05:09:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ эълон мешаванд

Рӯзи сешанбе тайи маросиме ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ эълон мешаванд. Ин маросимт дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт бо ширкати рӯзноманигорон ва намояндагони ҳукумат баргузор мешавад ва то ҳол номи довталабонро пинҳон медоранд.

sharqi-ozod-65667488Дар ин маросим ҳамчунин барандагони «Беҳтарин мақола дар воситаҳои ахбори умум», «Беҳтарин маводи телевизионӣ», «Беҳтарин гуфтори радиоӣ» ва барандаи “Беҳтарин мақолаи таҳқиқоти журналистӣ»-ро ҳайати доварон эълон хоҳанд кард. Дар ин рӯз ҳамчунин китобҳои нав ва намунаҳои беҳтарини мақолаҳои матбуоти Тоҷикистонро дар театр ба намоиш мегузоранд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов-муовини раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 10-уми март ба мо гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 280 нашрия сабти ном шудаанд, вале ҳамаи онҳо мунтазам ба нашр намерасанд. Баъзе аз онҳо баъд аз чопи ду ё се шумора аз чоп мемонанд, вале ҳудуди 140 то 150 нашрия ҳафтае ё моҳе як бор ба нашр мерасанд. Ба онҳо нашрияҳои ҳукуматӣ, нашрияҳои мустақил, нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дохил мешаванд.

Ҳар сол Иттиҳодияи журналистони барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои ширкат ба озмун ба ин иттиҳодия месупоранд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ  соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи Матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.

Шаҳрдори Кӯлоб ҳар моҳ нишасти хабарӣ доир мекунад

Шаҳрдори Кӯлоб эълон кардааст, ки ҳар моҳ барои намояндагони расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад кард. Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбеи 10-уми март ба муносибати таҷлил аз "Рӯзи матбуоти тоҷик" дар мулоқот бо хабарнигорону рӯзноманигорони ин шаҳр гуфт, ки "минбаъд барои инъикоси ҳамаҷонибаи масоилу мушкилоти ҷомеаи Кӯлоб ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, моҳе як маротиба нишасти матбуотӣ бо ширкати мақомоти ниҳодҳои давлатӣ баргузор хоҳад шуд."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамакнун тибқи дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳоло нишастҳои мақомоти вазорату кумитаҳо, раисони вилояту шаҳрҳо солона ду маротиба баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол Ғайбулло Ҳалимов, як тан аз рӯзноманигорони собиқадори шаҳри Кӯлоб аз тасмими шаҳрдорӣ барои баргузории нишастҳои матбуотии ҳармоҳа истиқбол кард ва гуфт, ки "мутаассифона дар нишастҳои матбуотие, ки дар шаш моҳ як маротиб дар ноҳияҳо баргузор мегардад, раисони ноҳияро ёфтан номумкин аст."

Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар сурати амалӣ шудани ин тасмими шаҳрдории Кӯлоб, рӯзноманигорон тавассути ин нишастҳо метавонанд дар мавриди мушкилоти соҳаҳои мухталиф ва ё бурду бохти онҳо иттилоъ пайдо намуда, ҷиҳати рафъи он саҳм хоҳанд гирифт ва ин амр ба хотири беҳбудии кор аст.

Ҳамчунин Абдуғаффор Раҳмонов таъкид кард, ки "ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳамкориро бо расонаҳо, ба хусус рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва намояндагиҳо густариш дода талош хоҳад кард, то фаъолияти онҳо ба таври озоду шаффоф ва дар чорчӯби қавонини кишвар сурат бигирад. Ин аст, ки яке аз тарҳҳое, ки як сол боз ҳукумати шаҳри Кӯлоб дунболи иҷрои он аст, бунёди маркази вижа бо номи "Кохи матбуот" мебошад.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб гуфт, ки "ҳадафи аслии бунёди ин марказ гирди ҳам овардани ҳамаи расонаҳо зери як бино аст, то онҳо битавонанд бо имконоту шароити лозим фаъолияташонро ба роҳ монанд". Аммо ба таъкиди ҷаноби Фаррухшоҳ, ба сабаби то ҳол пайдо нашудани як бинои мувофиқу мутобиқ дар маркази шаҳри Кӯлоб, бунёди ин марказ ба дарозо кашидааст. Ҳарчанд  Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ мегӯяд, дуртар аз маркази шаҳри Кӯлоб чунин бино пайдо хоҳад шуд.

Иқдомот барои бунёди як маркази вижа барои тамомии расонаҳои шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки толоре бо номи "Кохи матбуот" чанд соли пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд бунёд шуд ва дар ин бино расонаҳои давлативу мустақили ин минтақа фаъолият доранд.

Зимнан, дар маросими бахшида ба таҷлили "Рӯзи матбуоти тоҷик" дар шаҳри Кӯлоб шумораи зиёди рӯзноманигорони давлативу мустақил ширкат карда ва дар робита ба бурду бохти яксолаи ин соҳа ибрози андеша карданд. Таҷлили "Рӯзи матбуоти тоҷик" муддати даҳ соли ахир дар Кӯлоб ба ҳукми анъана даромада ва зимни он ба собиқадорон ва рӯзноманигорони расонаҳои ин шаҳр тӯҳфаҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо эҳдо мегардад. Имсол низ ба як гурӯҳ аз рӯзноманигороне, ки дар инъикоси масоили доғ ва ҳалталаби шаҳри Кӯлоб саҳим буданд, тӯҳфаҳои ҳукумати шаҳр тақдим гардид. Зимнан, дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 20 расонаи чопиву электронӣ ва шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва ҳатто намоядагиҳои ВАО -и хориҷӣ фаъолият доранд.

"Рузи матбуоти тоҷик" ҳар сол ба таърихи 11 март, ба замони таъсиси нахустин рузномаи тоҷикӣ - "Бухорои шариф" ҷашн гирфта мешавад. Ба ин далел, фардо сешанбеи 11-уми март дар бинои Театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҷашни "Рӯзи матбуоти тоҷик" ва 102 - солгарди таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - "Бухорои Шариф" баргузор мегардад. Ин ҷашн ба ибтикори вазорати фарҳанг ва Иттиҳодли журналистони Тоҷикистон сурат мегирад, ки қарор аст, барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ низ эълон гарданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi