08:59:33 29-уми Майи 2025 сол

НАШРИ «ИМРӮЗ NEWS» МУТАВАҚҚИФ ШУД

Чопи «Имрӯз News» - танҳо нашрияе, ки ба сурати рӯзнома дар Тоҷикистон мунташир мешуд, мутаваққиф шудааст. Муассисони «Имрӯз News» сабаби нашр нашудани рӯзномаро вобаста ба мушкилоти молӣ унвон кардаанд. «Имрӯз News» аз аввали моҳи сентябр ба фаъолияти худ оғоз карда буд.

 

imruz newsРустами Ҷонӣ, яке аз соҳибимтиёзони ин нашрия мегӯяд, ки сабаби нашр нашудани «Имрӯз News» танҳо ба мушкилоти молӣ вобаста аст ва ҳеҷ ангезаи дигаре надорад. Ӯ ҳар гуна сабаби дигар, аз ҷумла фишор болои рӯзномаро рад мекунад. Оқои Ҷонӣ мегӯяд, ба маҳзи ҳал шудани мушкили молӣ нашри рӯзномаи «Имрӯз News» аз сар гирифта хоҳад шуд. Бино ба хабарҳо инчунин ҳайати эҷодии рӯзномаи мазкур низ ба мураххасии иҷборӣ фиристода шудааст.

 

Ин рӯзнома аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ба нашр оғоз карда буд. Ба гуфтаи масъулини «Имрӯз News» онҳо барои роҳандозии нашри ин рӯзнома "аз яке аз бонкҳои Тоҷикистон", қарзи молӣ дарёфт карда буданд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3651--l-newsr--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ