15:08:58 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Журналистони мо аз илмҳои дақиқ бехабаранд!

Ба касе пӯшида нест, ки тафаккури мардуми мо имрӯз аз характери илмӣ дида бештар характери гуманитарӣ дорад. Ба болои ин аз рӯи мушоҳидаҳо (чи дар ТВ ва чи дар матбуоти даврӣ) хатогиҳои мантиқию илмӣ аз он сар мезананд, ки журналист ҳатто дар сатҳи барномаи мактаби миёна аз илмҳои дақиқ бохабар нест (вале диплом ва ҳуқуқи дар матбуот кор карданро дорад). Оё ба журналист донистани илмҳои дақиқ, масалан математика (ақаллан дар сатҳи барномаи мактаби миёна) лозим аст?

haftanomaho 65214588Ин савол баробарвазни саволи дигар аст, ки ҳар як рӯзноманигор метавонад аз худ пурсад: "Оё ба ман дақиқият, (саҳеҳият) ё гармония (мувофиқат)-и калимаҳо ё мантиқ лозим аст?" Муносибати ин мафҳумҳоро Шумо бо математика аллакай пай бурдед? Пас ҷои шарҳу эзоҳ намонд. Намояндаи газетаи бонуфузи давлатӣ аз ман хоҳиш кард, ки дар бораи доктори илми кимиё, ғолиби конкурси байналхалқӣ (соҳиби ду медал) байни занони ихтироъкор Мубашира Раҳимова маводеро таълиф созам, зеро мақолаи ба редаксия дохилшуда ба талаботи газета ҷавобгӯ нест ("портрети М.Раҳимова" набаромада будааст).

Ман ин маводро дар зарфи як ҳафта тайёр кардам, вале рӯи чопро надид. Чаро? (мутобиқи талаботи журналистикаи илмӣ ман охир ҳаракат кардам нуқтаҳои мураккаб ва истилоҳоти илмиро бо забони оммафаҳм ифшо созам). Шояд гап дар сари он буд, ки мазмуни мақола дар қолаби андешаи корманди газета нағунҷид ё услуби нигориши мақола дигаргуна баромад). Мо охир аксаран он чиро қабул мекунем, ки ба он одат кардаем (қолабшиканӣ мушкил корест). Мо бисёр олимони наҷибе (аз илмҳои дақиқ) дорем, ки мутаассифона, дар бораи онҳо (аз назари банда) дар саҳфаҳо танҳо ахбори хушку холӣ менависанду халос.

Гӯё журналистикаи илмӣ ё насри адабии илмӣ вуҷуд надошта бошад. Замон дигар шуд, тарзи фикрронӣ, қолабу мазмуни мақолаҳо низ бояд мутобиқи талаботи замон дигар шавад. Агар чунин намебуд мо дар бораи якрангии нигоришоти журналистӣ, якрангии ҳатто газетаҳо (чи пинҳону чи ошкор) ҳарфе намегуфтем. Тавре пай бурдед, банда номи маҷалла ё газетаҳоро намегирам. Ин танҳо ба он хотир аст, ки номи онҳо ягон аҳамият надорад, муҳим аз ҳама хотирнишон кардани проблемаи мавҷуда асту халос. Ҳама мехоҳанд маҷалла ё газета хушобуранг, замонавӣ ба чоп расаду хонандаи бештаре дошта бошад.

Ба нашрияе даъватам карданд, ки ба чопи сканворду маводҳои диққатҷалбкунанда ва айни замон омӯзонанда машғул аст. Аз мутолиаи шумораи охиринашон чунин дарёфтам, ки эҳтимол бо назардошти хатогиҳои дағали ба чоп роҳёфта зангҳои телефонии хонандагон зиёд шуда бошад. (Охир хонандаи мо на ба дараҷае бесавод аст, ки мо тасаввур мекунем). Истилоҳҳои илмию техникӣ як тараф истад, ҳатто калимаҳои серистеъмол дар сканвордҳои беҳтарини тоҷикӣ чунин истифода мешуданд: "помидори пухта (қайлаи помидорро дар назар доранд)- томат", "тубчаи "пачақ" - шайба", "ба худ омӯхт кардани ҳайвон-ром", "мактуби беимзо-аноним" ,"табрик"-муборак" ва ғ. ва ҳоказо.

Баъди хондани ин саволҳо ва ҷавоби онҳо ба худ андешидам, ки ин кормандон дар мактаби миёна ба ҷои омӯзиш ба чи кор машғул буданд? "Металле, ки аз сими он гармкунак месозанд-нихром". Гармкунак танҳо аз сими "меттал" не, балки аз якчанд мавод сохта мешавад. Қисми асосии гармкунак-сими гармидиҳанда аз хула сохта мешавад, ки маҷмӯи якчанд металл аст (нихром). "Ҳазор грамм моеъ -литр". Ин ҷо 1000 г спирт, об, туршӣ, атсетон, бензин, ...чӣ дар назар аст? Танҳо 1000г об як литр аст, зеро танҳо зичии об баробари як грамм/мл аст. (яъне як грамм об баробар аст ба як миллилитр об). "Онро мо нафас мекашем-ҳаво", Мо на ҳаво, балки оксигенро нафас мекашем, ҳаво бошад омехтаи якчанд моддаҳои газист.

Дар саҳифаи охирини он маҷалла чунин оварда буданд: "...Маҷалла маводеро...ба табъ мерасонад ки...ба дурустии он кафолат намедиҳад". Ман ҳамкорӣ кардан бо ин нашрияро рад кардам. Агар аз рӯи инсоф андеша кунем ҳақ ба ҷониби олими амрикоӣ Л.Купер аст, ки мегуяд: "Дуруст аст ки дар илм маъбад (қаср)-ҳои боҳашамате қомат рост мекунанд, вале ҷои афсӯс аст, ки одамон ба он ҷо роҳи даромад намеёбанд, то сангҳои онро палмосанд". Дар ҳақиқат, олам аз чизҳое, ба мисли навои дутору чанг, ё рангҳои рассоми чирадаст, ё образи дилнишини асари бадеӣ, ки одамро ба ваҷд оварда метавонанд, хеле ғанию бой аст.

Барои эҳсоси ин зебоиҳо шарт нест, ки мо кимиёву физикаро чуқур донем. Охир мо, масалан нотаҳоро намефаҳмем, вале аз шунидани суруду мусиқӣ лаззат мебарем. Мо аксаран на танҳо дар ин бора фикр намекунем, балки ин зебоиҳоро бо забони оммафаҳм ба хонанда пешниҳод намекунем. Сабаб? Сабаб набудани журналисте, ки нуқтаҳои мураккаб, вале дилчаспи илмиро ба хонанда бо забони соддаву шево фаҳмонда тавонад. Саҳифаҳои илмию техникӣ як тараф истад ҳатто дар истифодаи истилоҳҳои илмӣ аксари газетаҳо бо ду пой меланганд.

Дар асри вусъати бомароми илму техника ва технологияи информатсионӣ пеш аз ҳама ба худи журналистон лозим аст, ки тасаввуроти лозимии илмиро дошта бошанд, зеро математикаю биологияву тиб як тараф истад, танҳо аз кимиё ҳаррӯза 160 истилоҳ дар ВАО мавриди истифода қарор дорад. Дар Россия ситораи эстрадаеро барои фарқ монда натавонистанаш байни вожаҳои "арзиз" (алюминий) ва "сурб" (плюмбум) мавриди хандахариш қарор дода буданд.

Дар Тоҷикистони мо ситора он тараф истад худи аксар соҳибони газета ё журналистонро аз руи маводҳои чопнамудаашон зери тозиёнаи танқид гирифтан мумкин аст. Чаро? Танҳо муҳаррире, ки на танҳо газета, балки худашро низ эҳтиром мекунад, ҳаракат мекунад дар ҳайати қаламбадастонаш имрӯз фардеро низ ба кор қабул кунад, ки намояндаи фанҳои дақиқ асту қобилияти таълифи мақолаҳои актуалию хонданбобро низ дорад. На танҳо бо олимони забону адабиётшинос, балки бо олимони соҳаҳои гуногуни илм сӯҳбат ороста метавонад ва аз ӯҳдаи навиштани ба истилоҳ насри илмӣ мебарояд. Ин корро бояд журналисти салоҳиятдор бе мушкилӣ ба анҷом расонад, вале чӣ илоҷ ки теъдоди нашрияҳо хеле зиёд асту журналистони соҳавии муттахасис ангуштшумор.

Дуруст аст, ки ядрои журналистикаи тоҷикро филологҳо ташкил медиҳанд, вале ин магар ба мо ҳуқуқи маънавии ба хатогиҳо роҳ доданро дар мавриди мақолаҳои ба илми дақиқ дахлдоштаро низ медиҳад? Албатта не. Дар сурате, ки ҷомеа хатокориро ҳамчун меъёр (чи дар ТВ, радио ва матбуот) қариб ки қабул кардааст, мепурсед чӣ фоида? Фоида ҳаст, охир забони матбуот оинаи забондонии ҷомеа аст ва сатҳи чи забондонию чи маърифату идрок ва чи тасаввуроти илмии мо ба матбуот алоқаи ногусастанӣ дорад ва боло бурдани он вазифаи на танҳо рузноманигорон, балки зиёиён низ ҳаст.

Мутаассифона, аксари кулли рӯзноманигорон на танҳо нисбати забони модарӣ, забони русӣ, балки мантиқ, истифодаи истилоҳҳои илмию техникии дар забони матбуот қабулшуда ва ғ.низ бепарвоанд. Онҳо маҷбуранд тавассути эълон қаламбадастонеро, ки аз илмҳои дақиқу техника то як дараҷа бархурдоранду забони русиро хеле хуб медонанд ба кор (ё ба ёрӣ) даъват кунанд то сифати маводҳои худро беҳтар карда, доираи мавзуъҳояшонро васеъ кунанду ВАО-ро диққатҷалбкунанда...

Сафаралӣ Раҷаб, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi