14:25:23 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод

Раёсати Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо ба Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80 - умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси бузурги тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод даъват менамоянд.

alokhon_56656556565.jpgАълохон Афсаҳзод соли 1935 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба дунё омада аст. Соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз олам гузашта аст. Аз зумраи донишмандони бузурги илми ховаршиносии ватанӣ буда, тамоми рӯзгори эҷодии пурбаракати худро вақфи соҳаи мазкур дошта, дар пешрафту равнақи бемайлон ва шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани он саҳми беназире гузоштааст.

Аълохон Афсаҳзод аз ибтидои солҳои шастум то охирҳои қарни бистум, то дами вопасини зиндагии ибратбахши созанда, дар оғӯши даргоҳи муқаддаси ховаршиносии тоҷик - Институти шӯҳратманди шарқшиносӣ ба воя расида, аз дараҷаи шогирдӣ то қуллаҳои устодӣ камолу ҷалол ёфтааст.

Аълохон Афсаҳзод дар давоми қариб чиҳил соли ҷӯйишу пӯйишҳо ва омӯзишу пажӯҳишҳои ҳадафманди илмӣ дар шохаву соҳаҳои гуногуни фарҳангу адабиёту маорифи миллӣ бештар аз 700 асару мақолаи мукаммалу муфассал офарида, зиёдтар аз 50 олими унвондори сазовор тарбият карда, дар саросари Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз қаламрави он, ба вижа дар доираҳои илмии кишварҳои форсизабон, иштиҳори беканор ёфтааст, ки кам андар каме аз олимони ҷаҳон чунин дастоварду комёбии бемонандро шарафёб гардидааст.

БАРНОМАИ

Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ»

Сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ.

Аълохон Афсаҳзод – адиби варзидаи тоҷик – гузориши Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим.

«Мактаби Аълохон Афсаҳзод» дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ – гузориши узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмадов.

Хотироти дӯстону шогирдони Аълохон Афсаҳзод.

Рӯнамои китобҳои нав.

Замон: 18 ноябри соли 2015, соати 10:00.

Макон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ33, маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шервони УМРИДДИН, хабарнигори хадамоти матбуотии АИ ҶТ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi