Соли 2015 бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашуд
Дар Тоҷикистон дар соли 2015 бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо, тоун, табби хунин ва лептоспироз ба қайд гирифта нашуда, дар давоми соли 2015 нишондиҳандаҳои бемориҳои тавассути об гузаранда, тавассути ваксина идорашаванда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, вараҷа ва аз ҳайвонот ба одам гузаранда нисбат ба соли 2014 паст шудаанд, ки ин аз натиҷаи чорабиниҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ин нуктаро имрӯз 13 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт Лола Бобоҳоҷиева, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид дошт.
Бино ба иттилои муовини аввали вазир дар давраи сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шаҳри Турсунзода Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Вежа фармасевтикалс” ба истифода дода шуд.
АМИТ «Ховар»