Даъвати рӯзноманигорони тоҷик ба муттаҳидӣ
16 январи соли равон дар бинои маҷмааи «Шарқи озод» Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз анҷоми корҳои зиёди рӯзноманигорон тайи 5-соли охир ёдовар шуда, изҳор дошт, ки назар, дид, андеша ва нигоҳи рӯзноманигорон ба ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфта истодааст ва рӯзноманигорон барои инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти Тоҷикистон боз ҳам саҳми арзанда мегузоранду корҳои шоистаеро дар оянда ба анҷом мерасонанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, мо ба сифати намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, ба сифати намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи корҳои шоистае, ки анҷуман ба анҷом расонидааст, изҳори миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар як аъзои иттифоқ бо таманнои муваффақияти бештар мерасонем: «Дар ҳақиқат асри 21 асри иттилоот аст, асри рӯзномаву маҷалла ва рушди воситаҳои ахбори омма мебошад. Барои ҳамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 100- солагии матбуоти Тоҷикистон гуфта буд, ки: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст».
Дар ҳақиқат матбуот ва васоити ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муътадил ва муассир расониданд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд. Дар ҳақиқат корҳои бузургу шоистае, ки рӯзноманигорони мо ба анҷом мерасонанд, боиси таҳсину офарин аст. Имрӯз ба хотири ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди ҷомеаи демократию дунявӣ нақши ҳар як рӯзномаро мо эҳсос мекунем ва дарк мекунем, ки онҳо низ бо тамоми масъулият мехоҳанд Тоҷикистони азиз пеш равад, сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад. Ҳама қадамҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ шаванд, вазъи некуаҳволии аҳли ҷомеа ба куллӣ тағйир ёбад ва он проблемаҳое, ки дар кишвар ҳастанд, воқеъбинона инъикос ёбанд», -изҳор дошт А. Раҳмонзода.
Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба масъалаҳои интиқодӣ ва нисбат ба мушкилоти алоқаманд ба танқиди ҷомеа сухан гуфта, таъкид дошт: «Он рӯзноманигороне, ки ин ё он масъалаи доғи ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд нисбат ба онҳо эҳтиром гузошт ва ин маҳорати воқеъбинонаи онҳоро эътироф кард. Чунки ҳар як масъала ва ё баъзан мушкилоте, ки рӯзноманигор пешниҳод мекунад, шояд онҳо аз мадди назари дастгоҳи марказӣ дур мемонанд. Роҳбарияти ҳукумат наметавонад, ки ҳамаи инро бо чашмони худаш дар муддати муайян бинад ва ё он камбудиро ислоҳ намояд. Шумо ҳастед, рӯзноманигори муҳтарам, ки бояд воқеиятро дар маҳалҳо ё маконҳое, ки мушкилот ҷой доранд, бубинеду онро бояд рӯи об бароред. Муҳимтарин масъалаҳоро бояд дурусту воқеъбинона пайгирӣ карда, роҳи ислоҳ ва бартараф намудани онро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ё ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи назару андеша баён кунед».
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва тавассути дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма хизмати шоистаро ба анҷом расонида истодаанд. Ба маротиб зиёд гардидани теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо дар ҷумҳурӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. А. Раҳмонзода илова кард, ки: «Имрӯз интернет имкон фароҳам овардааст, ки воситаҳо ва шабакаҳои электронию иҷтимоӣ муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии ҷомеаро воқеъбинона ҳал намоянд. Боз ҳам бо шарофату баракати истиқлолияти давлатӣ ва қабул гардидани даҳҳо қонунҳое, ки ба озодии матбуот, рушди матбуот, рушди воситаҳои ахбори омма замина фароҳам меоранд, шумо метавонед эътимод дошта бошед, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми масъулини васоити ахбори оммаро эътироф мекунад ва ҳар кадоми шумо метавонед тавассути ҳамин озодиҳо назару андешаатонро баён намоед».
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз роҳи тайкардаи беш аз 100-солаи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, бо иқтибос аз суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯзноманигоронро «неруи тавонои зиёиёни кишвар» номид, ки онҳо метавонанд бо ҳамдилию ҳамбастагӣ барои ба даст овардани ҳамон истиқлолияти фикрӣ, ки дар пай созандагию бунёдкорӣ дораду ҷомеаро ба сӯи фардои нек мебарад, даст ёбанд. Ӯ гуфт: «Президенти ҶТ дар ҷашни 100-солагии матбуот дуруст таъкид намуд, ки бояд мо аз як гиребон сар барорем, ваҳдати комил бояд аввал дар диёри зиёиён бошад, зеро ҷузъи тавонои зиёиёни кишварро рӯзноманигорон ташкил менамоянд. Шумо медонед, ки охири асри 19 ва аввали асри 20, вақте рӯзномаи «Бухорои шариф» таъсис ёфт, нахустин касоне, ки барои озодию истиқлолият ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа назару андеша баён мекарданд, инҳо рӯзноманиорон буданд. Аввалин зиёиёни тоҷик аз байни адибоне буданд, ки онҳо бо номи рӯзноманигор дар аввали асри 20 худро муаррифӣ карданд ва барои ба даст овардани ҳамон истиқлолият аз дигар рӯзноманигорон даъват мекарданд, чунки танҳо рӯзноманигор метавонад моҳияти ҳар масъаларо сареҳ, рӯшан ва воқеъбинона ба аҳли ҷомеа расонад».
Дӯст доштани Ватан ва васфи он аз зодгоҳу маҳал бояд шурӯъ гардад, вале набояд андешаҳо танҳо музофотӣ бошанд, зеро барои ба сӯи андешаи миллӣ, ба сӯи ваҳдати комил раҳнамоӣ кардани дунёи андешаҳо ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат бояд талошҳо сурат бигиранд, ки ин вазифаи ҳар як рӯзноманигор тавассути навиштаву мақолаҳояш аст,- таъкид намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода ва илова кард: «Имрӯз барои ҳамаи зиёиён, тамоми касоне, ки босавод ҳастанд ва рӯзнома мутолиа мекунанд ё тавассути интернет аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот мегиранд, бояд ана ҳамин моҳияти масъала дар ҷои аввал бошад, яъне мо бояд аз тафаккури музофотии хеш даст кашем ва рӯ ба сӯи тафаккури миллӣ биорем. Дар адабиёти солҳои 60-уми асри гузашта мавзӯи деҳот, ватан ва деҳаи кучак пайдо шуда буд ва ҳар як шоир бештар кӯшиш мекард, ки деҳаи худашро васф кунад. Албатта, ин ҷои бадӣ надорад, чунки мо дар он ҷо тавваллуд шудаем, овони кӯдакиямон дар он ҷо гузаштааст, меҳр дорем ба он маҳали хурдамон, лекин дар баробари ин шумо беҳтарин зиёиён ва қаламкашони кишвар ҳастед, бояд пеш аз ҳама, кӯшиш кунед, ки дар баробари маҳалу деҳа ва ё ноҳияи худ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, арзишҳои муқаддаси миллӣ, барои дӯст доштани Тоҷикистон, барои эҳтиром гузоштан ба парчам ва тамоми рамзҳои давлатӣ бовару эътиқод дошта бошед. Муҳим аст, ки ин эътиқодро тавассути сармақолаҳоятон ифода намоед. Хушбахтона, сармақолаҳое, ки дар бештари рӯзномаҳои мо навишта мешаванд, бисёр хубанд, дар бисёре аз сармақолаҳо гоҳҳо ба тариқи танз, гоҳҳо ба тариқи воқеъбинона ва гоҳи дигар ба таври публитсистӣ назару андеша ва эҳсосоти сармуҳаррир барои ифодаи тамоми руҳияи рӯзнома чоп мешавад, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, ваҳдат, субот ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад».
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба якпорчагии меҳан ва амалӣ намудани се ҳадафи асосие, ки дар паёмҳои солонаи худ таъкид мекунад, ёдовар шуд.
«Имрӯз бубинед, ба хотири пайдо шудани робита ва рушди коммуникатсия шоҳроҳҳои бузурге дар Тоҷикистон пайдо гардидаанд, ки моро ба ҳамдигар пайванд месозанд. Борҳо инро шумо, рӯзноманигорон таъкид намудед, ки моҳҳою солҳо ба Бадахшон рафтан ва дар зимистон ба вилояти Суғд рафтан кори осон набуд ва ин мушкилиро Сарвари кишвар дар як давраи кӯтоҳ бартараф намуд. Дигар аз ҳадафҳои муҳим ва стратегии Президенти кишвар- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ низ мебояд ҳамеша дар мақолаву навиштаҳои шумо дарҷ ёбаду 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид будану содиқона фаъолият доштани кулли рӯзноманигорони кишвар ва инъикоси дастовардҳои арзандаи мардуми Тоҷикистон дар саҳифаи рӯзномаҳо истиқбол гирифта шавад»,-таъкид кард А. Раҳмонзода.
Дар анҷумани мазкур Ёқуб Исмоилзода-муовини аввали раиси Иттифоқи журналистон оид ба фаъолияти 5 солаи иттифоқҳисобот дода, афзуд, ки дар ин муддат аз ҷониби аъзои Иттифоқи журналистон 15 тренингу семинар гузаронида шуд. Ӯ таъкид кард, ки дар баробари дигар қонунҳо ҳоло дар шароити бӯҳрони молиявӣ зарур аст, ки қонун дар бораи «Муфлисшавии матбуот ва шахсони ғайриҳуқуқии соҳибмулк» низ қабул гардад. Номбурда гуфт, барои бартараф намудани мушкилоти рӯзноманигорон вохӯрии аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бояд на ҳар 5 сол, балки ҳар моҳ ташкил шавад: «Дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар аввалин маротиба бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷуман дар чунин сатҳ, яъне бо иштироки ҳамаи сармуҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва аксарияти роҳбарони нашрияҳои соҳавӣ, хусусиву марказӣ доир мегардад»,-афзуд Ёқуб Исмоилзода.
-Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ хеле нигаронкунанда гардидааст, аз ин рӯ рӯзноманигорони тоҷикро мебояд, новобаста аз шакли фаъолияташон дар чунин вазъият муттаҳид бошанд, -иброз дошт Толибшоҳи Саидзода-муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз». Номбурда махсусан аз он нигаронӣ кард, ки имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистиро он нафароне роҳбарӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд, ки аз аҳли дин, хусусан мулло мебошанд: «Мулло Шариф дар Бадахшон, мулло Ҳаниф дар Мазор, мулло Ахтар дар Самангон…- моро ҳамин хел тарбия карда буданд, ки мулло бояд дар масҷид бошаду ахлоқи нек биомӯзад, аммо имрӯз, бадбахтона, дар дунё муллоҳо автомат дар сари китф дар кӯҳ мегарданду одамкуширо тарғиб мекунанд»,-таъкид дошт Толибшоҳи Саидзода.
Муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» дар чунин шароит аз тамоми рӯзноманигорони кишвар даъват кард, ки дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, барои амалишавии ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои террористие, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, монеа эҷод намоянд. «Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки даст ба дасти ҳам дода, дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, ба наҳангҳову қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки мехоҳанд моро ба коми сиёҳи худ фурӯ баранд, ягон имконият надиҳем»,-иброз дошт муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз».
«Фаъолияти рӯзноманигорон дар шароити имрӯза муҳим ва саривақтӣ буда, ин табақаи зиёии ҷомеа бояд шароити хуби фаъолият дошта бошанд»,-таъкид кард Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ-раиси Иттифоқи журналистони минтақаи Кӯлоб. Номбурда оид ба нақши васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон изҳори назар карда, иброз дошт, ки ВАО дар ҳама давру замон инъикосгари ҳаёти воқеии мардум мебошанд.
«Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии мамлакат васоити ахбори омма ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ мавқеи худро муайян карда, дар тарғиби ғояҳои нави давлатдорӣ нақши муассир гузоштанд. Зуҳури арзишҳои демократӣ ва дар ин замина баёни андешаи озод ба рушди ВАО таъсири мусбат расонид. Дар давоми 25 соли истиқлолият пайдо гаштани садҳо нашрия ва радиову телевизион дар саросари кишвар гувоҳ аз гуфтаҳои болост. Васоити ахбори омма дастгоҳи идеологиест, ки бо қудрату тавони худ мушкилоти ҷомеаро ҳал карда, манофеи миллатро дар ҳассостарин мавридҳо ҳифз менамояд»,-афзуд Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ.
Омода намудани мутахассисон барои соҳаи журналистика яке аз талаботи асосӣ дар пешрафти фаъолияти ин соҳа мебошад. Ба гуфтаи Усмоналӣ Тӯйчиев-сардабири «Набзи Қурғонтеппа»-аз вилояти Хатлон, шароити имрӯза тақозо мекунад, ки донишгоҳу донишкадаҳо дар кори омода кардани журналистони соҳибқалам ва донандаи забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт дигар сохторҳои вобаста ба соҳаи рӯзноманигорӣ барои чунин мутахассисон ҳамаи шароитро омода созанд. Дар ҳар сурат рӯзноманигорон бояд дар пешрафти кишвари худ саҳмгузор бошанд,- таъкид дошт Усмоналӣ Тӯйчиев:
«Дар шароити гуногунандешию бисёрҳизбӣҳамаи журналистон бояд аз як дидгоҳ фаъолият баранд,- аз дидгоҳи манфиати ватан, манфиати давлат, зеро мо касе, ки набошем, фарзанди ҳамин миллату ҳамин давлатем, бояд, ки манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонем»,-иброз дошт Усмоналӣ Тӯйчиев.
Ёдовар мешавем, ки дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳӣ Исмоилзода Зинатуллоҳ раиси Иттифоқи журналистон интихоб шуд.
АМИТ «Ховар»