15:46:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СИМОИ ҲАФТА: МАТБУОТИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати кишоварзӣ - “Миллат” - 1 миллион сомонӣ. “Тоҷикстандарт” - “Пайкон”-- 300 000 сомонӣ. Додрасҳо - Фараж", "Озодагон", "Азия-плюс" - 5,5 миллион сомонӣ. Оё ин се мавриди баёнгари мавҷи нави фишор ба матбуоти мустақил аст? Ва оё закоти озодии нисбии баён? Ва оё ҳамоно осебпазир боқӣ мондани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон нест? 

АБРҲОИ ТИРА ДАР ОСМОНИ МАТБУОТ

Дар пайи қариб ду моҳи зимистони ба таври ғайриоддӣ гарму офтобӣ дар ин ҳафта билохира осмони Душанберо абрҳои тира фаро гирифт ва барф ҳам борид. Ва ҳамин тавр, дар ҳамин ҳафта мисле ки як ило ду соли нисбатан софу беғубор барои матбуоти мустақили Тоҷикистон низ сар омад ва ин осмонро ҳам акнун абрҳои тирае пӯшондааст. Мақомоти давлатӣ бар асоси се даъвои зоҳиран алоҳидаи додгоҳӣ аз нашрияҳои мустақил барои нашри матолиби ба эътиқоди онҳо, “бӯҳтономез” наздики 7 миллион сомонӣ, муодили беш аз якуним миллион доллар ҷуброни молӣ хостаанд. 

Маблағе, ки хориҷ аз тавони куллия нашрияҳои чопи Тоҷикистон аст, чӣ расад ба танҳо “Миллат”, “Пайкон” ё “Фараж”-у “Озодагон” ва “Азия-Плюс”, ки дар ин баҳсҳои додгоҳӣ нақши ҷониби ҷавобгарро иҷро мекунанд. 

“МИЛЛАТ” АҚИБ НАХОҲАД НИШАСТ

Адолати Мирзо, муассиси ҳафтавори “Миллат”, ки Вазорати кишоварзӣ барои нашри як матлаби интиқодӣ аз ин нашрияи мустақил 1 миллион сомонӣ ҷуброн тақозо кардааст, бо ишора ба маъракаҳои муҳиме, чун интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврал ва барномаи мустақилона сохтани нирӯгоҳи Роғун, мегӯяд, ин кашмакашҳо кори дасти гурӯҳҳои фурсатталабе дар дохил аст, ки танҳо натиҷааш рехтани обрӯи давлати Тоҷикистон хоҳад буд: 

“Фикр мекунам, ин гурӯҳҳои фурсатталабанд, ки чунин барномаҳоеро тарҳрезӣ доранд. Ин як навъ сӯъиқасд ба “Миллат”, ки онҳо дар барномаашон ҷо додаанд, ин як навъ сӯъиқасд, ҳатто бозӣ кардан ба обрӯи давлат дар остонаи ҳассосиятҳоест, ки давлати Тоҷикистон имрӯз қарор дорад. Ба мисли интихобот ва муносибати кишварҳои поёноб ба тарҳҳои энержии Душанбе. Ин гуна гурӯҳҳои фурсатталаб дар гузашта тавониста буданд, нирӯҳои ормонгаро ва равшанфикрро саркӯб кунанд, вале мо ҳоло ҳаросе аз онҳо надорем ва мо имрӯз он қудрат ва он тавонеро дорем, ки дар муқобили фитнаҳои чунин гурӯҳҳо истодагарӣ карда тавонем.” 

“ПАЙКОН” ҲАМ ПАЙКОН ТЕЗ МЕКУНАД

Қазияи вазорати кишоварзӣ бо “Миллат” тоза ба додгоҳ расид, вале ҳафтаномаи дигари мустақил – “Пайкон” баҳсаш бо ожонси “Тоҷикстандарт”-ро ахиран дар сатҳи додгоҳи шаҳри Душанбе низ бохт ва боз ҳам муваззаф шуд, ки ба ин идораи давлатӣ 300 000 сомонӣ ҷарима бипардозад. 

Ҷумъаи Толиб, сардабири “Пайкон” ин чанд қазияи ахири додгоҳӣ алайҳи матбуоти мустақилро ҳалқаҳои як занҷири фишор хонда, мегӯяд, дар пешорӯи интихоботи парлумонии Тоҷикистон сурат додани ин ҳама беҳуда нест: “Аз 21 тавҷеҳе, ки мо овардем, дар додгоҳи Душанбе танҳо якеаш мавриди эътибор қарор гирифт, ки он ҳам марбут ба дорои шаъну шараф набудани ожонси “Тоҷикстандарт” аст. Ин қазия аз он шаҳодат медиҳад, ки як навъ фишор ба муқобили нашрияҳои озод ва мустақил шурӯъ шудааст. Ба фикри ман, ин ба интихобот вобаста аст, чунки нашрияҳои мустақил то андозае талош доранд, моҳияти интихоботро ба мардум расонанд ва бозиҳои пасипардагиро ошкор созанд.” 

ТАЪРИХЧАИ ҲАМЛАҲО БА МАТБУОТ

Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи қаблии парлумониаш низ шоҳиди як мавҷи бузург ва тӯлонии фишор болои матбуоти мустақил шуда буд, ки аз бастани нашрияҳои мустақили “Рӯзи нав”, “Одаму олам” ва “Нирӯи сухан” оғоз гирифта, дар соли 2005 бо як сол ҳукми зиндони Ҷумъа Толиб, сардабири кунунии ҳафтавори “Пайкон” гӯё хатм шуд. Он мавҷи ҳамла ба матбуоти мустақил низ дар пайи як муддати озодии нисбие сурат гирифт, ки дар авоили солҳои дуҳазорум мушоҳида мешуд. 

Даъвоҳои ахири додгоҳӣ миёни мақомоту идороти давлатӣ ва нашрияҳои мустақил низ дар пайи як ило ду соли дар интихоби мавзӯъ ва интиқоди амалкардҳои мақомот нисбатан озодтару бараҳнагӯ шудани матбуот сурат мегирад. 

Ба назари бархе таҳлилгарон, ин озодии нисбӣ натиҷаи як навъи муомилаи нонавиштае миёни давлат ва матбуоти мустақил ҳам буд, ки бар асоси он, дар ивази пуштибонии ин нашрияҳо аз мавзеъгирии Душанбе дар баҳсҳои минтақавӣ, аз ҷумла бар сари масоили обу энержӣ, давлат ба навбаи худ озодии бештареро барои матбуот қоил шуд. 

УБУР АЗ ХУТУТИ СУРХ

Ин се қазияи охир оё ба маънии поймол шудани он муомила нест? Раҷаби Мирзо, хабарнигори шинохта ва муассиси “Рӯзи нав”, аз пурхонандатарин нашрияҳои тоҷикии авоили асри ҳолӣ, ки ҳанӯз дар соли 2003, дар ҳамон мавҷи аввали фишор ба матбуот баста шуд, мегӯяд, нашрияҳои Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба сарнавишти талхи рӯзномаҳои дар мавҷи аввал басташуда ба сурати умум кӯшиш мекарданд, ба истилоҳ аз ҳадд нагузаранд, то дигарбора хашми мақомотро бар наангезанд. 

Вале, меафзояд Раҷаби Мирзо, бахусус тайи чанд моҳи охир матбуот хеле аз хутути сурхро гузашт ва даст ба масоили доғтаре зад, ки мақомотро акнун ночор ба чунин вокунишҳо кардааст : “Матбуот фаҳмида ё нофаҳмида ба мавзӯъҳое дахл намуд, ки аслан ҳукумат ҳатто интизор надошт, ки баҳсҳое, ки то кунун ҳама зери парда буданд, то ин дараҷа матбуотӣ мешаванд. Як мисоли рӯшанаш парвандаи ба истилоҳ “исфарагиҳо”-ст ва дар ҷараёни пайгирии ин қазия баҳсҳое ҳам сурат гирифтанд, ки ба мақомоти хеле баландпояи Тоҷикистон рафта мерасад. Дар пешорӯи интихобот ҳукумат шояд нахоҳад ки мавриди накӯҳиши созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмакрасонаш қарор бигирад, вале аз сӯи дигар, барои расонаҳои мустақил, ки ҳадди муайяншударо гузашта буданд, фикр мекунам, ки чунин як ҳушдор зарур буд.” 

КОР БА КУҶО ХОҲАД КАШИД?

Ин се даъвои пурҳазинаи додгоҳӣ, ки мисли се сатил оби сард ба сари нашрияҳои мустақили чопи Душанбе рехт, ба бовари Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, метавонад бо муфлис шудани ин ҳафтаномаҳо тамом шавад: “Дар сурати дар додгоҳ баррасӣ шудани ин қазияҳо, ман мутмаин нестам, ки ин қазияҳо холисона баррасӣ шаванд. Ва чунин товонҳои бузург ба касод шудани васоити ахбори оммавӣ мунҷар шуда, ба фазои иттилооти Тоҷикистон латма хоҳад зад.” 

Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд, Душанбе феълан дар шароите қарор надорад, ки бо матбуоти мустақилаш вориди ихтилофи ҷиддиву давомдор шавад ва ин баҳсҳои додгоҳии мақомот бо нашрияҳо ҳам ғолибан ба муҷарради фурӯ нишастани корзори интихоботи парлумонӣ фурӯкаш хоҳад кард: “Тоҷикистон имрӯз мехоҳад бо Ғарб пайвандҳои бештар дошта бошад. Фикр накунам, ки дар пешорӯи интихобот, ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки бе ин ҳам хеле хомӯшу сард сурат мегирад, боз баҳс фақат рӯи ин кашида шавад, ки ба сари расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон фишор ва тазъиқ сурат гирифт. Аммо ҳукумат, ба ҳар сурат, бо як тир ду нишон мезанад. Аз як ҷониб, аз доман задани баҳсҳое, ки намехоҳад матбуотӣ шаванд, пешгирӣ мекунад, аз сӯи дигар, расонаҳои мустақилро низ дар остонаи интихобот як қадар ҳушдор медиҳад, ки набояд ченакҳои муайянро убур кард ва чунин амиқ рафт.” 

БАҲСЕ, КИ НАРХАШ 1 500 000 $ АСТ

Бо ин ҳол, феълан ҳар кадом аз ҷонибҳои ин се баҳси додгоҳӣ мӯътақид аст, ки ҳаққ ба ҷониби ӯст. Ҳаққе баробар ба тақрибан якуним миллион доллар, ки мақомот ва идороти давлатии, ба гуфтаи худи онҳо, “таҳқирдида” мехоҳанд аз расонаҳои мустақили ба сурати аксар тиҳиҷайб биситонанд. 

Ба бовари таҳлилгарон, осмони матбуоти мустақили тоҷик дар пасманзари ин се баҳс ҳанӯз муддате чанди дигар ҳамин гуна гирифта ва пурабр боқӣ хоҳад монд. Дастикам то як моҳи дигар, ки интихоб ҳам гузарад. 

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1642-2010-01-29-17-11-49.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi