15:26:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Ин дафъа нашрияҳои Тоҷикистон, ки ҳафтае як маротиба ба нашр мерасанд, рӯзи 20 август, яъне ду рӯз қабл аз шурӯъи моҳи шарифи Рамазон ба табъ расиданд. Аз ин рӯ мӯҳтавои асосии матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Тоҷикистон асосан ҳамин мавзӯъи моҳи мубораки Рамазонро дар бар мегиранд. 

Ҳафтаномаи «Миллат» зери рубрикаи анъанавии худ «Миллат ва Ислом» мақолаи Виркан Музаффарпур, мутахассиси пешбари Маркази Исломшиносии назди Президенти ҶТ-ро таҳти унвони «Чаро Рамазон дер меояд?» ба чоп расондааст, ки дар мақола муаллиф аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки тибқи мушоҳидаҳои ӯ мусалмонони кишвар имсол ҳам дар масъалаи рӯзи оғози моҳи мубораки Рамазон байни худ ихтилоф доранд. Азҷумла ӯ менависад: 

«Чун анъана имсол низ мувофиқи тақвиме, ки Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳафта қабл пешкаши мусалмонони кишвар гардондааст, моҳи шарифи Рамазон барои мардуми мо бо як рӯз таъхир оғоз меёбад. Дар ҳоле, ки давлат ва ҳукумат барои ҳарчи камтар шудани ихтилофот дар асоси эътиқодоти динӣ ва мазҳабӣ низ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, чунин номувофиқиҳо ҳар сол то андозае байни мусалмонони ҷумҳурӣ нофаҳмиеро ба миён меорад. Ман хуб огоҳ ҳастам, ки қисмате аз аҳолӣ як рӯз пештар ба рӯзадорӣ оғоз мекунад ва иди Рамазонро низ пештар ҷашн мегирад. Имрӯз зарурати он расидааст, ки ин масъала то ба охир дақиқу равшан гардида, ба он нуқта гузошта шавад».

Аммо дар навиштаи Саъдии Юсуфӣ таҳти унвони «Чанд ҳилоли як осмон», ки низ дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидааст, таваҷҷӯҳи хонандагонро ба ихтилофи дигари миёни мусалмонони кишвар вуҷуддошта дар иртибот бо моҳи шарифи Рамазон ҷалб менамояд. Тибқи ин навишта мусалмонони кишвар ҳоло дар дасти хеш ду намуд тақвими моҳи шарифи Рамазонро доранд. Ин тақвимҳоро Маркази Исломии ҶТ ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тартиб додаанд. 

Саъдии Юсуфӣ азҷумла менависад: «Гарчанде ин ду тақвим оғози моҳи Рамазонро 22-уми моҳи август зикр намудаанд, вале дар соатҳои саҳархӯрӣ байни тақвими ҲНИТ ва тақвими Маркази Исломӣ тақрибан тафовути 20 дақиқа ба мушоҳида мерасад. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломӣ дар сӯҳбат бо «Миллат» иброз дошт, ки онҳо ба такя ба ҳисобдонҳои варзида, тақвими худро омода намудаанд ва аз дидгоҳи онҳо тақвими ҲНИТ 20 дақиқа саҳархӯриро иштибоҳ гирифтааст. Яъне субҳ зудтар аз ончӣ дар тақвими ҲНИТ нишон дода шудааст, фаро мерасад. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои уламои ҲНИТ дар сӯҳбат бо «Миллат» гуфт, ки онҳо низ ҳисоботи хоси худро доранд ва кори кардаашон аз назари онҳо дуруст аст».

Дар ҳамин ҳол агар баъзе нашрияҳо, азҷумла «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Нури зиндагӣ», «Пайкон», «Миллат» (замима) тақвими тартибдодаи Маркази Исломиро дар саҳифаҳои худ чоп карда бошанд, нашрияҳои дигар аз қабили «Наҷот» (замима), «Фараж», «Азия Плюс» тақвими тартибдодаи ҲНИТ-ро мунташир сохтаанд.

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ таҳти унвони «Нархҳои «рамазонӣ» фармоишианд?» дар саҳифаи аввали хеш матлаберо ба нашр расондааст, ки дар он аз баландшавии нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Душанбе ибрози нигаронӣ кардааст. «Мушоҳидаҳо аз бозори «Саховат» касро ба андеша водор месозад. 

Зеро дар арафаи моҳи муқаддаси Рамазон масъулини бозор корро баҳри хизмати шоиста расонда ба аҳолӣ ба таври бояду шояд ташкил карда натавонистаанд… маҳз ҳамин муносибат ҳаст, ки нархи маҳсулоти озуқавориро «тоҷирони баландҳиммат»-и бозори «Саховат» дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба маротиб боло бардоштаанд»-, навиштаанд муаллифони мақола.

Мавзӯи дигаре, ки ин ҳафта мавриди таваҷҷӯҳи журналистон қарор гирифтааст, ин инъикоси паҳлӯҳои норӯшани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 мебошад. Ҳафтаномаи «СССР» дар шумораҳои қаблии хеш ёддоштҳои духтари лидери «Фронти Халқии Тоҷикистон» Сангак Сафаров Гулҷаҳон Сангакзодаро ба нашр расонда буд, ки дар он сабаби аз сӯйи Сангак Сафаров ба қатл расидани Ҷиёнхон Ризоев, собиқ раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб тибқи назари муаллиф баён шуда буд.  

Дар шумораи ахири «СССР» посухи Анвар Муродов, бародари Ҷиёнхон Ризоев дар робита бо ин қатл ва зиндагиномаи ӯ матлабе таҳти унвони «Таърихчаи қатли Ҷиёнхон Ризоев- раиси вилояти Кӯлоб» чоп шудааст, ки дар он муаллиф аз обрӯйи бародари хеш дифоъ кардааст.

Мақолаи Гулҷаҳон Сангакзода боиси вокуниш дар дигар расонаҳо низ гардидааст. «Озодагон» дар ин робита нусхаи мактуби саркушодаи яке аз ҳаммаҳбасони Сангак Сафаровро бо номи Сайфуллобеков Азиз, ки соли 1992 дар рӯзномаи «Бадахшон» чоп шуда будааст, 17 сол баъд бори дигар ба таваҷҷӯҳи хонандагон мерасонад.

Нашрияи «Озодагон» дар шумораи ахираш чопи мақолаи Толибшоҳи Сайидзода «Генералҳои оппозитсия: Тақдирро чӣ тадбир бояд?!» бо чунин ҷумлҳо ҷамъбаст кардааст: « Чун имрӯз вазъи пурташаннуҷи минтақаро мебинам андеша мекунам, бояд мо генералҳои худро эҳтиёт кунем, чӣ он афроде, ки дар канори ҳукумат ва чӣ онҳоеро, ки як замоне дар ҳайати Иттиҳоди Мухолифин буданд. Генерал-қумондонҳои ду ҷониб ҳама тоҷик ва дорои эҳсосу ифтихори баланди миллӣ ва ватанхоҳӣ буданд. Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро бадхоҳони дигар қавму миллатҳо агар дуртар бошанд, бадбахтона ҳасудону душманони тоҷик дар ҷавораш мезиянд. Бештари генералҳои собиқ Иттиҳоди Мухолифини тоҷикро тақдири шум ва сарнавишти мӯҳлик насиб гардид ва аз сели фитнау балои замон то кунун эмин мондаҳояшро Худо нигаҳбон бошад, ба хотире, ки онҳо ҳама тоҷик ва фарзанди ҷоннисори ҳамин хоку обанд». 

Ҳафтаномаи «Пайкон» бошад дар мақолаи давомдори худ таҳти унвони «Террори додситони генералӣ» ният кардааст, ки асрори куштори Нуруллоҳ Ҳувайдуллоевро мавриди таҳқиқ қарор дода онро барои хонандагонаш ифшо созад.

Баҳси «Босмачӣ ватанхоҳ буд ё хоин?» ин ҳафта низ дар бархе аз нашрияҳо идома пайдо кард. Ҳафтаномаи «СССР» таҳти рубрикаи «Ду назар ба як мавзӯъ» мақолаҳои аз ҷиҳати мазмун ба ҳам мухолифи «Бобои ман босмачӣ набуд!» ва «Босмачиҳо магар ватанхоҳ буданд?» ба табъ расондааст. Мақолаи Давлати Шоҳэътибор «Босмачӣ қаҳрамон аст!» дар нашрияи «Фараж» аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он дар бораи зиддиятҳои байнихудии мардуми солҳои 30-юм, ки дар манотиқи сарҳадӣ зиндагӣ мекарданд, иттилооти пандомӯзе додааст. 

Дар охири мақолааш Давлати Шоҳэътибор дар ҷавоб ба онҳое, ки босмачиёнро асосан ӯзбек муаррифӣ мекунанд, чунин посух додааст: «Ҳоло қисме бо далелҳои «пантуркизм», «роҳзан» ва ғайраву ҳоказо мехоҳанд гӯянд, Муҳаммад Иброҳимбек қаҳрамон нест. Ман ба ин қабил шахсон бовар надорам. Ба ақидаи ман аз он рӯзе, ки лақайҳову ӯзбекон ба дини ислом гаравида, мазҳаби Имоми Аъзамро пуштибонӣ карданд дар қатори тоҷикон худро муваззаф барои ҳимоя аз ин марзу бум донистаанд. Қиёфаи Муҳаммад Иброҳимбек ҳеҷ гоҳ далели он, ки ӯ роҳзан буд, будаву шуда наметавонад. Ба андешаи ман аз он ки сурхҳо аз номи Иброҳимбек меҳаросиданд, басанда аст, ки бо номи ӯ ҳамагон ифтихор дошта бошем».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi