05:55:21 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Александр Усик - сазовори Ҷоми Муҳаммад Алӣ шуд

Дирӯз, 21 июли 2018, дар Толори боҳашамати варзишии Олимпийскии шаҳри Маскав дар шоҳидии 34 ҳазор тамошобин муҳорибаи байни ду муштзани маъруфи дунё дар вазни то 90 килограмм, қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқаҳои ташкил намудаи бонуфузтарин созмонҳои байналмилалии муштзанӣ WBASuperва IBFМурат Гассиеви 24 сола аз Федератсияи Россия ва қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқаҳои барпонамудаи созмонҳои байналмилалии муштзании WBOва WBCАлександр Усики 31 сола аз Украина баргузор гардид.

usyk-ali-trophyАз рӯи натиҷаи 12 раунд доварон якдилона Александр Усикро ғолиби ин муштзанӣ эълон карданд. Ба Александр Усик дар баробари тасмаҳои қаҳрамонии ин чаҳор созмони байналмилалии муштзанӣ боз Ҷоми Муҳаммад Алӣ -бузургтарин муштзани оламро низ эҳдо карданд. Ҷоми Муҳаммад Алиро ба ғолиб хонуми бузургтарин муштзани дунё супорид.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi