17:57:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Натиҷагирии Кумитаи кор бо занон ва оила аз соли 2015

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъда барои соли 2016 баргузор гардида, раиси кумитаи мазкур Хидирзода Махфират Умар оид ба фаъолияти кумита дар соли 2015 ҳисобот дод.

kumitai_zanon215487.jpgЗикр шуд, ки дар масъалаи омӯзиши ҳаматарафаи никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи пешазникоҳии издивоҷкунандагон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис шуда, бо назардошти имкониятҳои воқеии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва розигии роҳбарияти он ин гурӯҳ фаъолияти худро бевосита дар назди вазорати мазкур амалӣ намуд.

Ҳамзамон бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар назди кумита гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис шудааст.

Теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар вилояту шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣқарор дода шуда, зикр шуд, ки бонувони тоҷик имрӯз дар ҳайати Парлумони кишвар, вазорату кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳадафмандона фаъолият доранд.

Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии занону духтарон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор аз ҷониби Ҳукумати кишвар грантҳои президентӣ таъсис дода шудаанд ва то имрӯз бонувони зиёде бо истифода аз ин имконият тавонистанд дар соҳаҳои гуногун ба соҳибкорӣ машғул гарданд ва муваффақҳам шуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар бо таҳлили амиқ аз фаъолияти кории сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти ҷамъбастиашон натиҷагирӣ намуда, ба 15 сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои фаъолияти хуб дар соли 2015 сипоснома супорид.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi