расман муроҷиат кардаанд. Ба таъйиди Шафоат Сафарзода хоҳари Сафарзода, дар санаи 25 сентябри соли ҷорӣ, чаҳор нафар- се нафар бо либоси низомӣ ва як тан бо либоси мулкӣ ӯро аз манзили зисташ бо худ бурдаанд.
Ба ӯ гуфтаанд, ки азбаски вакили Шӯрои маҳаллист барои дақиқ кардани баъзе аз маълумот кӯмак мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, бародари ӯро се рӯз дар мақомоти ноҳия нигоҳ дошта сипас ба пойтахт шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Хоҳари вакили шӯрои маҳаллӣ аз ҲНИТ дар сӯҳбат бо « Озодӣ» гуфт, ки то кунун аз ҳеҷ ниҳоде дар бораи саломати бародари худ ва далоил ва сабаби боздошт шудани ӯ иттиллоъ дарёфт накардааст.
Мақомоти ҲНИТ низ таъйид карданд, ки аз хабари нопадид шудани намояндаашон дар Шӯрои маҳаллии деҳаи Навдонаи ҷамои Қалъаи Сурхи ноҳияи Раштро бохабар ҳастанд, вале ҳоло аз ин бештар дар ин бора маълумот дар ихтиёр надоранд. Назриддин Сафарзода- узви ҲНИТ дар интихоботи зимистони солӣ ҷорӣ дар маҷолиси маҳаллӣ вакили Шӯрои маҳаллӣ аз ин ҳизб интихоб шудааст. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буда ва як чойхона соҳибкорӣ мекардааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3287-2010-10-05-08-32-53.html