16:11:30 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

БУЗУРГМАРДЕ, КИ БА ОЯНДА МУТААЛИҚ БУД-1

Ёздаҳ сол муқаддам дар ин шабу рӯзҳо бузургтарин устоди журналистикаи тоҷик Отахони Латифӣ тирборон карда, ба қатл расонида шуд.

«Қатли Латифӣ – огаҳии навбатӣ буд ба касоне, ки барои Тоҷикистон, дар ҳақиқат, нумуву шукуфоӣ хоҳон буда, огаҳии ҷиддӣ буд барои ҳар каси мағздору баистеъдод, ки потенсионали рӯҳониашро барои меҳану ватан бахшидан мехост. Ва онҳое, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати худро пиёда карданӣ мешуда, бо будани Латифӣ барин ашхосе эътиборашон ба шубҳаву гумон мефитод-мехостанд баъзе касонро таъкид бикунанд ва тарс диҳанд, ки шуморо низ ҳамон қисмати фоҷиабор интизор бошад, ки Латифӣ онро чашида; варна фаромӯш накунед: болои гӯрпуштаҳои Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Муҳиддин Олимпур ва басо шахсиятҳои дурахшону дигари Тоҷикистон аллакай чандин сол боз сабзаҳо рӯида ва хушк гардида…»

ҷодиёти Латифӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни тоҷикон мемонад.

-Оё пайкараи Латифӣ дар Қӯрғонтеппа гузошта мешавад?

-Дар аввалин нишасту гуфтушуниди нерӯҳои даргири тоҷикон, ки мақсадаш ба ҳам омадан буд ва дар Маскав баргузор гардида буд, устод Латифӣ сарварӣ намуд.

Иншо кардан барои ман ягон маротиб ин ҳад душворӣ надошт. Барои он, ки ҳеҷ гаҳ зарурат пеш наомада буд иншо карда бошам доири чунин шахсияти беҳамто ва нотакрор. Латифӣ аз ҷумлаи чунин фардон буд. Душворӣ боз дар он бошад, ки бинвисам бояд доири замони гузашта ва фарди рафта: Латифӣ зиндагӣ карда буд, эҷод намуда, мубориза бурда... Ва ҳамааш барои ватани худ ва меҳани азиз… Тоҷикистонро дӯст медошт беҳад. Акнун хотираи нек аз вай монда, ки хизматҳои бебадалаш бошад назди меҳан ва ҳамчунин мероси эҷодиаш бошад, ки бар мо расида.

Аслан пештар ҳам кӯшиш ба харҷ дода будам доири вай чизе иншо бикунам. Бори аввал дар марти соли 1996, вақте ки вай шастсола мешуд. Вале он вақт ҷое ёфт нашуд, навиштаро ба нашр расонам. Нигоштаи худро аз ин ҷо—аз Алмаато ба Тоҷикистон-ба ягон рӯзнома фиристодан ҳам маънӣ надошт. Ва ягон рӯзнома он замон ҷуръат намекард доири ҷашни мухолиф (опозитсионер) ёдрас шавад. Шастсолагии Отахон Латифӣ ҳамин тур ноайён бигзашт.

Амсоли панҷоҳсолагиаш:-агар ба эътибор нагирем нашр шудани хабари кӯчаки ТоҷикТА-ро (агентии итиллоотиро), дар он айём, дар рӯзномаҳои ҷумҳӯр: «Барои солҳои тӯлонӣ дар матбуот пурсамар кор карданаш мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» Отахон Латифӣ, бахшида ба панҷоҳсолагӣ, бо ифтихорнома мушарраф гардонда бишавад». Ғайри ин дигар чизе ҳам набуд. Ҳукумат дандонашро ба ҳам фишӯрда, бо ибораҳои қолабӣ, риёкорона, хизматҳои варо чунин «қадр» карда буд. Ва ягон тантана ҳам набуд нисбати панҷоҳсолагии журналисти номии кишвари азамати Шӯро ва ягон нигоштаи дигар ба нашр нарасид доири хизматҳои арзандаи Латифӣ. Бармеомад, барои ин имкон надодаанд.

Ҳарчанд он солҳо расм буд зодрӯзи одамонро бо тарзи мутантан қайд кунанд. Ва зиёд ба мушоҳида мерасид, дар толорҳои азим шоиру нависандаву журналисти шинохта ва ҳатто гумноме, ба шарафи мавлуди худаш одамонро гирд меовард. Ҷамъ меовард, ки доири худаш тавсифҳои мутантан бишнавад. Ба чеҳраи гул-гул шукуфои чунин соҳибҷашн назар дӯхта, хандаи кас меомад, ҳамчунин дилро ғаму ғӯсса мекашид. Бисёри онҳо медонистанд, эҷодашон хонанда ва ҳаводори кироӣ надорад ё умуман ҳаводор надорад, барои ҳамин бо василаи базми мавлудона ба худашон шӯҳрату шон ва эътибору обрӯ зам карданӣ мешуданд.

Латифӣ бошад, ҳаргиз Латифӣ намебуд, гар ҷамъомад, ё маърака меорост, ба шарафи худаш. Аслан журналисте, ки номаш вирди забон буд, инсоне, ки доираш қиссаву ривоят густариш меёфт, ба тантанаи расмии назарфиребона ягон зарра ҳам ниёзмандӣ ва мӯҳтоҷӣ надошт. Истеъдоди беҳамтои қаламкашӣ, сатҳи баланди фитрату тамиз варо фарди шӯҳратёри диёр карда, кайҳо ба рамзи ҳақиқату ҳақиқатпарастӣ бадал дода буд.

Дар ҳама айём ба ягон нафаре шабеҳ ва монанд набуд Латифӣ. Наметавонист монанд ҳам бошад. Хатмкардаи факултаи журналистии Донишгоҳи Ленинград (Санкт-Питербург), дар оғози даҳаи шаст, муддати кӯтоҳ дар яке аз рӯзномаҳои русизабони ҷумҳурии Тоҷикистон шуғли вазифа кард. Аз навиштаҳои вай ба тани муҳаррири рӯзнома, бе шаку шубҳа, ларза ва рашъа медавид. Зеро тарзе, ки Отахон менигошт ва сабт мекард он замон навиштан умуман расм набуд, ё иҷоза набуд. Ниҳоят муҳаррир дигар тоб наоварда, ҳукмашро эълон намуд: «Шумо ҳаргиз журналист намешавед! Барои худ кори дигаре ҷустуҷӯ кунед!»

Вале журналист будани худашро исбот намуд Отахон барқсон. Очерки «Помир без эмоции» варо мухбири махсуси мӯътабартарин рӯзномаи давр «Комсомольская правда» гардонд барои тамоми қаламрави Осиёи Миёна. Баъдан шонздаҳ сол расми вай ҳамчунин дар тахтаи ифтихории «Беҳтарин мухбирони махсуси мо» дар идораи рӯзномаи «Правда» овезон буд.

Латифиро ҳар дафъа, ҳамчун журналист ёд оварда, худамро сари андешае дармеёбам, ки бешак таърихи Тоҷикистони муосир буд эҷодномаи вай. Ва ин таърихест, ки бояд донист. Онҳо санадҳои таърихие бошанд, ки ҷамъоварӣ бояд кард. Бигзор чанд ҷилде нашавад, интишор бояд дод. Бигзор дар асоси чунин маводҳо журналистони нав зиндагӣ ва тарзи навиштанро биомӯзанд.

Эҷод рукни ҷовидонӣ ба ҳисоб меравад. Ва маҳсули муаллифони зубдаистеъдод баъди қарнҳо низ ҳамчунин ҳаводору эътиқодманд дармеёбад. Маводҳои рӯзнома-ба назар мерасад, умри дарозо надоранд, зеро журналист маҷбур аст доири масоили доғи рӯзи гузарон бинвисанд. Вале рӯзномаҳои кӯҳнашудае низ ҳастанд, ки даст ба даст мегарданд, агар дар онҳо чизи ҳаяҷоновар ва нотакрор ба чоп расида бошанд. Чунин шуда буд борҳо дар Тоҷикистон бо рӯзномаи «Правда», чун дар саҳфаи он маводе ба нашр мерасид бо имзои Отахон Латифӣ.

Дар ҳамин буд махсусияти эҷодиёти ин фард: ҳатто чопкардаҳои кӯчаки вай дар хотир басо тулонӣ мемонданд. Худи ман метавонам аз ҳофизаам зикр бикунам даҳҳо чопшудаи варо-аз маводҳои азими таҳлилӣ то лавҳачаи кӯчак, вале хотирмону мунавваре. Солҳои зиёде гузашта аз ун айём. Иттиҳоди давлатҳои шӯравӣ пора шудаанд. Вале бисёр мақолаҳои Латифӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накарданд, балки ба аҳамияти хос моликанд.

Ӯ далелҳоро на танҳо, меомӯхт, балки пажӯҳиш мекард. Истеъдоди беҳади таҳлилгарӣ, зеҳну хиради беҳамтои вай имкон медод, аз далелу санади гоҳе кӯчак рӯйдод ва падидаи ҳозира ва ояндаро дарк кунад. На як бору ду бор шоҳид будам, чӣ хел тӯлонӣ мавод ҷамъ меовард, ҳатто барои мақолаҳои кӯчаке. Ва ҳайрон мешудам, чӣ зарурият дорад ин ҳама омӯзиши тӯлонӣ? Вале баъди муддатҳое, вақте дар «Правда» очерки Латифиро мехондам (масалан бо номи «Платина») мефаҳмидам, ки навиштаи Латифӣ баъди панҷ-даҳ сол ё понздаҳ сол ҳамчунин бетаъсир намемонад ва фарогирие дорад барои ояндаҳои дуре.

Масъалаи иншоотҳои азими барқӣ-обиро зиёда аз бист сол таҳқиқ кардааст вай; ҳанӯз аз солҳои шастум силсилаи мақолаҳояш марбути ин ба нашр мерасиданд. Охир, вай таъсисгари «Эстафетаи коргарӣ» буд, ки боис гардид Норак пеш аз вақт бунёд бишавад. (Очерки «Сарбанд» ҳам натиҷаи тадқиқоти чандинсола буд). Истеъдоди нурбора ва қавӣ, вале серғунҷоиш ба вай имконият медод, маводи таҳқиқии азимеро, ки барои он чанд соли умраш масраф шуда, дар як саҳифаи рӯзнома ҷой дода битвонад.

(Идома дорад)

Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ.

(Алма-Ато, Қазоқистон)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi