15:27:02 01-уми Июли 2025 сол

АКБАРИ САТТОР: “НАМЕТАВОНАМ ДАР САФИ ОППОЗИТСИЯ БОШАМ” - Qismati 2

Чаро раисиҷумҳур танқид намешавад?

-Шумо гуфтед, ки худи раисҷумҳур мехоҳад матбуот боҷуръаттар бошад ва зиёд танқид кунад, то буғи ҷомеа барояд. Пас, барои чӣ расонаҳои мо худи раисҷумурро интиқод намекунанд?

-Фикр мекунам ин худсонсурӣ ҳам ҳаст. Аз тарафи дигар ин як одоби хонаводагии мо аст, ки мегӯяд ба шахси аввали оила, ба падар ва ё модар чашм ало накун, гапи баланд назан. Аммо ба худи роҳбар ҳам нарасанд, аз ҳукумат аз нафарони аввали роҳбарият танқид кардан алакай худ интиқоди ҳукумат аст, ки рӯзномаҳои мухталифи мо ин корро мекунанд.

ӯиё бо роҳҳову усулҳое ба сармуҳаррирон ва муассисон мегуфтаанд, ки хуб интиқод кунед, аммо президент бояд истисно бошад. Шумо, ки роҳбари ИЖТ ва соҳиби чанд ҳафтанома ҳастед аз чунин сӯҳбатҳо огоҳӣ доред? Ё ҳанӯз ҳам сарнавишти “Рӯзи нав” намегузорад, ки ҷуръати интиқод пайдо шавад?

-На дар фаъолияти рӯзноманигориам ва на дар рӯзномабарориам боре ҳам нашудааст, ки паси парда нишаста, чунин сӯҳбате карда бошем. Ин ҷо ҷуръат лозим нест, ин тарбияи шарқии мост. Ҷуръат он вақт пайдо мешавад, ки касбият баланд бошад. Ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан” ва “Пайкон” мушкилоти молӣ доштанд. Вақти аз чоп мондани “Рӯзи нав” ман раиси ИЖТ набудам.

-Дар бисёр сафарҳои хориҷа роҳбари кишварро ҳамроҳӣ  мекунед. Раисиҷумҳур бо Шумо, ки роҳбари ИЖТ ҳастед, аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мепурсад ё ӯ ҳам ба он чизе, ки дар телевизиони тоҷик нишон медиҳанд, бовар дорад?

-Чанд боре, ки бо президент дар сафарҳои сатҳи давлатӣ будам, ман ба ҳайси як рӯзноманигори оддӣ, на ба ҳайси раиси ИЖТ ширкат доштам. Боре ҳам нашудааст, ки ман дар ҳайати расмӣ ба унвони раиси ИЖТ сафар карда бошам. Баъдан ин сафарҳо фурсате ҳам намедиҳанд барои чунин сӯҳбатҳо.

-Дар даруни ҳавопаймо ё вақти истироҳат намепурсад, ки Акбаралӣ чӣ ҳол дорӣ?

-Ин кори шахсӣ аст ва ба кори рӯзноманигории ман ҳеҷ дахолат надорад.

“Нияти депутатшавӣ надорам”

-Барои чӣ Акбари Саттор, ки ин қадар ҳафтаномаҳо дорад, ба қавле як рӯзномаи “ҷиддӣ” нашр намекунад?

-Шояд ин суханонро касоне мегӯянд, ки аз муҳтавои ҳафтаномаҳои ман бехабаранд ва ё намехонанд. Ҳамин ҳафтаномаи “Авитсена”, ки дар бораи саломатӣ менависад, барои ман кори ҷиддӣ аст. Ҳар ҳафта дусад-сесад нафар кӯдакон меоянд, барои ман ин ҷиддӣ аст. Ман мақсади сиёсӣ надорам. Яъне мақсади депутатшавӣ, мақсади ба нерӯҳои сиёсӣ ва ё ҳукумат ворид шуданро надорам. Баръакс, ман сиёсати имрӯзаи давлатро дар ҳамин шакл дастгирӣ мекунам ва ман наметавонам дар сафи оппозитсия бошам. Аммо ҳамчун журналист дар ҳафтаномаҳои мо ҳам аз камбудиҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз кадрҳои нолоиқ менависанд. Ман аз аввали соли 90 фаъолияти рӯзноманигориро сар кардам, маро барои кор кардан ба рӯзномаи “Чароғи рӯз” ҳам даъват карданд. Ман гуфтам, ки ман наметавонам. Ман одами дар чаҳорчӯбаи қонун ҳастам.

-Шумо гуфтед, ки дигар намехостам дар вазифаи раиси ИЖТ кор кунам, аммо зиёд хоҳиш карданд ва ман маҷбур шудам, ки онро боз ба зиммаи худ гирам. Киҳо маҷбур карданд?

-Аз раёсати пешинаи ИЖТ, Нур Табаров, Мирзоҳаёт Давлатов ва дигарон. Имрӯз ҳам аз ҷониби худи рӯзноманигорон ҳамин хел хоҳиш шуд. Бо ҳукумат бошад, мо ягон сарукор надорем, ба ғайр аз андозсупорӣ.

Мавзӯъи арӯсу хушдоман дигар харидор надорад

-Ба унвони як шахси соҳибтаҷрибаи соҳаи матбуот фикр мекунед, ки имрӯз кадом мавзӯъҳо бозоргиранд?

-Агар медонистам, шояд, ки рӯзномаҳоям хеле бозоргир мешуданд. Ба фикри ман имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон интизори матолиби таҳлиливу ахбори дақиқ аст. Бо мавзӯъҳои сабук наметавон бозоргир шуд. Сифати баланд, таҳлилҳои боқувватро ҷомеа аз мо журналистон интизор аст. Дар он даврае, ки мо корро сар кардем, давраи бӯҳрониву ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ба ин мавзӯъҳо дигар ҷомеаро ҷалб кардан намешавад. Мардум имрӯз он ахбореро интизоранд, ки ба дарди имрӯзаи онҳо бархӯрад.

Дар бораи Инсоф...

-Фикр намекунед, ки барои рӯзноманигорони тоҷик таъсиси як «профсоюз» ва ё иттиҳодияи синфӣ зарур аст?

-Бархӯрди манфиатҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳатто дар сари таъсиси ҳамин кооператив ё Хадамоти алтернативии Почта, ки бо сармояи хориҷиҳо бояд ба фаъолият оғоз кунад. Ман ҳамеша такя мекунам ба инсоф. Ба инсофи онҳое, ки ҳоло вориди раёсат шуданд ва панҷ сол бо онҳо кор мекунам. Агар дидаву дониста аз ҳуқуқи як журналист дифоъ накунем, пас, ин роҳбарии мо чӣ маъно хоҳад дошт ва инсоф дар куҷо мемонад. Шояд, ки дар оянда Иттифоқ ба як созмони тавоно мубаддал гардад. Аммо ҳозир аз ин одамҳо хеле чизҳо вобаста аст.

Масалан, ҳоло ки Нуриддин Қаршибоев, Зиннатулои Исмоил ва Хуршеди Атовулло, ки ҳар кадоме созмонҳои дигари журналистиро роҳбарӣ мекунанд, вориди раёсат шуданд, метавонанд рисолати ин иттиҳодияро низ ба анҷом расонанд. Барои мисол, агар дар мавриди масъалае ихтилофи назар буруз кард ва дар Иттифоқ гапашон нагузашт, онҳо метавонанд ба воситаи созмонҳои худ сухани худро бигӯянд. Бубинед, ҳоло масалан рӯзи 11 март -рӯзи Иди касбии рӯзноманигорон боиси ҷангҷолҳои зиёд мешавад.

Ин рӯз ба ҷои он ки мардумро муттаҳид кунад, баръакс ҷудоӣ меоварад. Журналистҳо ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо шудаанд. Ман дар 5 соли кор  инро мушоҳида кардам. Масалан, чорабинии асосиро дар ин рӯз вазорати фарҳанг доир мекунад ва мо онҳоро танҳо ҳамроҳӣ мекунем. Ҳоло бо ҷамъ овардани масъулини созмонҳои рӯзноманигорӣ ин ҷашнро минбаъд худи рӯзноманигорҳо метавонанд ба даст бигиранд. Мо ҷудо нашавем, ҷудо накунем, чун иди касбии мост. Вале ҳоло ҳамин тавр аст.

Ҳамкорӣ: Аз САҲА то Талко

ӯли панҷ соли фаъолият дар раъси ИЖТ ҳамкориро бо созмону муассисаҳои дохиливу хориҷӣ чи гуна ба роҳ мондед, оё онҳо кӯмак карданд?

ӯли ин панҷ сол мо ҳамкориҳои зиёд доштем, ҳам бо созмонҳои байнулмилалӣ, сафоратҳо ва низ ниҳодҳои давлатӣ. Ҳамкориҳои мо бо САҲА, сафорати Амрико ва Бритониё, созмони Интернюс нетворк ва аз ниҳодҳои давлатӣ каму беш бо Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир ва Идораи бозрасии давлатӣ ё  ГАИ.

-Бо корхонаи Талко чӣ?

-Бале, бо Талко низ барномаҳои ҳамкориро рӯи даст дорем, аз ҷумла як лоиҳаи якҷояро пиёда кардем. Фаъолияти  котибони матбуотии вазорату идораҳо  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

-Ба унвони яке аз соҳибрӯзномаҳо, ки дар бозори матбуот фаъолият доред, метавонед бигӯед, ки болотарин тиражи нашрияҳои Шумо дар кадом солҳо иттифоқ афтода буд?

-Болотарин тиражро нашрияи «Дайджест-пресс» дошт, ки ин шумора то соли 2000 идома кард, яъне то саду бист ҳазор ва баъдан «Чархи гардун», ки то 80 ҳазор  нусха мунташир мешуд.

Шоколадро мехарад, нашрияро не

-Ҳозир чаро чунин нест?

-Дар ҳар намуди тиҷорат аз ҷумла дар тиҷорати рӯзнома ҳам чанд омил нақш мебозад. Яке омили нуфус ва ё шумори аҳолӣ аст. Масалан агар аҳолии кишвар 10 миллион бошад, шояд 100 ҳазор нашрия чоп шавад. Аммо имрӯз мардуме, ки мехоҳад бихонад, пул надорад, вале онҳое, ки пул доранд ба мутолиа рағбату завқ надоранд. Дар маҷмӯъ теъдоди ҳама рӯзномаҳо кам аст. Мо бояд нархро поин барем ва арзон кунем. Аммо нарх он вақт арзон мешавад, ки тираж боло бошад ва реклама дошта бошем ва ё коғаз арзонтар дастрас шавад.

Ин ҷо мехоҳам аз таҷриба як чизеро бигӯям. Мо як нашрия дорем бо номи «Аладдин», аз соли 1999  чоп мешавад, ба таври ранга ва бо забони русӣ. Баъдан мо нусхаи тоҷикии он «Анӯшервон»-ро таъсис додем. Метавон гуфт нусхаи тоҷикии «Аладдин». Ҳарчанд талош мекунем «Анӯшервон» аз як ҳазор дона зиёд намеравад, дар ҳоле ки «Аладдин» то 12 ҳазор нусха чоп мешавад. Ҳатто ба мактабҳо рафта ташвиқот ҳам кардем, нашуд. Мардуми мо ба тарбияи маънавии кӯдак чандон эътибор намедиҳад.

Масалан, як шоколади 3 сомониро мехарад, аммо нашрияи 1 сомониро намехарад. Ҳоло баъзе аз ҳамватанони мо хонаҳои бошукӯҳ сохтаанд, дар баъзеаш будам. Гаронтарин ҷиҳоз харидорӣ шудааст, аммо барои мутолиаи фарзандон шароите, ки бояд бошад, фароҳам нест. Ба кӯдакҳо телефонҳои гаронбаҳо мехаранд, аммо нашрия намехаранд. Ҳоло ин пулдорҳои мо ашрофзода нестанд. Барои шаҳрӣ шудан чанд насл бояд иваз шавад. Барои он ки сокини пойтахт бошиву шаҳрӣ шавиву тафаккури шаҳрӣ дошта бошӣ, бояд чанд насл иваз шавад.

Тафаккури мо ҳанӯз деҳотӣ аст...

Як вақт Сайёфи Мизроб назди ман омаду гуфт, биё, як нашрия мекушоем, ту маблағгузорӣ кун, номашро мегузорем “Элита”. Гуфтам “Элита”-ро барои кӣ нашр мекунӣ? Гуфт барои элитаи худамон. Ман гуфтам, ки мо дар куҷо элита дорем: на элитаи сиёсӣ, на фарҳангӣ ва на иқтисодӣ дорем. Нест, надорем. Оне, ки мо дирӯз аз қишлоқ омадем, соҳиби мошин, ҷои кор, хонаву пул ва пойтахтнишин шудем, маънои элита буданро надорад чун тафаккури мо ҳанӯз қишлоқӣ аст. Мо хонаҳоямонро имрӯз таъмири зебои аврупоӣ мекунем, дар тақлиду пайравӣ он чизеро аврупоӣ пӯшад, пӯшида истодаем, лекин тафаккурамон ҳамоно музофотӣ боқӣ монд.

Он урфу одатеро, ки дар қишлоқ доштем гирифта бо худ овардаем. Ҳар кас аз деҳае худ як расмеро овард ва инҷо шуд шаҳр. Ҳама корамон нимкора:- нимакоммунист, нимисломист, нимҷангзада ва нимашаробӣ ва  ҳамааш омехта шудааст. Дар журналистика ҳам ҳамин тавр аст. Барои онки ин ҳама имрӯз пулро диданд. Мо ҳатто муносибат бо пулро ёд нагирифтаем. Бубинед, чаҳор сум пул меёбад, муносибаташ тамоман дигар мешавад. Журналистҳои мо ҳам ҳамин хел. Дар журналистика ҳам тафаккури Шӯравӣ ба тиҷорат омехтааст. Аз як тараф мехоҳад тиҷорат кунад аз тарафи дигар тафаккур тафаккури кӯҳна. Ман шахсан худам будам журналисти оддӣ, будам муҳаррир, будам муассис. Ин се нафар аст, се нафари алоҳида. Ман ҳамчун журналисти оддӣ барои ҳар як ҷумла ва калимаам мубориза мебурдам.

Мо дар ҷаласаҳо ҳамон ба истилоҳ “пятиминуткаҳо” мақолаамонро мефурӯхтем. Мавзӯъ пешниҳод мекардем. Далел меовардем, исбот мекардем, ки чаро ин мавзӯъ бояд навишта ва чоп шавад. Ҳозир ман маҷбур мешавам, ки фикр кунам ва мавзӯъ диҳам. Чаро ман бояд мавзӯъ диҳам. Ҳозир ман кордиҳанда нестам. Ҳоло ман як майдонча медиҳам, ки журналист пул кор кунад: ҳам ба худаш, ҳам барои ман. Ин аст фаҳмиши бозор. Бубинед, чи хеле пештар ҳам гуфтам, ду сол мешавад мо наметавонем ҳамон кооператив ё Хадамоти алтернативии Почтаро роҳандозӣ кунем. Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки манфиатҳо бо ҳам бархӯрданд. Бояд манофеи гурӯҳи калони соҳибрӯзномаҳо, ки дар таъсиси он масъулият дорем, ба ҳам ояд, намеояд.

Зеро намехоҳанд дар баробари нашрияи онҳо рӯзномае, ки  нав таъсис ёфтааст, фурӯхта шавад. Лекин шарти хориҷиҳо, онҳое, ки ин лоиҳаро сармоягузорӣ мекунанд, маҳз чунин талабот дорад. Яъне, ду сол аст мо баҳси журналистӣ дорем, на тиҷоратӣ. Журналист ҳамеша мушкилот мекобад ва онро матраҳ мекунад, тоҷир бояд онро ҳал кунад. Сухани охир аз тоҷир аст. Ман аз кӯдакиам дар мағоза бузург шудаам. Падарам дӯкони сайёр (автолавка) дошт. Аз кӯдакӣ даруни пул калон шудам, ҳарчанд пули мо набуд, пули давлат буд. Мо пул ҳисоб мекардем, ҳар ҳафта 20-30 ҳазор, дарза-дарза пулро падарам ба бонки давлатӣ месупорид.

Чашмам сер буд. Се соле, ки дар Санкт-Петербург мехондам шабҳо кор мекардам, рӯз дарс мехондам ва бегоҳ машқ-варзиш. Барои он ки ба кор дароям, ду ҳафта пушти дари сардабири «Тоҷикистони советӣ» нишаста будам. Ҳозир журналистшаванда, оне, ки мехоҳад кор бигирад, занг мезанаду бидуни кадом муқаддима ва ҳатто салом мепурсад, дар куҷоӣ? Хуб, масалан, дар сари дастурхон ё дар ҷаласа ҳастам. Мегӯяд, тезтар биё, ки вақт надорам, яъне  ба кордеҳ ин тавр муносибат мекунад. Ҳамаи ин аз фаросати қишлоқии мо аст. Ҳоло мо шаҳрнишин нашудаем. Вале мехоҳем худамонро аз будамон зиёд нишон диҳем...

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ