13:28:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёддошти ҳамкории Рустами Эмомалӣ ва Козо Ташима

Рӯзи 9-уми июн дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и Душанбе маросими имзои ёддошти ҳусни тафоҳум байни иттиҳодияҳои футболи Тоҷикистону Ҷопон доир шуд.

fftajikistan-09062013Ба ин меморандум Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Козо Ташима, муовини раиси Ассотсиатсияи футболи Ҷопон, имзо карданд. Сипас роҳбарони созмонҳои футболи ҳарду кишвар ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ба дунболи ин маросим роҳбарони созмонҳои футболи Тоҷикистон ва Ҷопон дар як нишасти хабарӣ нуктаҳои асосии ин ёддошти ҳусни тафоҳумро тавзеҳ ва ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Дар нишаст зикр шуд, ки бар асоси ин ҳуҷҷат табодули таҷриба ва иттилооти завқмандии мутақобила миёни ассотсиатсияҳо, бошгоҳҳои футбол, академияҳои футбол ва дигар ташкилотҳои футболи ҳарду кишвар дар соҳаҳои инкишофи футболи оммавӣ ва ҷавонон, илм ва тиби варзишӣ, технологияи варзишӣ ва зерсохтор, мубориза бар зидди допинг ё маводи нирӯафзо, барномаи рушди футболи мардону занон, менеҷмент ё мудирияти варзишӣ, маркетинг, васоити ахбори умуми варзишӣ ва доварон дар назар аст.

Ҳамчунин дар асоси ин ҳуҷҷат, ҳамкориҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи кории мураббиёну доварон ва мутахассисони футбол, семинарҳо, симпозиуму конфронсҳо, барномаҳои рушди футбол, баргузории мусобиқот байни футболбозони синну соли мухталиф, табодули ҳайатҳои варзишӣ ва сафарҳои расмӣ  пешбинӣ шудааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон амалан дар соли 2010, вақте сар шуд, ки Федеросиюни футболи Тоҷикистон мураббии 51-солаи ҷопонӣ Чикаши Сузукиро  сармураббии дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таъйин кард. Ин тим ба раҳбарии Сузукӣ дар ин ҳафта дар мусобиқоти Ҷоми Каспий дар Озарбойҷон дар байни 12 тим ҷои 9-умро гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi