БОЗГАШТИ ГУРӮҲЕ ДИГАР АЗ ДОНИШОМӮЗОНИ ТОҶИК АЗ ЭРОН
Шаби гузашта 72 тан аз донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Машҳади Эрон ба ватан бозгаштанд. Ин донишҷӯён ва пайвандони онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон ва аз ибрози назар дар бораи наҳваи бозгашт ба ватан худдорӣ карданд.
Вале гуфта мешавад кормандони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон бо донишҷӯёни бозгашта сӯҳбатҳои тӯлоние доштаанд. Бино ба иттилоъи манобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин сеюмин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик аст, ки ба таври дастаҷамъӣ аз мадориси динии Эрон ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд. Дар моҳи гузашта дар ду парвоз аз мадориси мазҳабӣ, умдатан дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систону Балуҷистон, ки аз манотиқи аҳли тасаннуни Эрон маҳсуб мешавад, 130 донишҷӯйи тоҷик ба ватан бозгашта буданд.
Бозгашти ин афрод дар пайи дидори Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, бо мақомоти Эрон дар шаҳри Теҳрон дар авоили моҳи гузашта сурат гирифт. Оқои Зарифӣ аз ҷониби Эрон хостори мусоъидат ба бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси динии ин кишвар ба Тоҷикистон шуда буд. Аз сӯйи дигар, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон, дар ҷараёни дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар нимаи дуюми моҳи гузашта аз ӯ дархост карда буд, то мусоъидат кунад, ки донишҷӯёни тоҷик аз мадориси динӣ ба риштаҳои дигар мунтақил шаванд.
Бозгашти дастаҷамъии донишҷӯёни тоҷик аз мадориси кишварҳои исломӣ дар авоили моҳи гузашта шурӯъ шуда ва ба гуфтаи манобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон, то ҳол 778 нафар ба ватан бозгаштанд. Як манбаъи фурӯдгоҳи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳафтаи гузашта 15 донишҷӯйи тоҷик, ки дар мадориси исломии Афғонистон омӯзиши маҳзабӣ мегирифтанд, низ ба Тоҷикистон мунтақил шуда буданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамарӯза аз тарифи парвозҳое, ки аз Эрон ва кишварҳои дигари исломӣ ба Душанбе анҷом мешавад, теъдоде аз донишомӯзони мадориси исломӣ ба ватан бозгардонда мешаванд. Вай гуфт бештари ин афрод "ришҳои дарозе бебанду бор" доранд ва маъмурони амниятӣ пас аз ворид шудани онҳо ба фурӯдгоҳ "маъмулан бо онҳо суҳбат мекунанд ва сипас ҷавоб медиҳанд."
Ҷумъахон Ғиёсов, муъовини аввали раиси ин кумита, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бахши умдаи ин афрод донишҷӯёне ҳастанд, ки дар мадорис ва донишгоҳҳои Миср, Покистон ва Эрон таҳсил мекарданд. Ба гуфтаи оқои Ғиёсов, қарор аст то авохири моҳи ҷорӣ куллияи 1400 донишҷӯйи тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ омӯзиш мегиранд, ба ватан бозгарданд.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот бо сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ аз сокинони кишвар даъват кард, то фарзандони худро, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба ватан бозгардонанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар ғайри ин сурат "онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд."
Пас аз дидори Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури вақти Покистон аз Тоҷикистон, дар авохири моҳи майи соли 2002 беш аз 70 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадориси исломии Покистон таҳсил мекарданд, иҷборан ба ватан бозгардонда шуда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3869-2010-12-14-17-49-05.html