13:12:18 03-уми Июли 2025 сол

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҳамаи мо бояд як нуктаи басо муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолият имкон дод, то мо тавонем ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ ва ояндаи халқамонро аз нигоҳи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намоем. Фикр мекунам, ки мо ба варзиш ҳам бояд аз ҳамин мавқеъ баҳо дода, онро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем. Ба ибораи дигар, рушди соҳаи варзиш ва ҳарчи бештар оммавӣ гардонидани он бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон эътироф карда шавад ва дастгирии давлатии ин соҳаи муҳим ҳамаҷониба таъмин гардад.

 

Бо дарназардошти андешаҳои иброзгардида ва бо мақсади мусоидати бештар ба ҳалли ҳадафманди мушкилоти соҳаи варзиш, инчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ пешниҳод мегардад, ки  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад. Вазорату идораҳои дахлдор Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли ҷорӣ барои солҳои 2011-2013 аз ҷониби ҳукумат қабул гардидааст, ба барномаи панҷсола табдил дода, дар он масъалаҳои таъмир ва таҷдиди иншооти варзишӣ, масъулияти сохторҳои ваколатдор дар соҳаи варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гарданд.

 

Илова бар ин, ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи солҳои наздик бунёд намудани Маркази омодагии олимпӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш таваҷҷўҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир намуда, доир ба сохтмони маҷмааҳои варзишӣ дар сатҳи баланд, инчунин бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ чораҳои муассир андешанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрўзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ  буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму нерўманд аҳамияти бузург дорад.

 

Тарғибу ташвиқи мақсадноки он имкон медиҳад, ки аҳолии кишвари мо ҳарчи бештар бо варзиш машғул гардида, тарзи ҳаёти солим ва нерўи созандаи худро ба фарҳанги зиндагии замонавӣ мутобиқ созанд. Барои рушди соҳаи варзиш мо дар мамлакат имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода намоем. Дар рушду тавсеаи варзиш дар кишвари мо нақшу нуфузи шумо - варзишгарони мўҳтарам, хеле калон аст. Маҳз шумо бояд дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон зарурати пешрафту густариши соҳаи варзишро тарғиб намуда, таҷрибаи  худро ба онҳо омўзонед. Фаромўш насозед, ки насли ҷавони болаёқату меҳанпарвар ва бонангу номуси Ватан аз шумо ва корнамоиҳои варзишиатон сабақи бузурги ҳаётӣ мегирад ва устуворона аз пайи шумо меравад.

 

Шумо бояд бо кору пайкори ибратомўзи ҳамарўзаатон собит созед, ки варзиш маънои нерўмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирўз меҳисобад, дар замири ҳар як шаҳрванди ватандўсту бонангу номус аз ин дастовардҳои фарзандони шўҳратёри Ватан ифтихори беандоза бедор мешавад. Шумо дар ёд дошта бошед, ки миллати ҷисман солим рўҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад.

 

Итминони комил дорам, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи самтҳои варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад ва аз ҷумла корнамоиву пирўзиҳои шумо, ҳозирини гиромӣ, дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Орзу дорам, ки сулҳу амонӣ, файзу баракат, тансиҳативу пирўзиҳо ҳамеша насиби ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо - пешоҳангони соҳаи варзиш бошанд ва Ватану миллати соҳибтамаддуни мо дар радифи кишварҳои паҳлавонпарвару ояндасоз ҷой гирад. Дар фарҷоми сухан бори дигар ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири таҳкими шўҳрату обрўи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пирўзиҳои тоза ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо орзумандам.

 

Ҳамеша саломату дастболо бошед!

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3940-2010-12-21-06-11-57.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ