16:40:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Бештари шикояти муҳоҷирин аз фаъолияти консулгариҳост»

Мусоҳиб Талабшоҳи Салом, «Рӯзгор»

Ғуфрон Ваҳҳобов, яке журналистони мувафаққест, ки хонандагони рӯзномаҳои русзабони Тоҷикистон ҳама бо номи ӯ шиносанд. Ин рӯзноманигори тоҷик, ки феълан дар Русия аст, вазифаи директории кулли медиахолдинги «TajInfo»-ро дар Русия ба уҳда дошта, ҳамвора талош менамояд, ки дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ҳалли соири масоили марбут ба муҳоҷират саҳм гузорад. Тавре хонандаи гиромӣ хабар дорад, чанде пеш сафаре доштем ба Федератсияи Русия ва дар доираи ин сафар тасмим гирифтем, то суҳбате дошта бошем бо ин ҳамкасби худ, ки инак онро пешкаши Шумо мекунем.

-Ғуфрон Ваҳҳобови азиз! Сараввал мехоҳам ҷиҳати фаъолияти медиахолдинги Шумо хонанда каме маъулмот дошта бошад…

1.tajinfo 234556-Алъон медиахолдинги «Taj-Info» нашри ҷаридаи «Тоҷикони Россия»-ро дар як моҳ ду маротиба ва маҷаллаи «Таджикистан»-ро дар Маскав роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон дорои сомонаи «TajInfo» низ ҳастем, ки бинобар пурра омода набудани баъзе масоили техникӣ то ҳол фаъол нашудааст. Бо вуҷуди ин ҳама дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон низ ҳафтаномаеро бо номи «Имрӯз» ба нашр мерасонем.

-Лутфан мегуфтед, ки медиахолдинги «TajInfo», дар маҷмуъ, чанд нафар корманд дорад ва инчунин теъдоди кормандон дар марказ  чанд нафаранд?

-Дар марказ панҷ нафар кор мекунем, аммо аз сабаби вуҷуди баъзе мушкилот дар Маскав бо иддае аз рӯзноманигорон дар нимароҳ мондаем. Яъне, бештари муаллифон аз мо маош намегиранд, вале ба ивази ҳаққи қалам бо мо ҳамкорӣ доранд.

-Чун Шумо аз мушкилот гуфтаед, метавонем сари ин масъала мушаххастар баҳс намоем? Кадом мушкилотанд, ки намегузоранд, то ҳама кормандони медиахолдинг сарҷамъ бошанд?

- Манзури ман он ҷо бештар мушкилоти иқтисодӣ буд. Бояд гуфт, ҳанӯз шуруъ аз рӯзи аввали кори рӯзнома то имрӯз – то ба вуҷуд омадани медиахолдинги тоҷикӣ на аз фондҳои байналмилалӣ ва на аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия кӯмаке нагирифтаем. Яъне, аз аввал то охир фаъолияти мо ба таври худмаблағгузорӣ ба роҳ монда шуд. Қаблан корро аз ҳисоби маблағҳои асосгузори медиахолдинг Муҳаммади Эгамзод оғоз намудем. Вале шуруъ аз моҳи март кулли маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳайати кормандони медиахолдинг аст. Бинобар ин албатта, мушкилоти иқтисодӣ зиёд мешаванд.

-Бубинед, алъон дар Тоҷикистон масъалаи фурӯши рӯзномаҳо яке аз мушкилоти калидист. Дар ин росто ҳадс зада мешавад, ки ҷаридаҳои Тоҷикистон хонандаи кам доранд. Дар ҳоле ки рӯзномаҳои хусусӣ, бино ба иттилоъи муассисини онҳо, аз ҳамин ҳисоб дар гардиш ҳастанд. Дар ин росто, масъалаи ба фурӯш рафтан ва хонанда доштани ҷаридаи «Тоҷикони Россия»-ро чӣ мегӯед?

-Системаи фурӯшу тақсим намудани газетаҳо дар Русия, хусусан дар Маскав бисёр хуб роҳандозӣ шудааст. Вале мо шомили ин система шуда наметавонем. Чаро? Аввалан, бинобар сабабҳои иқтисодӣ. Мо наметавонем ҳаққи хидмати ширкатеро, ки ба фурӯш машғул аст, пардохт намоем. Илова бар ин рӯзномаи мо қисман ройгон тақсим шуда ва инчунин қисме аз он фурӯхта мешавад. Дар ҳудуди бӯстонсарои Хонаи меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, дар консулгарӣ, дар сафорат ҷаридаи мо ройгон тақсим карда мешавад. Ҳамзамон дар он ҷое, ки тоҷикон сарҷамъона ба сар мебаранд, мо газетаро дар он ҷойҳо паҳн менамоем.

-Аз 23 000 адад рӯзнома метавонед гӯед, ки тахминан чӣ миқдори он ба фурӯш меравад?

-Дар ростои ин масъала барои мо аҷиб он хабар буд, ки гуфтанд, дар ҷойҳое, ки мо ҷаридаро ройгон тақсим мекунем, баъзеҳо бурда онро мефурӯшанд. Ин, албатта, ба фоидаи мост, зеро ҳадафи мо панҳ кардани газета ва дастрасии муҳоҷирон бо рӯзнома аст. Бинобар ин барои мо фарқ надоранд, ки касе ройгон газетаи моро гирифта, баъдан мефурӯшад ё қисман маблағро пардохт менамояд. Аз тарафи дигар ба суоли Шумо ба тавре мушаххас ҷавоб гуфта наметавонам, зеро намехоҳам байни онҳое, ки ба фурӯши рӯзнома машғуланд, рақобат ба вуҷуд биёрам.

-«Тоҷикони Россия» ягона рӯзномаи тоҷикист, ки мустақиман дар Русия чоп мешавад.  Баъзан дар роҳи таъсиси ВАО-и хусусӣ монеагузорӣ мешавад, хоса аз ҷониби мақомот...

-Мақсади Шуморо фаҳмидам. Дар ин росто ҷавоб чунин аст, ки то ҳол ягон фишорро эҳсос накардем. Хотиррасон менамоям, то замоне ки идораи медиахолдинг ба уҳдаи ҳайат вогузор шуд, Муҳаммади Эгамзод, муассис бо мақомоти расмии Тоҷикистон дар Русия ҳамкории зич дошт. Ҳамзамон мо низ намехоҳем, ки ин раванди ҳамкориҳоро барҳам занем. Баръакс ҳаракат менамоем, ки бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгарӣ ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошем.

2.tajinfo 234556Дигаре аз ҳадафи мо, ки хонданбоб намудани нашрия аст, ба ин хотир кӯшиш менамоем, ки тавозунро нигоҳ дорем. Ва дигар ин ки мехоҳем ба бозори иттилоотӣ молеро пешкаш намоем, ки харидор дошта бошад. Аз ин рӯ, чун дар рӯзҳои аввал ба ин шева фаъолият шуруъ намудем, баъзеҳо аз тарзи фаъолияти мо изҳори нигаронӣ намуда, дастрасӣ ба иттилооти моро каме мушкилтар намуданд. Аммо шукри Худо, ки кунун ҳама моро мефаҳманд. Ҳамзамон вобаста ба ин масъала бояд афзоям, ки мо ягон хати сиёсӣ надорем, ҳадафи мо объективӣ, бетарафона инъикос кардани масоил аст.

-Албатта, имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мушкилоти умдаи миллат аст ва журналистикаи тоҷик дар кишвар низ нисбат ба ин масъала бетафовут нест. Чун Шумо, ки бо муҳоҷирин дар як кишвар қарор доред, муносибататон бо муҳоҷирин ва ҳамкориву бархӯрди онҳоро бо масъулини «TajInfo» чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

-Албатта, муҳоҷирин ба мо муроҷиат карда, мехоҳанд ба баъзе суолоти худ ҷавоб гиранд, ҳатто ҷиҳати дарёфти ҷойи кор ҳам ба мо муроҷеъ мешаванд. Мо низ ба ҳадди имкон ба суолҳои эшон ҷавоб медиҳем.

Вақте агар ба саволҳои муҳоҷире, ки ба мо муроҷиат мекунад, ҷавоб дода натавонем, шумораи телефони ӯро сабт намуда, ба Хадамоти муҳоҷират ва ё сафорат муроҷиат карда, ҷӯёи ҷавоби суоли онҳо мешавем. Ва ё умуман, рақамҳои телефони сафорату намояндагии Хадамоти муҳоҷиратро ба онҳо медиҳем, то худ бевосита дар тамос шаванд.

Шуруъ аз шумораи охирон рубрикаи наве зери унвони «Аз мо пурсед!» ташкил кардем. Ин рубрика бо тавофуқи мо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бар маҳзи зангҳои телефонии муҳоҷирин рӯйи кор омад, то ба ин васила ба суолоти муҳоҷирин ҷавоб гуфта, ба ҳалли мушкилоти эшон мусоидат намоем.

-Дар ҳоле Шумо аз ҳамкории худ бо сафорат қайд кардед, ки бештари муҳоҷирини бо ман ҳамсуҳбатшуда аз таваҷҷуҳи сафорат ба онҳо на қаноатманданд, балки шиква менамоянд. Оё буданд афроде, ки назди Шумо шикоят аз фаъолияти сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия оварда бошанд?

- Бале. Вале бояд гуфт, бештари шикоят сари фаъолияти консулгарӣ ҳастанд. Муҳоҷирин шикоят мекарданд, ки он ҷо навбат зиёд аст ва «Варақаи бозгашт ба Ватан» гирифта наметавонанд.

Агар мунсифона ба ин масъала нигарем, аз он ки ҳамватанони мо дар гармиву сардӣ назди бинои консулгарӣ ба муҳлати зиёд навбат мепоянд, онҳоро водор менамояд, ки танқид кунанд. Мушкили дигар васеъ набудани саҳни консулгарӣ, зиёд набудани штати кормандони консулгариву сафорати мост. Ин сабаби азияти муҳоҷирини мо мешавад. Тасаввур намоед, ки ҳадди ақали муҳоҷирини тоҷикро дар Русия 1 миллиону 200 ҳазор мегӯянд. Бинобар ин бештар муҳоҷирин сари гирифтани «Варақаи бозгашт ба Ватан» ва ё дастрас кардани дигар гуна маълумотномаҳо шикоят менамоянд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi