18:06:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29            

ҲАМОИШИ МАСЪУЛОНИ БИ-БИ-СИИ ФОРСӢ БО РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК

Мардуми Тоҷикистон аз Би-би-сӣ ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои хабарии ҷаҳон таваққуъоти зиёде доранд, вале рӯйдодҳо ва таҳаввулоте, ки дар ин кишвар иттифоқ меуфтанд, ба таври боиста дар Би-би-сӣ бозтоб намеёбанд.

/images/stories/2012/08/28_sadeq_saba-280812.jpgИн умдатарин мавзӯъе буд, ки шуморе аз рӯзноманигорони тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 27 август дар як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Би-би-сӣ, аз ҷумла Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, матраҳ карданд.

Ин ҳамоиш ҷузъе аз барномаи ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд, ки қарор аст аз 31 август то 2 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ин нишаст, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти раёсати Акбаралӣ Сатторов, раиси ин иттиҳодия, доир шуд, Ҷеннӣ Нортон, сардабири Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, Дено Таҳмосбӣ, масъули равобити умумии Би-би-сии Форсӣ, ва бархе аз гузоришгарони маҳаллии Би-би-сӣ ҳам ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш, Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, нахуст аз Муҳиддин Олимпур, аввалин хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1998 кушта шуд, ёдоварӣ кард.

Вай афзуд: "Ӯ буд, ки дар ибтидо бахши форсии Би-би-сиро дар ин ҷо роҳ андохт ва мутассифона кушта шуд. Дӯсти бисёр хуби мо, буд, ёдаш гиромӣ бод. Ӯ буд, ки 20 сол пеш кумак кард, ки бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳарчи бештар шинохта шавад."

Сипас, ӯ иттилоъоте дар бораи таърихи фаъъолияти бахши форсии Би-би-сӣ ба унвони яке аз қадимитарин бахшҳои Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ки соли 1940 ифтитоҳ шуд, ироа дод. Баъд аз ин ҷаласаи пурсиш ва посух бо рӯзноманигорони тоҷик баргузор шуд.

"Ташнаи ахбори ҳирфаӣ"

Адолати Мирзо, муассиси нашрияи "Миллат" ва раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон, "Афрӯз", гуфт ӯ аз замоне ки телевизиюни форсии Би-би-сӣ таъсис шуд, яке аз бинандаҳои доимии он буда, чун "воқеъан ташнаи ахбори ҳирфаӣ ва олтернотив бо забони форсӣ будем."

Вале ӯ афзуд: "Мутаассифона, Би-би-сӣ ҳам натавонист орзӯҳои моро бароварда кунад. Бахусус гилояи мо аз он аст, ки воқеъоти Бадахшон, ки тӯли як моҳи ахир ҷараён дошт, дар Би-би-сӣ инъикос наёфт ҳам гӯем иштибоҳ намекунем. Манзур телевизиюни форсии Би-би-сӣ аст, агарчи сойти форсии Би-би-сӣ ин ҳаводисро хеле пӯшиш дод. Бахши русӣ ҳам фаъъол буд."

Ба эътиқоди хонуми Мирзо, тақрибан 100 нафар дар ҳаводиси Бадахшон кушта шуданд ва "ин ҷараёни содае набуд, ки Би-би-сии Форсӣ ба он таваҷҷуҳ накунад."

Дар посух ба ин нукта, Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, гуфт, ки Эрон ба хотири ин ки ҳар рӯз бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъво дорад ва дар Афғонистон як ҷанги дохилӣ ҳаст, таҳаввулоти ин кишварҳо дар Би-би-сӣ бештар мунъакис мешаванд.

Вале ӯ афзуд, ки бахши форсии Би-би-сӣ амдан ё қасдан аз масоили Тоҷикистон, бавижа ҳаводиси Бадахшон дар як моҳи ахир, чампӯшӣ накардааст.

Оқои Сабо гуфт: "Дар мавриди Бадахшон, ман воқеъан мутаассифам, ки мо натавонистем он тур, ки диламон мехост, пӯшиш бидиҳем. Бадахшон масъалаи муҳиммест. Ба ҳар ҳол, баъд аз солҳо дар бахше аз Тоҷикистон даргирии низомӣ буд ва иддае кушта шуданд. Вале мушкили бузурги мо ин буд, ки давлати Тоҷикистон вуруд ба Бадахшонро мамнӯъ карда буд."

Раиси бахши форсии Би-би-сӣ афзуд, ки сойти форсии Би-би-сӣ дар пӯшиши ҳаводиси Бадахшон беҳтар амал карда, чун сойт ба тасвир ниёз надорад, вале барои телевизиюн агар тасвире вуҷуд надошта бошад, дасти хабарнигорон "комилан баста аст."

"Ҷойи Тоҷикистон холист"

Рӯзноманигор Қосими Бекмуҳаммад низ суоле мушобеҳро матраҳ кард: "Агар мо ҳадди ақал аз назари таносуби ҷамъият ҳам бигирем, Тоҷикистон як даҳуми Эрон аст ва мо ин интизорро дорем, ки ба ин таносуб Би-би-сии форсӣ ба Тоҷикистон таваҷууҳ дошта бошад. Чун шароити Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон фарқ мекунад. Мо ин таваққуъро дорем, ки Тоҷикистон ба ривояти Би-би-сӣ ба ҷаҳониён муъаррифӣ шавад."

Оқои Бекмуҳаммад гуфт, ки Би-би-сии Форсӣ бояд барои бозтоби масоили фарҳангӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон, муъаррифии шахсиятҳое, ки дар арсаи фарҳанг, забон ва тамаддун нақш доштанд, бояд талоши бештаре ба харҷ диҳад.

Дар посух ба ин нукта оқои Сабо гуфт, ки хабар дар меҳвари кори Би-би-сӣ аст, вале ин расонаи хабарӣ талош мекунад ба масоили фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ ҳам ба наҳви аҳсан бипардозад. Вай аз ҷумла ба барномаи вижаи "Бузургони Эронзамин" ишора кард, ки дар остонаи Наврӯзи гузашта дар телевизиюн ва сойтҳои Би-би-сӣ пӯшиш ёфт.

Оқои Бекмуҳаммад ҳамчунин гилоя кард, ки дар телевизиюни форсии Би-би-сӣ дар Ландан муҷриёни (гӯяндагони) эронӣ ва афғон фаъъолият мекунанд, вале "ҷойи тоҷикон холист." Дар посух ба ин гилоя оқои Сабо гуфт, ки дар оянда аз Тоҷикистон ҳам як муҷрии барномаҳо барои телевизиюни форсӣ истихдом хоҳад шуд.

Рӯзноманигор Султони Ҳамад ин суолро матраҳ кард, ки оё Би-би-сӣ тасмим надорад барномаҳои родиюии вижаи худ барои Тоҷикистонро дубора аз сар бигирад. Масъулони Би-би-сӣ гуфтанд, ки чунин тасмиме дар назар нест.

Суҳроби Зиё, гузоришгари телевизиюни форсӣ ва раиси собиқи дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ки Би-би-сӣ аз соли 2004 то авоили 2006 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд рӯйи мавҷи ФМ барнома пахш мекард, вале баъдан пахши ин барномаҳо мутаваққиф шуд.

Вай гуфт: "Давлати Тоҷикистон дар симои Кумитаи родию ва телевизиюн аз мо хостанд, ки муҷаввиз бигирем. Вақте мо дар вазорати адлия сабти ном шудем ва дархости муҷаввиз кардем, мақомоти ин кумита гуфтанд, ки шумо як расонаи хориҷӣ ҳастед ва мо наметавонем ба шумо муҷаввиз бидиҳем. Бояд байни давлатҳои Тоҷикистону Бритониё қарордоде имзо шавад."

Оқои Зиё афзуд, ки чун Би-би-сӣ як расонаи давлатӣ нест, давлати Бритониё наметавонист аз номи Би-би-сӣ бо Тоҷикистон қарордод имзо кунад. Ба ҳамин сабаб пахши барномаҳои Би-би-сӣ аз сар гирифта нашуд ва 120 ҳазор дулор сармояи Би-би-сӣ барои харидории фиристандаҳои родию низ дар ихтиёри Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон қарор гирифт.

Фаврият ё диққат?

Дар нишасти матбӯъотӣ бархе аз рӯзноманигорон эродҳое низ дар мавриди фаъъолияти Би-би-сӣ матраҳ карданд. Масалан, Ҳуринисо Ализода, сардабири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", гуфт, ки Би-би-сӣ аз назари фаврият дар ироаи хабар ҷойгоҳи худро дар миёни расонаҳои дигар дар Тоҷикистон аз даст додааст.

Аммо Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ посух дод, ки барои Би-би-сӣ фаврият бисёр муҳим аст, аммо дақиқ будани хабар ё иттилоъ муҳимтар аз он аст.

Вай афзуд: "Албатта, мо диламон мехоҳад, ки дар мавриди хабари фаврӣ аввал бошем, албатта диламон мехоҳад, ҳар рӯзноманигоре, ки мехоҳад бубинад дар Тоҷикистон ё дунё чи хабар аст, аввал биравад Би-би-сӣ. Шумо ҳам дар расонаатон ҳамин интизорро доред. Вале мо дар Би-би-сӣ тарҷеҳ медиҳем, ки дуруст бошем, то аввал бошем."

Аз эродҳои дигаре, ки матраҳ шуд, марбут ба забони гузоришгарии Би-би-сӣ буд. Рӯзноманигор Зайнидин Орифӣ иброз дошт, ки Би-би-сии Форсӣ дар сафҳаи сириллики худ вожагоне мисли "филулужӣ"-ро ба кор мебарад, ки ба эътиқоди ӯ, бисёриҳо дар Тоҷикистон намефаҳманд.

Дар посух ба ин эрод, оқои Сабо гуфт, ки Би-би-сӣ ҳамеша талош ба харҷ медиҳад, ки дар ин замина эътидолро риъоят кунад. Ба гуфтаи ӯ, забони Би-би-сӣ барои табақаи мутавассити таҳсилкарда дар назар гирифта шуда ва хабарнигорон бояд саъй кунанд, ки забонашон барои мардум мафҳум бошад.

Зимнан, фаъъолияти Бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аз ҳудуди 20 сол пеш, дар замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ шудааст. Барномаи родиюии "Маҷаллаи Осиёи Миёна", ки Би-би-сӣ солиёни зиёде пахш мекард, дар соли 2008 мутаваққиф шуд.

Ҳоло Би-би-сии Форсӣ ҳаводис ва таҳаввулоти Тоҷикистонро бештар дар телевизиюни форсии Би-би-сӣ ва дар сафаҳоти форсӣ ва сириллики худ бозтоб медиҳад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi