«ФОКСНЮС»: ШЕВА (ТЕКНИК)-ҲОИ ШУСТУШӮИ МАҒЗҲОИ ХОНАНДАГОН
Дар Ғарб аз расонаҳои хабарӣ ба унвони боризтарин абзор барои шустушӯи мағҳо истифода мешавад. Онҳое, ки зимоми расонаҳоро дар даст доранд, барои фароҳам овардани заминаи мусоид ва ба ҳадаф наздик шудан нахуст зеҳни аудиторияи худро тағйир медиҳанд ва сипас ҳақиқатро аз чашми эшон пинҳон карда, ғаразро ба ҷои он ба мардум илқо мекунанд. Ғарбиҳо барои пиёда кардани аҳдофи худ дар кишварҳои исломӣ бори аввал ба василаи расонаҳои гурӯҳӣ мардумро ба гумроҳӣ кашониданд ва баъд аз «ғолиб» омадан дар ҳамлаи иттилоотӣ ба ҳамалоти низомии худ дар кишварҳое назири Ироқу Афғонистон… ва Либия шурӯъ карданд.
Бар илова, барои ҳифзи демократия ҳеҷ чиз муҳимтар аз матбуоти озод нест. Дастёбӣ ба иттилооти мӯътабар, дақиқ ва ҳамаҷониба лозимаи ҷомеаест, ки мардуми огоҳ дар он фаолияти маданӣ ва иҷтимоӣ доранд. Бинобар ин ҳар чӣ қадар дастёбӣ ба иттилооти мӯътабар бо монеҳои бештаре мувоҷеҳ бошад, демократия худи ба худ рӯ ба табоҳӣ меравад. Бо ин ин вуҷуд оё метавон Амрикоро бо доштани расонаҳое, ки шабонарӯз иттилооти ғайридақиқ ва мувассақ дар ихтиёри мухотабони қарор медиҳанд, як ҷомеаи демократӣ номид?
Ба гунаи мисол ҳаҷми васеъи иттилооти ғалатеро дар назар бигиранд, ки «Фокснюс» ба ҷои ҳақиқат ба мухотабони худ илқо мекунад. Масалан ин иддаъо, ки Саддом Ҳусайн, диктатори собиқ Ироқ, дорои силоҳҳои куштори ҷамъӣ буда ва дар ҳамалоти 11-уми сентябри 2001 нақш дошта аст, ё ин ки тағйироти обу ҳаво воқеӣ нестанд. Ё ин ки Борок Обома мусалмон аст ва дар ИМА ба дунё наомадааст. Ва ин ки ҳама аъроб мусалмон ва ҳамаи мусалмонон террорист ҳастанд ва ё ҳазорон иддаъои дигар, ки кизб (дурӯғ)-и маҳз мебошанд.
«Фокснюс» барои илқои ин матолиби кизб аз текникҳое истифода мекунад, ки ҳар чӣ қадар бинанда бештар ба ин текникҳо ошно бошад асари онҳо бар рӯи эшон камтар хоҳад буд. 14 текники таблиғотӣ, ки бештар «Фокснюс» барои шустушӯии мағзи мардуми Амрико аз онҳо истифода мекунад, ба қарори зер аст (Манбаъ: сомонаи «Таҳаё»):
1. Эҷоди руъб ва ваҳшат: Ин текник як гоме фаротар аз эҷоди як тарси сода аст. Дар ин текник дигар ҳеҷ гурезе аз тарс вуҷуд надорад ва мабнои он ба ваҳшат андохтани лаҳза ба лаҳзаи мухотабон аст. Ваҳшат аз мусалмонон, онфлузиои хукӣ, рукуди иқтисодӣ, муҳоҷирон ва ҳазорон масъалаи дигар.
Иддаъои авомили «Фокснюс» ин аст, ки агар вокунишҳо муқабила ё гурези мухотаб фаъол набошад, пас ӯ зинда нест. Ба эътиқоди онҳо эҷоди руъб ва ваҳшат сареътарин роҳ барои мунфаиъил кардани мағзи мантиқӣ аст, ба иборати дигар вақте мардум метарсанд наметавонанд мантиқӣ фикр кунанд, пас ҳар чизеро бовар мекунанд.
2. Террори шахсиятӣ: Авомили «Фокснюс» тамоюле ба талаф кардани вақт барои баҳс дар мавриди ақоиди мухталиф надорад, ба ҷои он онҳо тарҷеҳ медиҳанд роҳи сареътареро барои аз даврашон хориҷ кардани мухолифони худ баргузинанд. Онҳо саъй мекунанд эътибор, ангезаҳо, иттилоот ва шахсияти мизони ақл ва шуъӯри афродро бишносанд ва сипас ҳамалоти худро на танҳо алайҳи афрод, балки алайҳи тамоми гурӯҳҳои мардумӣ оғоз кунанд, то бо ин кор ақоиди ҳар шахс дар робита бо гурӯҳе, ки ба он таъаллуқ дорад, монанди леберолҳо ё тарақихоҳон ё ғайри демократия, донист.
3. Илқо кардан: авомил «Фокснюс» дар ин шева аз як текники пинҳонӣ истифода мекунанд ва сипас мухолифони худро муттаҳам мекунанд, ки ибтидо онҳо аз ин текник истифода кардаанд. Ин фанн дар баҳси муҳоҷират ба вуфур (барзиёд) дида мешавад, масалан афроде, ки мухолифи нажодпарастӣ ҳастанд, худ муттаҳам ба нажодпарастӣ мешаванд ва ё дар баҳси тағйироти обу ҳаво, ки дар он афроде, ки дар мавриди иллатҳои инсонӣ вуқӯъи ин падида баҳс мекунанд муттаҳам ба надоштани илм ва адами огоҳӣ аз ҳақоиқ дар ин замина мешаванд.
4. Дуборанависии таърих: дар ин текник таблиғкунандагон ҳақоиқро мутобиқ бо ҷаҳонбинии худ баён мекунанд, аммо чаро бояд дар мавриди воқеаҳои таърихӣ дурӯғ гуфта шавад, он ҳам замоне, ки метавон кизб будани онҳоро ба роҳатӣ собит кард?
Далели ба коргирии ин шева ин аст, ки мутаъассибони хушкандеш инкори як ҳақиқати таърихиро бисёр роҳаттар аз ба рӯз кардани ҷаҳонбинии худ медонад. Агар дуборанависии таърих дар хидмати манофеъи онҳо бошад, ба роҳатӣ ин корро анҷом медиҳанд, зеро ба гуфтаи худашон як мухотаби бетараф барои донистани он чӣ онҳо ба унвони ҳақиқат аз он ёд мекунанд васваса мешавад.
5. Сербала кардан: ин текник замоне беҳтарин асар (таъсир)-ро дорад, ки мардум эҳсоси ноамниятӣ ва тарс кунанд. Ин шеваи таркибе аз шеваҳои эҷоди тарс ва инҳироф дар азҳони мурдум мебошад. Содатарин тавҷеҳ дар ин текник ин аст, ки агар кас битавонад гурӯҳеро дар мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муқассир бидонад, он гоҳ метавонад ҳам хушунат ва ҳам ғайриинсонӣ будани онҳоро тавҷеҳ кунад ва ҳам масъулияти ҳар гуна латма ё садама, ки ба дигарон мерасадро ба гардани онҳо биандозад.
6. Талфиқ (ҳамроҳсози)-и хушунат бо қудрат ва мухолифат бо хушунат аз тариқи ибрози заъф: ин мавридро бештар метавон ба ҷои як текники расонаӣ, як эътиқоди амиқи фаросохторӣ донист, ки дар равишҳои гузориш кардани ахбор ба таври мутановиб мавриди истифода қарор мегиранд. Ба унвони мисол, истилоҳе монанди «намоиши қудрат» ба ҷои «иқдомоти саркӯбгарона» мавриди истифода қарор мегирад ва бад-ин тартиб иқдомоти хушунатомез аз сӯи расонаҳо тавҷеҳ мешаванд. Масалан эъмоли хушунат дар сиёсатҳои Амрико чӣ дар ҷангҳо ва чӣ дар баҳсҳои дохилӣ амри ахлоқӣ ва шуҷоъона талақӣ мешавад ва хушунат муъодили қудрат, ватанпарастӣ ва порсоӣ маъно мешавад.
7. Эъмоли зӯр: ин як текники матлуб аст, ки аз сӯи бисёре аз гузоришгарони «Фокснюс» мавриди истифода қарор мегирад. Ин гузоришгарон аз адами эътимод ба нафси мардумӣ, ки барои баҳс кардан дар бораи мавзӯе бо авомили «Фокснюс» омадаанд, баҳрабардорӣ мекунанд. Онҳоро дар мавриде накӯҳиш ва маломат қарор медиҳанд ва бад-ин тартиб мардумро ворид ба таслим дар баробари ақоиди худ мекунанд.
Бисёри аз мардуме, ки мавриди маломат қарор мегиранд, эҳсоси шармандагӣ ва изтироб мекунанд ва сареътарин роҳе, ки барои поён додан ба ин вазъият ба назарашон мерасад ин аст, ки ихтиёрро ба шахси муқобил ё ҳамон шахсе, ки мехоҳад ба зӯр ақоиди худро таҳмил кунад ва ин фард вазъияти ба вуҷуд омадаро навъе пирӯзӣ барои худ таъбир ва тафсир мекунанд.
8. Сардаргум кардан: ин текник ҳаммонанди текники қабл дар мавриди мухотабоне ба беҳтарин наҳв кор мекунад, ки аз эътимод ба нафси каме бархӯрдор ҳастанд. Шеваи аслӣ аз ин маврид қасдан мағшуш кардани баҳс ва исрор бар мантиқӣ будани он ва ироаи ин иддаъост, ки ҳар шахсе бо ин баҳс мухолифат кунад гунг ва хушкмағз аст. Дар ин шева гузоришгарон саъй мекунанд бо печида кардани матлаб дурустии иддаъоҳои худро ба зеҳни мухотаб илқо кунанд.
9. Популисм(тӯдагроӣ): ин текник ба вижа дар даврони интихобт мавриди истифода қарор мегирад. Гӯяндагон худро ба унвони яке аз мардум ва касонеро, ки ҳадафи хашм қарор дорандро як аз душманони мардумӣ муаррифӣ мекунанд. Ё тарафи муқобил ҳамеша як нухбагаро, бюрократ ё яке аз аъзои вобаста ба давлат ё ҳар гурӯҳи дигаре аст, ки ба ҳар ҳол аз мардум нестанд. Ҳадаф аз ин бозӣ ин аст, ки ба мардум нишон диҳанд ҳама сиёсатҳои расона дар ҷиҳати бароварда кардани хостаҳои мардум дар муқобили сиёсатмадорон аст.
10. Сӯиистифода аз имон ба Худо: ин текник шабиҳи текники популисм аст. Мабнои шева барин аст, ки онҳо худ ва дӯстони худро меҳанпараст медонанд ва ҳар каси дигареро, ки онҳоро ба чолиш металабад ғайримеҳанпараст медонанд. Бар ин асос Худованд ошиқи авомили «Фокснюс», ҷумҳурихоҳон ва Амрико аст ва аз ҳар касе, ки ин серо дӯст надошта бошад мутанаффир аст. Аз он ҷо, ки масалан гӯянда аз ҷониби Худо барои сухан гуфтан аз ҷониби ҳамаи амрикоиҳо баргузида шуда, ҳар чолише бо ӯ ғайриахлоқӣ талаққӣ мешавад. Ин текник осон ва камҳазина барои тотолитариҳо ё худкомагон аст.
11. Ишбоъ (сер шудан): се вижагии муҳимми як ишбоъ ё имтилои муассир аз такрор будан, фарогир будан ва собит будан. Паёми мавриди назар бояд ба таври ошкоро ё пинҳон борҳо ва борҳо дар ҳама ҷо такрор шавад, масалан ин ки Саддом дорои силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст бояд борҳо ва борҳо такрор шавад. Ба таври қатъи як таъсири физикӣ бар рӯи афроде, ки борҳо ва борҳо дар маърази як паёми мушобеҳ қарор мегиранд, вуҷуд дорад, бидуни таваҷҷӯҳ ба инки ин паём дуруст аст ё ғалат. Ба эътиқоди «Фокснюс», агар як матлабе ба дафаъоти кофӣ бо теъдоди кофӣ аз афрод борҳо ва борҳо гуфта шавад, мардум онро ба унвони як ҳақиқат қабул мекунанд.
12. Тавҳин ба ақлгароӣ: дар бисёре аз расонаҳои аслӣ ва машҳури Амрико монанди «Фокснюс» адами эҳтиром ба таҳсилот ва ақлгароӣ вуҷуд дорад. Доштани як муаррифинома ё мадраки донишгоҳӣ барои онҳое, ки мардуми оддӣ ҳастанд, нишонаи эътибор нест, балки ба маънои адами эътибор аст. Дар ҳақиқат дар миёни гузоришгарон, доштани маҳорат ва табаҳҳури ақлонӣ ва иттилоъотӣ ва таҳсилот ба нишонаи зидди амрикоӣ будан аст.
13. Гунаҳкор донистан ба хотир муъошират: ин яке аз текникҳо мавриди алоқаи Гелон Бак ва Андре Брит Боурт аст, ки ҳар ду аз ин шева барои коҳиши давраҳои корӣ ё зиндагии бисёре аз афрод хуб истифода мекарданд.
14. Инҳироф аз баҳс: дар ин текник гузоришгарон ногаҳон ҷиҳати баҳсро ба як сӯи аҷибу ғариб аммо қобили пешбинӣ тағйир медиҳанд то аз зери бори масъулияти он шона холӣ кунанд ва ҳар талоше барои боз гардонидани баҳс ба асли он аз сӯи онҳо навъе инҳироф ва истифодаи таънаомез аз текники илқо кардан таъбир мешавад.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»