17:43:07 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои филология ва журналистикаи тоҷик

Чунин ном дошт мавзӯи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалие, ки бахшида 100-солагии зодрӯзи Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессор В. М. Асрорӣ рӯзи (03.11.2017) дар толори маҷлисҳои бинои марказии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

vohid-asrori 3265851122Кори конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оид ба илм Сафармамад Сафармамадов кушод.

Мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Масрур Абдуллоҳзода саҳми Воҳидҷон Асрориро дар илму педагогикаи тоҷик муҳим арзёбӣ карда, дастандаркорон ва иштирокчиёни конференсияро аз номи бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ шодбош гуфта ба кори он муваффақият хост.

Сипас дар конференсия муовини аввали Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ, академики АИ ҶТ Носирҷон Салимов, академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Олимов, мудири кафедраи адабиёти муосири Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Субҳони Аъзамзод, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикии ДМТ , яке аз созмондиҳандагони ин конференсияи илмиву амалӣ Муртазо Зайниддинов, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Абдусаттор Нуралиев, академик Қурбон Восиев дар мавзӯъҳои мухталиф суханрониҳои пурмуҳтаво карда, паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва осори соҳибҷашнро мавриди таҳлилу баррасӣ ва тавсиф қарор доданд.

Дар хотима аз номи пайвандони Воҳидҷон Асрорӣ Марҳабо Ҷабборӣ, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон сухан гуфта ба созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони ин ҳамоиш ибрози миннатдорӣ намуд.

Ҳолномаи устод Асрорӣ Воҳид Мирашурович

Олими фолклоршинос, адиб, публитсисти тоҷик.

Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1977). Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

7 ноябри соли 1917 дар оилаи хизматчӣ, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Соли 1932-33 дар Омӯзишгоҳи педагогии Сталинобод таҳсил намудааст.

Соли 1933 фаъолияти меҳнатиро дар мактаби ҷамоати Ёвон оғоз намуда, пас аз соле ба Мактаби намунавии политехникии шаҳри Сталинобод ба кор гузаштааст.

Соли 1938 пас аз хатми Институти тоҷикии дусолаи муаллимии Тошканд то соли 1942 дар Омӯзишгоҳи педагогии Сталинобод муаллимӣ кардааст.

Солҳои 1942- 44 дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Сентябри соли 1944 пас аз табобати захм, ба ақибгоҳ фиристода шудааст.

Солҳои 1944 - 46 нозири (инспектори) Назорати давлатии РСС Тоҷикистон.

Соли 1949 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Солҳои 1946-50 ҷонишин, муҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон».

Солҳои 1949-52 аспирант, солҳои 1952-57 муаллими калон, дотсенти Кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе.

Солҳои 1957-68 дотсенти Кафедраи адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1968-73 декани факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1969-92 мудири Кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР.

Солҳои 1992 – 96 мудири Кафедраи матбуоти факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Муаллифи маҷмуаи шеърҳои «Салом мактаб» (1951), «Замзамаи ҳаёт» (1964), маҷмӯаи ҳикояҳои «Ҳар дуяшон нағз» (1962), китобҳои илмии «Юсуф Вафо» (1957), «Халқ ва адабиёт» (1967), «Адабиёт ва фолклор» (1968), китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1-ум ва 2-юм)- солҳои 1950-84, «Забони тоҷикӣ» (барои чаласаводон) – соли 1950.

Воҳид Асрорӣ асарҳои Евгений Швартс, Аркадий Гайдар, ҳикояхои А.П.Чехов, шеърҳои С.Маршак, В.В.Маяковскийро аз русӣ, шеърҳои ҷудогонаи шоирони ӯзбек

Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ¸ Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, романи «Роҳи муаллим»-и Парда Турсунро тарҷума кардааст.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi