23:30:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

МУҲОҶИРОН ДАР ШИОРҲОИ СОҲИБОНИ ЭҲТИМОЛИИ КРЕМЛ

Бо наздик омадани замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳузури муҳоҷирон дар Русия бештар доман зада мешавад. Муддаиёни курсии президентии Русия дар барнома ва дар маъракаҳои таблиғии худ аз ин мавзӯъ ба нафъи хеш истифода мекунанд. Аммо гоҳо дар гармогармии корзори интихоботӣ сӯҳбатҳое мекунанд, ки ифодакунандаи мавқеъ ва баёнгари барномаҳои гурӯҳҳои нажодпараст ва миллатгарои ин кишвар аст.

mikhailАхиран Михаил Прохоров, яке аз муддаиёни мақоми олии Русия, низ гуфт, дар сурати пирӯзӣ барои ҷилавгирӣ аз раванди муҳоҷират ба Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ва ё визаро ҷорӣ хоҳад кард. "Қарта"-и муҳоҷирати меҳнатӣ дар корзори интихоботии Русия ба як навор ва ё рекламаи таблиғие табдил шудааст, ки дар истифода аз он довталабони курсии президентӣ риояи меъёрҳоро зарур намешуморанд, агарчӣ бархе аз ҳарфҳои ин номзадҳо метавонад барои Русия ба унвони як кишвари абарқудрат оқибатҳои ногуворе дошта бошад.

Бо он ки Владимир Путин, номзаде, ки дар пирӯзиаш кам касе шубҳа дорад, аз роҳандозии раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намекунад. Вале шиддат бахшидани шароити ҳузур ва фаъолияти муҳоҷирони кориро баъди ғалаба ваъда кард. Бақия номзадҳои интихоботӣ аз ҷумла Владимир Жириновский ва ахиран Михаил Прохоров бо сароҳат эълон доштанд, ки танҳо роҳи халосӣ аз ҳузури чандмиллионаи муҳоҷирони корӣ ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказист.

Дар вазъияте, ки Русия равобити бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо ва Амрикоро намехоҳад ва ин минтақаро ҷавлонгаҳи ҳузури худ шуморидааст, чунин баёнияҳо масъулини ин кишварҳоро барои ҷустуҷӯи шарикони нав таҳрик нахоҳад дод? Аз  сӯи дигар, дар шароите, ки Русия бо мушкилоти камбуди нерӯи кор ва пиршавии аҳолӣ рӯбарӯст, ин ҳарфҳо танҳо ба маънои бозиҳои интихоботӣ нестанд?

а ақидаи Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки ҳамасола аз чандин шаҳру навоҳии Русия дидан мекунад, аз ҷониби довталабҳои мақоми президентӣ доғ нишон додани масъалаи муҳоҷират танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи раъйдиҳанда сурат мегирад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, мардуми одии Русия бо муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кадом мушкиле надоранд.

Вале азбаски баъзе аз шахсиятҳо дар Екатеринбург тоҷиконро ҳамчун қочоқбари маводи мухаддир муаррифӣ кардаанд, Михаил Прохоров вобаста ба хостаҳои ҳамон аудитория ва ё электорат чунин изҳороте додааст. "Ман бовар дорам, ки агар Прохоров президент шавад, ин масъаларо ҳеҷ гоҳ матраҳ намекунад. Баъзан номзадҳо ҳарфҳое мезананд, ки ба худи онҳо маъқул нест. Ин "қарта" он қадар қартаи хуб барои интихобшавандаҳо нест. Аммо ба ҳар ҳол як бозие ҳаст, ки ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Мисле, ки парвандаи халабонҳо буд ва баъди он масъалаи генотсиди русҳо дар Тоҷикистонро ба бозӣ кашиданд. Ин ҳам идомаи он бозиҳост. Вале он ба мардуми одии Русия дахл надорад",-афзуд ӯ.

Аммо Исмоил Талбаков, ки дар авохири соли гузашта бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мулоқот доштааст, мегӯяд, Русия бидуни муҳоҷирони корӣ наметавонад рӯи по истад. Аз тарафи дигар маҳз муҳоҷирон ҳастанд, ки интегратсия ё ҳамгироии Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиро амалан ба ҳоли иҷро гузоштаанд. Ҷаноби Талбаков мегӯяд, ҳар чи қадар ки Русия шароити ҳуқуқии муҳоҷирони кории ин минтақаро беҳтар созад, ҷойи пойи худро дар Осиёи Марказӣ қавӣ месозад. Дар сурати ғайр, дигарон метавонанд ҷойи ӯро бигиранд.

Вай гуфт, "имрӯз Русия сарфи назар аз захоири иқтисодӣ ва табииаш ба муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо аз Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ҳам ниёз дорад. Кадом нерӯи сиёсие, ки дар дурнамои рушди иқтисодиву сиёсиву фарҳангии Русия саҳмгузор мебошад, яке аз таҳдоби асосии он истифодаи васеи муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки муносибатҳои интегратсиониро таъмин менамояд."

Вале новобаста аз мавқеъгирии муддаиёни  интихоботии Русия мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар ҳамеша боқӣ мондааст. Мирҳусейн Назриев, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, ҳеҷ кишваре дигар омода нахоҳад буд, ки ин шумора аз лашкари муҳоҷиронро бипазирад.

Аммо масъала инҷост, ки мушкили тоҷикони дар суроғи корро набояд дар Русия, балки дар худи Тоҷикистон ҳал кард, то шумораи онҳо сол ба сол коҳиш биёбад, на афзоиш пайдо кунад. "Имкон надорад, ки ҳукумати Раҳмон барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия ҷойи кор бисозад. Ба ин кор талош кардан ҳам мантиқӣ нест. Вақти он расидааст, ки ҳукумат бештар барои бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ватани худашон чораҳо биандешад",-илова кард Назриев.

Ба ин тартиб, бештари коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик бар ин андешаанд, ки ба бозӣ кашидани "қарта"-и муҳоҷират аз сӯи номзадҳои интихоботи президентии Русия бархоста аз воқеиятҳои ин кишвар аст. Вале ин мушкил на дар маъракаи интихобот, балки дар миёни ҳукуматҳо ҳал хоҳад шуд, албатта, агар ҳукумат то ба имрӯз дар ин масъала ба кадом муваффақияте даст ёфта бошад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi