СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН
Аз ин рў, зарур аст, ки Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади рушди соҳа ҷавонону варзишгарони ояндадорро аз тамоми минтақаҳо интихоб намуда, барои қувваозмоии онҳо дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Мушкилоти дигари федератсияҳои варзишӣ шаффоф набудани фаъолияти молиявии онҳост. Баъзе федератсияҳои варзишӣ барои гузаронидани як чорабинӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ, ҳам Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳам федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони кўмакрасон маблағ мегиранд.
Чунин вазъият тақозо менамояд, ки сохторҳои марбута сарфу харҷи маблағҳои барои чорабиниҳои варзишӣ ҷудошударо таҳти назорат қарор диҳанд. Имрўз қисми зиёди федератсияҳо на танҳо суроғаи муайян, балки барнома ва нақшаи доимии фаъолият, толорҳои варзишӣ ва лавозимоти зарурии ба талаботи замон ҷавобгў надоранд, инчунин роҳбарони баъзе федератсияҳо шахсони тасодуфӣ мебошанд. Ҳоло фурсати он расидааст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар баробари андешидани чораҳои муассир барои оммавигардонии варзиш, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон намудҳои афзалиятнокро муқаррар намуда, дар доираи барномаҳои соҳавӣ маблағгузории онҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, доир ба ривоҷи намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла алпинизми кўҳӣ, тўби дастӣ ва монанди инҳо, инчунин ҷалби маъюбон ба варзиш чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, барои пешрафт ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои варзишӣ роҳбарии онҳоро бояд шахсони ташкилотчӣ ва дорои масъулияти баланд ба ўҳда гиранд. Дар навбати худ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ бояд натанҳо бо масъалаҳои молиявӣ машғул бошанд, балки фаъолияти федератсияҳоро давра ба давра таҳлил намуда, интихоби варзишгарон, тасдиқи барномаҳои омодагӣ, таъйини мураббиён ва доварони сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сарпарастонро зери назорат гиранд ва ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Илова бар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки вобаста ба муайян намудани имтиёзҳо барои соҳибкороне, ки варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ сохта, ба таври ройгон ба моликияти давлатӣ месупоранд, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузории соҳаи варзишро ҳамасола зиёд карда, ҳамзамон бо ин, як қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомадаро барои рушди соҳаи зикршуда равона намоянд.
Омили дигари ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар - сатҳи пасти таблиғоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори умум мебошад. Дар шароити имрўза ҳарчи бештар ва ҳадафноку пурмўҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозад.