12:31:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСТАМ ЭМОМАЛӢ - ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛ

 

Фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақоми президенти Федератсияи футбол Сӯҳроб Қосимовро иваз кард. Вакилони конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 5 январ дар Душанбе баргузор шуд, якдилона Рустам Эмомалиро раҳбари ин федератсия интихоб карданд. Интихоби ӯ бидуни алтернатива ё рақиб сурат гирифт.

Рустами ЭмомалиРустам Эмомалӣ тӯли чаҳор соли оянда раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда хоҳад дошт. Валерий Турсунов ноиби аввал ва Азизбек Раҷабов ноиби президенти тозаинтихоби Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузида шуданд. Бо пешниҳоди Рустам Эмомалӣ Сӯҳроб Қосимов "Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон" интихоб ва Фирдавс Файзуллоев дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин гардид. Раиси нави ФФТ дар ин ҷаласа муҳимтарин вазифаҳои чаҳор соли ояндаи худро низ номбар кард.

Вакилони конфронс ҳамчунин ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ-ро дар ҳайати 11 нафар интихоб карданд. Ба ғайр аз президент ва ноибони ӯ, инчунин Шариф Назаров, Шоҳрух Саидов, Исроил Шарифов, Қоҳир Расулзода, Хуршед Мирзоев, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов ва Барот Ҳамидов аъзои кумитаи иҷроия шуданд.

Раиси фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов аз фаъолияти ин ниҳод дар солҳои 2008-2011 ҳисобот дод. Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ дар тӯли ин муддатро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки вазъи футбол дар кишвар нигаронкунанда унвон мешавад ва аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ аз дастаҳои рақибаш шикаст хӯрда, 17 гол сар дод ва дар ҷавоб 1 гол ҳам назад. ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё солона ба Тоҷикистон барои рушди футбол зиёда аз 700 000 доллар кӯмак мекунанд, аммо боздеҳи ин сармоягузориҳо дида намешавад.

Дар бозии дастаҳои лигаи олӣ ва аввали Тоҷикистон низ мушкилоти зиёд мавҷуд буда, сатҳи ҳирфаии бозигарон, мураббиён ва доварон ҳадафи танқиди доимии нашрияҳо ва мутахассисони футбол қарор мегирад. Аз ин нигоҳ, бархе аз коршиносон хушбин нестанд, ки ба мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон расидани Рустам Эмомалӣ метавонад, ба зудӣ вазъро дар футболи тоҷик тағйир диҳад.

​​Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон муовини президенти Кумитаи олимпӣ зимни суханроняш унвони "мураббии шоистаи Тоҷикистон"-ро ба Сӯҳроб Қосимов, раҳбари пешини ФФТ тақдим намуд. Дар кори конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон намояндагони ФИФА (Созмони байнулмилалии футбол) ва АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) низ ба ҳайси нозир ширкат карданд. Валерий Чухрий, намояндаи ФИФА, ки дар ин конфронс иштирок дошт, суханронӣ карда, ба раҳбари нави ФФТ "барори кор хост."

Номзадии Рустам Эмомалии 24-сола ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта пешниҳод гардид. Вай дар мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз кард, ки тақрибан даҳ сол инҷониб раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда дошт.

​​Сӯҳроб Қосимови 51-сола дар тӯли фаъолияташ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон борҳо мавриди "ҳамла"-и нашрияҳо низ қарор гирифта, барои "касбӣ" набуданаш дар ин мақом танқид шудааст. Рустам Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.

Ӯ, ки сарпарастии тими "Истиқлол"-и Душанберо бар дӯш дорад, моҳи ноябри соли 2010 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфта ва ба унвони муовини президенти ин федератсия ба кор оғоз намуда буд. Зимнан бархе аз мухлисони футбол гуфтаанд, дар мақоми нави худ Рустам Эмомалӣ бояд дигар рӯйи сарпарастӣ аз дастаи "Истиқлол" тамаркуз накунад ва ҳамаи дастаҳои футболи кишварро "ба як чашм" бинад ва ба рушди футбол дар саросари кишвар мусоидат намояд.

Рустам Эмомалӣ ҳамчунин дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон раҳбари раёсати мубориза бо қочоқ аст ва ноиби раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе буд.

Нарзуллоҳи Латиф, Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi