Путин аз муҳоҷирон чӣ мехоҳад?
Аминҷон Гулмуродзода, "Рӯзгор"
Изҳороти ахири президенти Россия Владимир Путинро, ки зимни ифтитоҳи студияи нави шабакаи телевизионии Russia Today садо дод, метавон ҳушдори навбатӣ барои муҳоҷирони корӣ донист. Тавре Путин гуфт, "ҳарчанд дар кишвари мо муҳоҷирон дучори мушкилу монеаҳоянд, аммо ба ҳар ҳол дар Россия будубоши муҳоҷирон ба мисли кишварҳои Аврупову ИМА сангину хатарбор нест".
Ҳарчанд Путин ба тарзи қиёс чунин мисол овард, вале садо додани як чунин таъкид аз ҷониби нафари аввали Россия дар оянда метавонад ба шеваҳои мухталиф мавриди амал ва иҷро қарор гирад. Иддаои "ба мисли Аврупо ва ИМА сангину хатарбор нест" шояд ишораест ба он ки ҳузури муҳоҷирон дар оянда дар Россия метавонад чун дар кишварҳои Ғарб "сангину хатарбор" шавад. Дар ҳамина замина саволе ба миён меояд, ки бо чунин иддаою ишораҳо Путин аз муҳоҷирон чӣ мехоҳад?
Ба таъкиди Путин, "дар кишварҳое, ки аз онҷо муҳоҷирони корӣ ба Россия меоянд, таълими забони русӣ ва таърихи Россияро ба таври васеъ бояд ба роҳ монд", зеро вақте шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ба Россия барои кор меоянд, "бояд дарк кунанд, ки ба кишвари дигар омадаанд ва ҳатман қонуну анъанаҳои ин давлатро риоя намоянду фарҳанги мардуми онро эҳтиром гузоранд". Путин, албатта, чун президент ҳақ дорад чунин як талаботро пеш гузорад ва шаҳрвандони давлаташ низ ин гуфтаҳои ӯро чун ғамхорӣ дар ҳаққи миллат ва ватани хеш қабул мекунанд.
Аз тарафи дигар, холисона бояд гуфт, ки ин иддаои Путин ба манфиати муҳоҷирони кории тоҷик ҳам ҳаст ва ҳар нафаре, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Россия меравад, бояд ба қадри зарурӣ донандаи забони русӣ бошад. Зеро тамоми қонунҳо оид ба тартиби истиқомату ҳуқуқҳои муҳоҷирон ба забони русӣ навишта шудаасту вақте нафари корҷӯ онро хондаву фаҳмида наметавонад, албатта, дар доми саргумӣ меафтад ва аз ҳар ҷониб мавриди шиканҷаву озор қарор мегираду кор то ба рондашавӣ аз ҳудуди Россия рафта мерасад.
Россия ҳарчанд шарики стратегии Тоҷикистон аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ин кишвар тамоми шароитро барои муҳоҷирони кории тоҷик фароҳам меоварад. Тавре Путин мегӯяд, "дар маҷмӯъ, сиёсати давлати мо бояд дар мавриди муҳоҷират қотеъона бошад ва сараввал манфиатҳои сокинони муқимии кишварро ҳифз кунад". Ҳоло барои Путин фарқ надорад, ки муҳоҷири корӣ аз ҳудуди давлати шарики стратегӣ меояд ё дигар, муҳим рияои қонуну тартиботи Россия ва донистани забону таъриху анъана ва эҳтироми фарҳанги мардуми рус аст.
Таъкиди Путин барои густариши таълими забони русӣ дар ватани муҳоҷирони корӣ, пеш аз ҳама, ишораест ба ҳукуматҳои ин кишварҳо, ки худ бояд омӯзиши забони русиро дар таълимгоҳҳо тақвият бахшанд ва дар оянда ба Россия муҳоҷирони кории соҳибихтисосу соҳибкасби забондонро фиристанд. Яъне, ҳалли мушкил ба худи ҳукуматҳо вобаста аст ва онҳо бояд бо дарки масъулият ташаббус нишон диҳанд.
Ин даъвати Путин дар ҳоле садо медиҳад, чанд муддат пеш масъулони Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар мавриди супоридани имтиҳони ҳатмӣ аз дониши забони русӣ аз сӯи муҳоҷирон гуфта буданд, ки ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ аз чунин имтиҳон хоҳад гузашт. Ба қавли ин хадамот, пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хидматрасонӣ шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русиашро нишон диҳад. Агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои доштани чунин санад пеш намеояд.
Ба иттилои ҳукумати Россия, ин қадами нахустин буда, дар оянда, аниқтараш то соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Россия қабул мешавад. Аз рӯи ин муқаррарот, муҳоҷирони корӣ баъд аз се сол бояд дар баробари имтиҳони забони русӣ имтиҳони таърихи ин кишварро низ супоранд.
Тавре мебинем, қонуну қоида ва нақшаву тасмимҳои ҷониби Россия дар мавриди муҳоҷирони корӣ сол ба сол зиёдтар мегардаду талабу меъёрҳо низ рӯ ба афзоиш аст ва мақомоти масъули ҷониби Тоҷикистонро аз ҳозир мебояд, ки ба ин талабу дархостҳои ҷониби шарики стратегӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Таври маълум, тафтишу боздоштҳои пай дар пайи муҳоҷирони кории тоҷик дар Россия рӯ ба афзоиш аст ва ҳар кас ин амали мақомоти русро ба таври худ шарҳ медиҳад. Ба пиндори аксар, ин амали русҳо ба масъалаи пойгоҳи низомӣ бастагӣ дораду Россия барои пиёда кардани ҳадафҳои худ муҳоҷирони кориро чун фишанг истифода мебарад. Ин андеша низ то ҷое дуруст аст, аммо агар амиқтар ба моҳияти масъала бингарем, боздошту ихроҷи шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби мақомоти рус бар пояи қонун сурат мегирад; муҳоҷирони корӣ худ қонуну тартиботро вайрон кардаю сазовори ҷазо гаштаанд.
Ба таъкиди коршиносон, ҳар сол на камтар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Россия мераванд ва теъдоди хеле зиёди онҳо ҷавонони манотиқи дурдасти кишваранд, ки таҷрибаи муошират ба забони русиро надоранд. Илова ба ин, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёна, бахусус дар деҳоти кишвар, назар ба солҳои шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст.
Аз ин рӯ, беҳтар нест, ки тамоми гуноҳро ба сари мақомоти кишвари кордиҳанда нагузорему як бор ба камбудиҳои худ назар кунем ва сараввал норасоиҳои худро ислоҳ кунему баъд гиребони дигаронро бидорем.