10:50:30 01-уми Июли 2025 сол

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН

Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кўшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад. Замони шўравӣ даврони пешрафти оммавии варзиш арзёбӣ гардида, ҷавонон вобаста ба қобилияту истеъдод ва синну сол ба мактабу маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта мешуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки чандин варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ ба унвонҳои олии варзишӣ ноил гардида буданд.

 

Вале бо вуҷуди ҳамаи он имкониятҳо дар он замон шумораи варзишгароне, ки дар миқёси ҷаҳониву минтақавӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ аз Тоҷикистони мо ширкату ҳунарнамоӣ кардаанд, ангуштшумор буданд. Бо вуҷуди ин, мо имрўз номи Саидмўъмин Раҳимов, Зебуниссо Рустамова ва Иброҳим Ҳасановро ҳамчун номбардорони шарафи варзишии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтиром ба хотир меорем. Баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир бахшида ба рўзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо мардуми зиёд, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд.

 

Илова бар ин, танҳо дар се соли охир аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он зиёда аз 400 чорабиниҳои варзишӣ, чемпионатҳо, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ гузаронида шудаанд. Бо мақсади тарғиби ғояҳои олимпӣ ҳоло баргузории Рўзи дави миллӣ ба ҳукми анъана даромада, ба яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ табдил ёфтааст. Дар ин рўз садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи варзиш ва беҳдошти саломатии хеш фаъолона иштирок менамоянд.

 

Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки мо инро ҳангоми баргузории ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мушоҳида менамоем. Бешак, варзиши миллӣ низ дар радифи намудҳои варзиши муосир дар байни мардум мухлисони зиёд дошта, барои густариши тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Аз ин рў, мо бояд ҳарчи бештар кўшиш намоем, ки оммавияти ҳамаи намудҳои варзишро таъмин созем.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхориву чораҷўӣ карда истодааст. Дар чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Панҷакент ва Хоруғ, ноҳияҳои Данғара, Нуробод ва Роштқалъа қариб 300 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум   шаст баробар зиёд мебошад.  

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ