03:29:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нигаронии 3 созмон аз дахолат ба ҳаёти шахсии хабарнигорон


Се созмони журналистӣ аз даст ёфтани баъзе афрод ба иттилоъ ва дахолат ба ҳаёти шахсиии хабарнигорон изҳори ташвиш карданд. Ҳадаф аз ин "ҳамлаҳо" бастани даҳони журналистон гуфта мешавад. Се созмони журналистии Тоҷикистон аз “дастёбӣ”-и баъзе афроду гурӯҳҳо ба иттилои шахсӣ ва мукотибаи хабарнигорон дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

haftanomaho-78561212.jpg

Иттиҳодияи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо пахши изҳороте гуфтанд, вақтҳои охир чопи аксу сӯҳбатҳои худмонии журналистони мустақил ба унвони “фишори равонӣ” ва “бадном кардани онҳо” сурат мегирад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва ҳамзамон раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар ҳоли ҳозир 5 ҳодисаи пайгирии ҳаёти шахсии хабаригорон вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, аммо ба далели он ки ин афрод боз ҳам зери зарба нараванд, аз ифшои номашон дар изҳорот худдорӣ шудааст.

“Дар ин қатор баъзе аз намояндагони расонаҳои давлатӣ низ ҳастанд. Танҳо дар сӯҳбат бо мақомоти расмӣ, ки нияти расидагӣ ба ин қазияҳоро доранд, метавонем ин афродро фош созем,” - афзуд Қаршибоев.

Дар моҳҳои охир асосан дар шабакаи Интернет як силсила матлабҳо, аз ҷумла пораҳо аз гӯиё "мукотиба"-ҳои дастикам ду хабарнигор бо Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ва ҳам чунин як "мукотиба" миёни як духтари зоҳиран сохта бо хабарнигори яке аз сомонаҳои мухолиф нашр шуд.

Ҳамин тавр, истифода аз сабти мукотибаҳои маҳрамона ва ҳатто сабти пинҳонии лаҳзаҳои ишқварзии асосан афроди тарафдори мухолифин ба хотири бадном кардани онҳо ва гурӯҳҳову ҳизбҳои мухолифи ҳукумат дар ин авохир хеле зиёд шудааст.

Бисёриҳо ин роҳу шеваро дар шароити ҷомеаи аксаран мусулмон ва суннатгарои Тоҷикистон "бадахлоқии сиёсӣ" унвон мекунанд, вале бо вуҷуди чандин муроҷиат мақомоти амниятиву интизомии кишвар то ҳол ягон нафарро бо ҷурми нашри чунин наворҳову сабтҳо ба ҷавобгарӣ накашондаанд.

Яке аз хабарнигороне, ки бо "мукотиба" бо Кабирӣ бадном мешавад, гуфт, бо талаби ошкор кардани омилони ин амал ба раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ -- Саидмӯъмин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода нома навиштаааст.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ҳарчанд таъқибу фишори равонӣ болои хабарнигорони мустақил кори нав нест, аммо, ба қавли ӯ, дар остонаи интихоботҳову мисли ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ бештар мегарданд. Вай афзуд, “баъзе афрод бо номҳои мустаор чунин иттилои махфии шахсӣ ва кории журналистонро паҳн мекунанд, ки баёнгари дастрасии ғайриқонунии онҳо ба иттилооти хусусиии шаҳрвандон аст.”

Нигаронии се созмони журналистии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук номаҳои баъзе аз хабарнигоронро чоп карда, ба ҷузъиёти зиндагии шахсии онҳо низ дахл намуданд. Ҳарчанд дақиқ шудааст, ки имейли баъзе аз хабарнигоронро "шикастаанд", аммо рӯшан нест, ин номаҳоро воқеан худи онҳо навиштаанд ва ё бо истифода аз имейлу номи онҳо навишта шудааст.

Ахиран торнамои “Фараж” матлаберо низ ба чоп расонд, ки дар он гуфтугӯи махфии баъзе аз намояндагони мухолифин дар хориҷ, аз ҷумла Додоҷони Атовуллоҳ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ, нашр шудааст. Дар ин мукотиба, ки зоҳиран тариқи кадом шабакаи иҷтимоӣ сурат гирифтааст, онҳо аз “гирдиҳамоӣ”- и баргузорнашудаи 10 октябри соли гузашта то интихоботу раҳоии УмаралӣҚувватов сӯҳбат кардаанд. Аммо то ҳол дурустӣ ё нодурустии ин мукотиба тасдиқ ё такзиб нашудааст.

Се созмони журналистии Тоҷикистон дар идома аз сӯиистифода шудани хабарнигорон дар айни маъракаҳои сиёсӣ низ изҳори ташвиш кардаанд. “Мақомоти давлатӣ журналистонро дар рақобати сиёсӣҳамчун силоҳ истифода мебаранд, ки дар матолиби онҳо принсипи эҳтимоли бегуноҳӣ дида намешавад”,-таъкид шудааст дар изҳорот.

Нуриддин Қаршибоев ҳам мегӯяд, “гап сари он матолибест, ки дар ҳамин шабу рӯз дар расонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. Дар онҳо эҳтимоли бегуноҳӣ сарфи назар мешавад, ки як сабаби пайдоиши изҳороти мо ҳамин аст. Дар ин маврид садҳо мисол овардан мумкин аст. Аз ҷумла, филми мустанад дар бораи “Шайх Темур”-ро. Фақат додгоҳ метавонад бегуноҳ ё гунаҳкории шахсро мушаххас кунад. Пахши ин гуна мактолиб аз тарафи мақомот маҷбурӣҳам набошад, аз надонистани қонун ва баъзе дигар мушкили соҳибнашрияҳо суистифода мешавад.”

Иддаое, ки мақомоти давлатӣ борҳо онро рад кардаанд. Онҳо мегӯянд, бараъкс, тарафдори чопи матолибе ҳастанд, ки ба нафъи ҷомеа бошад ва ҳадаф аз намоиши "корномаҳо"-и баъзе афрод на сиёҳ кардану гунаҳкори донистани онҳо, балки ифшо кардани ҳақиқат ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти интизомӣ ба кори онҳост.

Дар охир, Иттиҳодияи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хостаанд, дар ин давраи ҳассосҷонибҳо аз рақобати беинсофона даст бардоранд ва эҳтироми озодии баёнро ба ҷо оранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi