02:18:35 03-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Шоир ва шеър»

Адабиёти рус мисли адабиёти бузурги форсӣ шоирони тавоноеро ба майдон овардааст. Сухан ин ҷо сари ҳаёту эҷодиёти шоири номвари ибтидои асри 20-и рус Сергей Есенин хоҳад рафт.

esenin poet rus1212

Қайд кардан мехоҳам, ки бо номи ин шоир ва ашъори баландмазмунаш замони шӯравӣ, ҳангоми мактабхон буданам шинос шудаам. Аниқтараш ҳангоми гузаштани дарсҳо аз фани «Адабиёти шӯравии рус» омӯзгори забону адабиёти руси мактаби деҳаамон, устоди зиндаёду ҷавонмаргамон Валиҷон Забиров барои аввалин бор мо мактаббачагонро бо ин шоири ширинбаён ва назмаш хело ғайриоддӣ шинос намуд. Ёд дорам устоди зиндаёд баъди гузаштани мавзӯъ оид ба фаъолияти эҷодии ин шоири хело шӯҳратёру ҷавонмарги рус ба мо порчаҳои ашъори ӯро бо забони русӣ қироат намуда буд.То ҳол овози ширадори устодам зимни қироати ашхори Сергей Есенин ба гӯшам садо медиҳад:Шагане ты мая шагане! (Ту эй шоҳона, шоҳонаи ман).

Он давра буд, ки баъди дарси пурмазмуни устод Забиров дарёфтам, ки ки ин шоири номвар дар адабиёти рус бо умри кӯтоҳи худ хело мавқеи намоён дорад. Баъди фаҳмидани таваҷҷӯҳи ин шоири овозадори рус ба кишвари Ирон ва адабиёти форсизабон ва доштани ашъоре бо номи «Савтҳои форсӣ», доираи таваҷҷӯхи ман нисбати ин шоир ба маротиб боло рафт ва ман дар борааш китобу мақолаҳои зиёдеро хонда баромадам ва ӯ дар андак мӯддат ба шоири дӯстдоштаи банда табдил ёфт. Ёд дорам соле пас дар маркази ноҳия ҳамроҳи ҳамсинфонам бо коре рафта будем ва он ҷо ба мағозаи китобфурӯшӣ даромадем.Ҳамсинфонам нишонаҳои сарисинагӣ хариданд.Чун чашми ман ба рафи китобфурӯшӣ ва китоби «Гулафшон»-и Сергей Есенин, ки бо тоҷикӣ нашр шуда буд афтод, ман аз баҳри хариди нишони сарисинагӣ гузашта ин китобро, ки 95 тин меистод ва барои он давра маблағи андаке барои мактаббача набуд, бо ҷону дил харидорӣ намудам. Китоби мазкур бо пешгуфтори бисёр хуби устод Абдунабӣ Сатторов чоп гашта, шеъру достонҳои «Достони 36», «Одами наҳс» дар тарҷумаи устоди зиндаёд Лоиқ ва Бозор Собир чоп гашта, тарҷумаи порча аз достони «Ленин» аз тарафи устод Мӯъмин Қаноат ба анҷом расонида шуда буд. Воқеан ашъори Сергей Есенин аз тарафи устодони зикрёфта хело босифат ва устодона тарҷума шуда буданд.

Аз хондани ашъори бо тоҷикӣ нашршудаи С.Есенин ва хосатан «Савтҳои форсӣ»-и шоир ман хело ғизои маънавӣ бурдам ва аз он пас пайваста ашъори ин нобиғаи ҷавонмарги рус чун оҳанрабо маро ба сӯи худ мекашад ва ин адиби ҷавонмарг чандин сол боз яке аз шоирони дӯстдоштаи ман аст ва ашъори нозуку латифи ӯ, ки ба назари банда ҳама вақт аз онҳо насими форами баҳорӣ мевазад ва сарсабзи бешазорони русро ба хотир меоранд, зери мутолиаи банда қарор дорад.

Сергей Есенин 3-юми октябри соли 1895 дар деҳаи Константиновои губернияи Рязан ба дунё омадааст.Падару модараш деҳқонони оддии губерниягӣ будаанд. Дар синни 9 солагияш, аниқан соли 1904 ба мактаби деҳаашон рафтааст, дар мактаб аъло мехонд, лекин барои шӯхӣ ва якравиаш дар синфи 3-юмӣ такроран мононда шудааст(аслан нобиғагон ҳама ҳамин гунаанд. Ба хотир биёред асосгузори геометрияи ғайриевклидӣ Лобачевскийро, ки дар ҳузури ректор дар чорбоғи Қазон ба гов савор шуда буд-шарҳи муаллиф Варқаи Зайниддин).Мактабро бошад соли 1909 бо ифтихорнома барои хониши аъло ба итмом расонидааст. Баъдан мактабро дар дигар гимназия давом дода, соли 1912 онро ба итмом мерасонад.Тибқи ёддоштҳои аҳли хонадон, ҳамсинфон ва ҳамдеҳагонаш Сергей ҳанӯз аз хурдсолӣ дар синни 7-8 солагӣ худро чун шахси зирак, фавқулодда ва ҳозирҷавоб нишон медиҳад.Тибқи хотираҳои ҳамдеҳагонаш шоир он давра ба зудӣ ҳар гунна чистону зарбулмасалҳоро эҷод мекардааст ва то бегоҳӣ ин чистонҳои ӯ дар ҳар хонадони деҳа паҳн мешудаанд.

Тибқи навиштаи рафиқони мактабиаш аз замони наврасӣ ӯ ба китобхонӣ меҳру муҳаббати беандозае дошта, пайваста ашъори Пушкин, Лермонтов, Некрасов ва дигар шоирони русро мутолиа мекардааст, лекин хондани асарҳои пурмоҷароро(дедектив) дӯст намедоштааст. Он гуна китобдӯст будааст, ки китобҳои рафиқонашро барои хондани муваққатӣ бо конфет ё ашёи дигар иваз мекардааст.

Аввалин шеъре, ки замони мактабхонӣ ҳамсинфонашро ба риққат оварда, диққати онҳоро ба истеъдоди худододиаш ҷалб намудааст, ин шеъри «Звезда» (Ситора) будааст. Баъдан, омӯзгоронаш низ баъди ин шеър истеъдоди фавқулоддаи ӯро ҳис карда, ба ӯ маслиҳатҳо додаанд.

Сергей Есенин баъди итмоми мактаби зодгоҳаш тибқи маслиҳати ҳамсинфон ва устодонаш тирамоҳи соли 1912 ба шаҳри Москва меояд ва аввал дар дӯкони қассобӣ, баъдан дар ншриёт ба кор медарояд.Соли 1913 бошад донишҷӯи озоди шӯъбаи таъриху фалсафаи Донишгоҳи халқии ба номи А.Л.Шанявскии шаҳри Маскав мегардад.Дар соли 1914 аввалин бор шеъҳои ӯ дар маҷаллаи «Мирок» ба нашр мерасанд.Замони ҷанги якуми ҷаҳон,соли 1915 ба пойтахти онвақтаи Руссия, шаҳри Санкт-Петербург меояд. Вохӯрии ӯ бо нависандаи бузурги рус М.Горкий дар ҳамин сол ва дар ҳамин шаҳр доир мегардад. Аз рӯи ёддоштҳои М.Горкий дар назари аввал Сергей Есенин як навраси деҳотӣ ва хело шармгин менамуд, лекин чун ӯ ашъорашро қироат менамояд ба назар на деҳқонбачаи содда, шармгин ва музофотӣ, балки як истеъдоди худрӯй ва фавқулоддаи музофотӣ намудор гаштааст.Дар ҳамин сол ӯ ашъори худро барои шоирон Блок,Городецкий ва дигарон дар Питер қироат намудааст.Соли 1916 авалин бор маҷмӯъаи Есенини хело ҳам ҷавон бо номи «Радуница» дар Петербург ба нашр расид ва чопи ин маҷмӯъа ин шоири ҷавонро хело ҳам машҳур кард.Ҳамин давра буд,ки ӯ ба доираи «новокрестянских поэтов»(шоирони навҷӯъи деҳотӣ) як ҳаракати нави эҷодии шоирони Руссия кашида мешавад.

Сергей Есенин дар он давраи вазнини ҷанги якуми ҷаҳон ва ҳаёти инқилобии Руссия ба доираи адабии рус ва шӯравӣ ворид гашта, бо эҷодиёти ашъори худ, шеърҳои лирикӣ, мавзӯҳои дӯстдории ватани паҳновар ,ҷангалзорон ва зимистони қаҳратун, бешазорони беканори рус ашъори инқилобӣ дар андак муддат шӯҳрат ва мавқеи худро пайдо намудааст.

Тибқи навиштаҳои адибони рус, Сергей Есенин соли 1921 барои чанд муддате ба Тошканд барои аввалин бор меояд. Дидори шоир ба сарзамини пуртазоди Осиёи Миёна тибқи гуфтаи ин адиб даричаеро ба рӯи Есенин барои навиштани ашъори «Савтҳои форсӣ» кушода мегардонанд ва осори шуарои форсизабон ӯро барои ҳамешагӣ мафтуни худ мегардонад.

Ашъори «форсӣ»-и ӯ бо як истеъдоди хос ва арҷгузорӣ ба мардуми иронзамин ва шоирони забардасти ин сарзамин бахшида шудаанд. Дар ин ашъор ӯ аз Хуросон, Теҳрон, Тӯс ёд меоварад.

Дар ашъораш аз Саъдии Шерозӣ, Хайём, Фирдавсӣ ва умуман Ирон бо муҳаббати зиёд андешаронӣ намудааст.Умуман ашъори «Савтҳои форсӣ»-и шоир бо як руҳияи бисёр баланд эҷод гашта, муҳаббат ва арҷгузории ин шоири бузурги ибтидои асри 20-и русро нисбати адабиёту фарҳанги оламгири форсизабонон дар худ таҷассум менамояд.Дар ин ҷо беихтиёр пайванди асрҳо ва наслҳо дар эҷодиёти адибони рус ба хотир мерасад, ки ин муҳаббатро бешубҳа аз замони Пушкин ва шеъри машҳури ӯ «Ба Ҳофиз» ба ёдгор гирифта, давом додаанд.

Ашъори Есенин бо савту ҷозибаи нозукии лирикӣ, ишқӣ, руҳияи баланди дӯстдори нисбати сарзамини рус, зодгоҳаш Рязань миллати арҷманди рус пайванди ногусастанӣ дорад. Ин савту ҷозиба пайваста дили шоирро ба риққат меорварад ва ҳастияшро ба ӯ мебахшад ва боиси эҷоди ашъори баланде нисбати ватан, волидон, дудмони падарӣ мегардад. Баъди ғалабаи инқилоби Ӯктабр Есенин ва як гурӯҳ шоирон ба доираи шоирони эҷодгари имажинизм,ки сарчашааш аз доираи адабии шоирони Англия маъво мегирад кашида мешавад ва худи Есенин роҳбари ин равияи нави эҷодӣ дар адабиёти рус мегардад. Ин равия пеш аз ҳама ба офаридани образ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд(худи калимаи имажинизм низ аз луғати англисӣ гирифта шуда, маънояш образ ҳаст).Соли 1924 аз ин ҷараёни эҷодӣ Есенин канора мегирад. Аз тарҷумаи ҳоли Сергей Есенин маълум аст, ки ӯ ҳамроҳи ҳунарманди он замон хело машҳури амрикоӣ, раққоса Дункан Айсидора, ки бо ҳам хонадор шуда буданд, солҳои 1923, 1924 ба Авруппо ва Амрико сафар кардааст, лекин ба қавли Горький, ки ӯро дар Олмон дидааст, ҳамон давра рӯҳаш беқарор ва дар ёди ватан будааст.Умуман Сергей Есенин дар ҳаёташ чанд маротиба оиладор шудааст. Аз оилаи аввалаш,

Анна Изряднова, ки бо ӯ дар никоҳи гражданӣ мезист 1 писар бо номи Юра соли 1914 таваалуд гашта, соли 1937 бо гуноҳи сохта парронда мешавад. Аз завчаи дуюмаш, актриса Зинаида Райх соҳиби 1 писар Константин ва 1 духтар Татяна гаштааст. Баъди ҷудошавӣ аз Зинаида соли 1922 ӯ бо раққоса Айсидора хонадор шуда, соли 1924 баъди сафар ба олами Ғарб аз ӯ ҷудо мешавад. Аз ҳамзисти бо шоира ва тарҷумон Надежда Волпин санаи 12.05. соли 1924 писар бо номи Александр таваллуд мекунад, ин ягона фарзанди ҳоло дар қайди ҳаёт будаи Есенин буда, аз соли 1989 дар ИМА зиндагӣ мекунад. Ӯ профессори машҳури математик ва диссиденти машҳур аст.Санаи 18-уми сентябри соли 1925 ба таврӣ расмӣ маротибаи сеюм ва охир бор ӯ бо набераи Лев Толстой Софя Толстой хонадор мешавад, ки аз ин никоҳи расмӣ фарзанд надорад.

Сергей Есенин фарзанди замони худ, фарзанди давраи инқилоб, ивазшавии ҳукумати Руссияи подшоҳӣ ба сохти таҷрибавии сусиёлӣ-болшевкии шӯравӣ будааст ва табиист, ки аз ин равандҳо ҳамчун шоир ӯ дар канор буда наметавонист. Ӯ чунин ашъори инқилобӣ аз қабили «Достони 36» ва «Ленин» ва ғайраҳоро низ вобаста ба ин давраи инқилобӣ эҷод намудааст.

Ин шоири ҷавон ва шуҳратёр, ки дар таърихи адабии назми рус таҳаввулоте эҷод кард ва гулҳои зебои зиёде кишт, низ ба зудӣ ва ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд.

Марги маррмузи ин шоир то ҳол дар байни мухлисонаш ва доираҳои адабӣ ва тафтишотии рус низ сару садоҳое зиёде дорад.

Сергей Есенин шаби 28-уми декабри соли 1925 дар Санкт-Петербург худро дар меҳмонхонаи «Англатер» ба дор овехта куштааст.Тибқи навиштаи ҳамасрон ва таҳқиқгарони баъдӣ, таҳоввулоти сиёсӣ, иваз шудани набзи сиёсии кишвар ва фишор барои ба доираи ҳукумати шӯравӣ гузаштан ӯро таъзиқ дода, ба ин кор ҳидоят намудааст. Дигар назария ва овозаҳо оид ба куштори ӯ низ дар доираи адабӣ ва таърихию сиёсӣ низ зиёданд.Ба ҳар ҳол экспертизаҳои судию тибии солҳои 1989 ва 1992 бо ҷалби мутахассисон анҷом додаи муттахассисони рус, румин ва олмонӣ гузаронида ҳодисаи қатли шоирро инкор намуда, ваҷҳи худкуширо тасдиқ менамояд.Лекин ба ин ҳам нигоҳ накарда доираҳои махсус баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади сиёҳ намудани намояндагони як давраи муайяни таърихӣ идаои куштори шоирро аз тарафи ҳукумати вақти болшевикӣ кор карда баромадаанд.Ҳоло он,ки тибқи сарчашмаҳо ва шоҳидони ҳолати кор , вазъи рӯҳии шоир дар се, чор соли охир ва ду маротиба пештар кӯшиши худкушӣ кардани ӯ пурра худкушии шоирро ба исбот мерасонад, лекин доираҳои муаяйн то ҳол аз ҳисоби номи шоир барои худ «имиҷ» сохта, назарияи бепояи куштори шоирро кор карда баромадаанд.

Мисоли барҷастаи он филми 5 сериягии падару писар Безруковҳо ҳаст,ки он ҷо Есенинро қурбонии дасти НКВД донистаанд. Ҳоло он, ки ин назария тамоман нодуруст буда, шоирро, ки пайваста боданӯшӣ карда , ба вазъи сахти равонӣ ва дар пайи он дар тарабхонаҳо ба ҷанҷол кашида мешуд, танҳо дар соли охири ҳаёташ кормандони пулис 10 маротиба баъди аз бадмастӣ баромаданаш аз ҳушёрхонаҳо ҷавоб дода, ба хонааш гусел намудаанд. Ба замми ин Есенин шоири «болшевикӣ» масҳуб ёфта, эҳтиром низ дошт.Фаромӯш набояд кард, ки танхо дар соли 1970 аз тарафи нашриёти «Правда» ашъори шоир бо тиражи қариб 2 миллион нусха аз чоп баромадааст, ки чопи чунин миқдор нусха китоб на замони пеш аз иқилоб ва на баъди пошхӯрии кишвари шӯроҳо ҳеҷ гоҳ сурат нагирифтааст.

Ба ҳар ҳол бо кадом ҳолате набошад марги шоире, ки ҳамагӣ 30 сол дошт ва ситораи дурахшони назми шуравӣ ва рус маҳсуб меёфт ва яке аз шоирони хело ҳам тавонманд ва табиатан зебои даври хеш будааст боиси афсӯс аст.

Ашъори ин шоири бузург ва пурфоҷиа, ки воқеан зиндагиаш ноором будааст, баъд аз маргаш дар адабиёти рус ба зудӣ мавқеъ ва манзалати худро ёфт.Дар қатори ситораҳои дурахшони назми рус Пушкин, Лермонтов, Маяковский ва дигарон ҷой гирифта, бо забонҳои гуногун аз ҷумла забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор ёфта, дар бораи ҳаёту фаъолияташ таҳқиқотҳои зиёде анҷом дода шудааст. Дар борааш ёддоштҳои М.Горький, Блок, Маяковский, Ахматова, Клюев, Дуржинин ва дигарон навишта, ба хотираш шеърҳо бахшидаанд.

Дар зодгоҳаш Рязань аз замони шӯравӣ музей-мамнӯъгоҳ таъсис дода шуда, онҷо ҷои зиёрати дӯстдорони ашъораш гаштааст.Инчунин дар борааш дар Воронеж,Москва, Спас-Клепика низ осорхона кушода шуда, дар Тошкант ва Боку хона-музейи шоир мавҷуд аст.Дар бисёре аз шаҳрҳои Руссия ҳайкалаш гузошта, шуда, зиёда аз 600 кӯчаю хиёбон ва кӯчаю майдонҳо дар Россия имрӯз номи шоирро доранд.Донишгоҳи давлатии шаҳри Рязан аз замон шӯравӣ номи шоирро дорад.

Ашъори шоир бешубҳа давомдиҳандаи умри кӯтоҳи ин шоири зебопараст ва лирик ҳаст ва худаш дар шеъри «Роҳи ман» низ беҳуда нагуфтааст:

Ним кард умри ман роҳи худро,

Монда ғамҳою монда хотираҳо.

Мани рустоии ҷаҳондида,

Дарбадар гаштам дар ин дунё,

Шеърҳоям,

Шумо ҳикоя кунед,

Баъди ман саргузашти талхи маро.

Шоир ҳақ асту рост. Бо ин ашъор ва зиндагии фоҷиавиаш Сергей Есенин дар қалби адабиётдӯстон ҷовидона боқӣ хоҳад монд.Имсол аз таваллуди шоир 130 сол ва аз ҳалокати фоҷиавии шоир 90 сол сипарӣ гашт ва таърихи 90 соли охири чопи ашъори ин шоир гувоҳи зиндаю ҷовид мондани номи ин шоири даркашида аст.

Рӯҳаш шод бод ин шоири бузургу дӯстдори адабиёти порсиро !

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

Узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии матбуот, фарҳанг, маориф,раидо ва телевизиони ҶТ.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi