16:33:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗИ ҲАРФИ БЕМУРУВВАТ ОШНО БЕГОНА МЕГАРДАД

Рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр сардабири  ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атоуллоҳ дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ҶТ баъди саломуалайк аз банда пурсид: «Хондед-мӣ?». Гуфтам: «Чиро?». «Гуфт: «СССР»-ро. Гуфтам: «Не. Ягон матлаби ҷолибе ба нашр расидааст? Дер боз ман ин ҳафтаномаро намехонам». Не, ҳамту, дар як мақола аз номи шумо ёдовар шуда, аксатонро низ чоп кардаанд.

/images/stories/2012/12/10_sulton-hamad-101212.jpgБоз пурсидам: «Дар бораи чӣ ҳаст он мақола?». Гуфт, ки «гӯё дар саҳифаи фейсбукиатон шумо, як матлаби «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро ба нашр расондаед. Ҳамон матлабро ба ман ҳам таҳририён фиристода буданд, ман ба худи Сайёф (сардабири ҳафтанома) онро эмайл кардам. Номи маро низ дар он мақолаи «СССР» зикр кардаанд. Ба дил нагиред, ҳеҷ гап не». Ҳамин гапи Хуршеди Атоуллоҳро боз чанд нафар журналисти маъруфи кишвар бо тарзҳои дигар он рӯз ба ман гуфтанд. Зангҳои телефонӣ низ дар ин робита буданд.

Хулоса, рӯзи дигар ҳафтанома («СССР» №48 (221) панҷшанбе, 29 ноябри соли 2012)-ро пайдо кардаму саҳифаҳояшро варақ задам. Дидам, ки дар як мақола не, балки дар ду мақола, ки дар саҳифаҳои 8-9 чоп шудаанд, зикри номи банда рафтааст. Сарлавҳаи мақолаи якум «Уштура гуфтем ғамза кун..» ном дорад ва акси банда дар зери ҳамин сарлавҳа ба чоп расидааст. Мақолаи дуввумро, ки дар сарсухани он боз зикри номи камина рафтааст, «Баҳси Таҳриру «СССР» ном гузоштанд.

Дар аввали мақолаи нахустин муаллиф Одинашо Муродов, хабарнигори СССР, менависад: «Баробари ворид шудан ба идора баъди истироҳати навбатӣ ҷаноби сардабир пешам 2 саҳифа матнро монда таъкид кард, ки «марҳамат, шинос шав, инҳо раддия ба матлаби навиштаи Шумо». Сатрҳоро тез-тез чашм давонда, матолиберо дидам, ки 2 рӯз пеш дар саҳифаи Фейсбуки рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад хонда будам. Аслан ба чунин раддияҳо ҷавоб наменависанд, чунки онҳо на муаллиф доранду на суроға. Ба ҳар ҳол тамсилан онро аз Маркази матбуотии «Ҳизб-ут-таҳрир»-у муаллифаш ҳамон имзои мустаори зераш омада, Jahon Uzra-ро ҳисобида, барои завқи хонанда чанд сатр иншо намудам».

Сипас дар давоми мақола посухи Одинашо Муродов ба матлаби Jahon Uzra ё чи тавре, ки хабарнигори «СССР» дар матлабаш овардааст, «Маркази матбуотии «Ҳизб-ут-таҳрир», чоп шудааст, ки мо ҳаққи қазовати посухи хабарнигорро ба худ намедиҳем. Чунки аз мавзӯъ дур меравем. Мақолаи дуввум асосан ҳамон матлаби Jahon Uzra «Раддия ба дурӯғҳои хабарнигори «дарбории ҳафтаномаи «СССР» мебошад, ки бидуни тағйир додани як ҳарфи мақола онро ба нашр расонданд. Мақолае, ки барои дар саҳифаи фейсбукии банда чоп шуданаш, каминаро мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор додаанд. Редаксияи «СССР» танҳо сарсуханеро ба он илова кардааст. Дар он сарсухан азҷумла ин сатрҳоро мехонем:

«Матлаби мазкурро Хуршеди Атовулло ба мо роҳӣ кард, яъне мехостанд ин мақола дар Фараж нашр шаваду миёни 2 газетаи ғайридавлатӣ гурбаи сияҳ давад. Нашуд. Натавонистанд. Вале дар ин доду ситад моро чизи дигар ҳайрон кард, ки чи гуна аз нахустинҳо шуда, матлаби Ҳизбуттаҳрир дар саҳифаи фейсбукии ҳамкасб ва дӯсти ҳамешагии мо Султони Ҳамад, нашр шудааст… Бо ин ҳама мо матлабро нашр мекунем ва тибқи Қонун дар бораи матбуот посухи визавии Таҳририён ва саҳифаи Фейсбукии ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллоҳзода- Одинашоҳ Муродовро низ меорем…».

Аҷиб, чаро Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода? Муаллиф магар дар навишти ном иштибоҳ кардааст ва ё дар байни Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода ва Султони Ҳамад фарқ намегузорад? «Какая разница? Оба летающие птиц…?».

Хуб, дар ду ҳолате, ки аз исми камина ёд мешавад, менависанд, ки матлаби мазкури «Ҳизбуттаҳрир»-ро дар саҳифаи фейсбукии Султони Ҳамад хондаанд ва ё нахустин шуда дар саҳифаи фейсбукии Султони Ҳамад ин матлаби «Ҳизб-ут-таҳрир» нашр шудааст. «Впрямь как пресс-секретар «Хизб-ут-тахрира» этот Султони Хамад…».

Бале, чунин як фикрро муаллиф ва ё муаллифони сатрҳое, ки ба онҳо истинод овардем, огоҳона ва ё ноогоҳона, дар шуури хонандагони ҳафтанома талқин карданӣ мешаванд. Акси банда ҳам бо ҳамин мақсад дар байни ду мақолае, ки дар бораи «Ҳизб-ут-таҳрир»-анд, гузошта шудааст, яъне «бинед, шиносед, хулоса бароред. Мо метавонем!». Вагарна, аз рӯи инсоф агар бигӯем, хизмати Хуршеди Атоуллоҳ барои «СССР» дар ин қазия бештар буд. Ба навиштаи редаксия Хуршед бо ду дасти адаб матлабро ба онҳо дода будааст.. Мешуд, ки акси ӯро дар байни ин ду мақола мегузоштанд. «Ан нетс, пардоннннн…».

Хуб, вале ин иттилоъ мутлақо нодуруст аст, ки матлаби мазкур нахустин бор дар саҳифаи фейсбукии Султони Ҳамад чоп шудааст. Ҳатто ин иттилоъ, ки онро Султони Ҳамад нашр кардааст, мутлақо нодуруст аст. Аз як сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо муаллифи мақола дар ҳузури сардабираш  дӯстам Сайёфи Мизроб доштам, бароям аниқ шуд, ки ӯ аз шеваи кори фейсбук чандон огаҳие надоштааст.

Худаш инро иқрор шуд. Аз қавлаш маҳз ҳамин саҳифаи  фейсбукии бандаро ба ӯ нишон додаанд. Агар худ огаҳӣ медошт зери бори масъулият ҳамон лаҳза саҳифаҳои дигари фейсбукро аз назар мегузаронд ва медид, ки  мақоларо бори аввал на ҳамон рӯзе, ки ба ӯ нишон додаанд, яъне 23-ноябр, балки се рӯз пештар, шоми 20 ноябр, Ихтиёри Бахтиёр ном истифодабарандаи фейсбук дар саҳифаи фейсбукии «ВАО ва Ислом» гузоштааст.

Ва атрофи ин мақола баҳсу мунозираҳое бо ширкати яке аз  адвокатҳои маъруфи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Рӯзи 21-уми ноябр ин мақоларо такроран дар ҳамин саҳифаи фейсбук Мустафо Ҳамид «коридааст». «Раддия…» худи ҳамин рӯз боз дар саҳифаҳои дигари фейсбукӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон-онлайн», «Лента новостей» аз ҷониби истифодабарандагони гуногун ба нашр расидааст. Ҳамаи ин матолиб имрӯз ҳам дар санаҳои нишондодашуда дар саҳифаҳои фейсбукии мазкур мавҷуданд. «То, что написано пером, не вырубишь топором».

Вале матлаби дар саҳифаи фейсбукии банда рӯзи 23-и ноябр, яъне ду -се рӯз баъд, «кошта шуда», худи ҳамон рӯз  баробари ба назари мо расидан ҳамчун матлабе, ки муаллифашро намешинохтем ва мавзӯяш баҳсбарангез буд, ҳазф шуд. Агар «Раддия…»-ро  худи ман дар саҳифаи фейсбукиам мегузоштам ва ё дар сайти «Рӯзгор» www.ruzgor.tj, ки сардабираш ҳастам, чоп мекардам, чунин вокуниши ҳафтаномаи «СССР»-ро нисбати шахсияти худ қобили дарк медонистам.

Вале вақте, ки матлабро аввалин шуда дар дигар саҳифаҳои фейсбук дигарон чандборӣ чоп карданду атрофаш бо иштироки шахсиятҳои маъруф баҳсу мунозира шудаасту инро ҳафтанома нодида мегирад ва ё дида наметавонад, ман инро фаҳмида наметавонам. Оё мумкин набуд, ки муаллиф баъди дидани матлаб дар саҳифаи фейсбукии банда ҳамон лаҳза ақаллан телефонӣ бо камина дар тамос мешуд ва сабаби нашри мақоларо аз банда пурсон мегардид? Як вазифаи асосии хабарнигор ана дар ҳамин аниқ кардани манбаи хабари мавриди таваҷҷӯҳаш ҳаст.

Баъди тамос шояд банда аз нашри он дар саҳифаи фейсбукиам барвақттар огоҳ мешудаму матлабро зудтар мегирифтам ва ҳафтаномаро аз пештар чоп шудани ин мавод дар дигар саҳифаҳои фейсбукӣ хабардор мекардам? Ҳамбастагии журналистӣ ҳам дар ҳамин аст. Боз такрор мекунам агар матлаб дар сайти «Рӯзгор» www.ruzgor.tj ба нашр мерасид, ё онро худи камина дар саҳифаи фейсбукиам мегузоштам, ё баробари ба чашмам хӯрдан аз саҳифа хориҷ намекардам, ман ин гилаву вокуниши ҳафтаномаи СССР-ро пазируфта метавонистам. Вале чи тавре, ки мегӯянд, «бевафоӣ аз ту шуд, аз мо нашуд».

Аз сӯи дигар чуноне, ки лои хушкро ба девор часпондан ғайриимкон аст, ҳамон гуна симпатияҳои байниҳамдигарии аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» ва журналист Султони Ҳамадро ҷустан ва ё ба чизи набуда ишора кардан ғайривоқеист. Маҳсули қалами камина дар тӯли солҳои рӯзноманигориам худ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Андешаҳоямро дар бораи ин ҳизб дар мақолаи ихтисосии «Таҳрир аст ё таҳдид?» ҳанӯз дувоздаҳ сол пеш («ҳафтаномаи «Мизон» №2, 02.10.2000) гуфтаам ва имрӯз низ дар ҳамон ақидаам устуворам.

Хулоса, ҷонибдори он ҳастам, ки тамоми фаъолиятҳои мо дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷудаи давлат сурат бигиранд ва аз хурд то калон, зану мард, тамоми ақшори ҷомеъа пойбанди қонун бошем. Муоширати мо дар доираи ахлоқи ҳамида бошад. Ба хусус мо, журналистон, дар ибрози фикру андешаҳои худ дурандешу хайрхоҳ бошем. Нисбати фикру андешаи дигарон таҳаммулпазирӣ аз худ нишон диҳем. Навиштаҳои мо бояд мардуми Тоҷикистонро ба ваҳдату иттифоқ биёваранд, на ба парешониву нифоқ.

Гуфтаҳои мо содиқонаву мунсифона ва орӣ аз ғаразҳои шахсӣ, кинояву таҳқир бошанд. Камбудиҳоро ошкор бигӯему ҳимматбаландона пайи ислоҳи он талош биварзем. Айбҷӯиву душманкобӣ накунем. Худро дур аз амбитсияҳо нигаҳ дорем. Расонаҳоро ба манфиати гурӯҳиву хусусӣ, ба хусус маҳал, истифода набарем. Он гоҳ дар ҷомеъа оромишу субот таҳким меёбад, шароити рушди кишвар хубтар мешавад ва мо журналистон, обрӯву иззати бештар пайдо мекунем. Шоир хуб насиҳат кардааст:

Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.

Султони Ҳамад

Бознашр аз ҳафтаномаи «СССР» (№49 (222), панҷшанбе, 6-уми декабри соли 2012)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi