ТО ПОЁНИ МОҲИ ОЯНДА ДОНИШҶӮЁН БОЯД БАРГАРДОНДА ШАВАНД
Аз замони оғози бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои исломӣ ба ватан дар моҳи гузашта то ба ҳол 507 нафар ба Тоҷикистон баргаштанд. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон ин раванд ҳамчунон идома дошта ва барои бозгашти куллияи донишҷӯёни тоҷик зарбулаҷал таъйин шудааст. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар сӯҳбат бо Ҷумъахон Ғиёсов, муъовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон нахуст пурсидааст, ки ин зарбулаҷал аз сӯйи кадом ниҳод ва бо чи шарту шароит пешниҳод шудааст?
-Бар асоси мусаваббаи давлати Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷик бояд дар муддати се моҳ, яъне то охири моҳи оянда аз муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои исломӣ ба ватан бозгарданд.
Барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира муддати ниҳоии бозгашт рӯзи 15 декабр муқаррар шудааст. Ҳайати давлати Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони масъули Кумитаи дин ва Вазорати хориҷа бо кишварҳои исломӣ дар ин замина тавофуқ кардааст. Ин ҳайат дар Миср, Эрон, Покистон ва Арабистони Саъудӣ бо донишҷӯёни тоҷик низ дидор карда ва ин масъаларо ташреҳ додааст.
-Агар донишҷӯёни тоҷик дар муддати муқаррар барнагарданд ё аз иҷрои ин дастур сарпечӣ кунанд, сарнавишти онҳо чи хоҳад шуд?
-Банда дар раъси ҳайати Тоҷикистон дар Миср рафта ва бо масъулони Кумитаи амният ва Вазорати умури дохилаи ин кишвар мавзӯъи бозгашти донишҷӯёни тоҷикро матраҳ кардам. Онҳо гуфтанд, пас аз поёни ин зарбулаҷал донишҷӯёни тоҷик аз Миср ихроҷ ё дипорт хоҳанд шуд.
Бо масъулони ниҳодҳои зирабти Эрон, Покистон ва Арабистони Саъудӣ низ дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст. Бояд дар ин муддат куллияи донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон бозгарданд.
-Дар канори донишҷӯёни ғайрирасмӣ ҷавононе ҳастанд, ки дар ин донишгоҳҳо ба таври расмӣ омӯзиш мегиранд?
-Бале. Аммо теъдоди ин афрод кам аст. Масалан, дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз ҷумлаи 949 донишҷӯ танҳо 38 нафраи онҳо аз роҳҳои қонунӣ вориди ин донишгоҳ шудаанд. Ин донишҷӯёни тоҷик бо лайлия ё хобгоҳ таъмин буда ва ба онҳо идрорпулӣ пардохт мешавад.
-Зимнан, бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар Миср дар эътироз ба бозгашти иҷборӣ ба ватан дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира тазоҳур кардаанд. Тақозои аслии онҳо чи буда?
-Дар Қоҳира тазоҳурот баргузор нашудааст. Танҳо 35 донишҷӯи тоҷик ба манзури дарёфти иҷозатнома барои таҳсил дар Ал-Азҳар дар назди Сафорати Тоҷикистон таҷаммӯъ карда буданд. Аммо ба далели ғайрирасмӣ будани ҳузури онҳо дар Миср Сафорат ин дархостро рад кард.
Баъдан донишҷӯёни тоҷик талош карданд ба раиси Донишгоҳи Ал-Азҳар бо хитоба муроҷиа кунанд. Аммо масъулони Сафорати Тоҷикистон онҳоро мутақойид кард, ки ин амали ғайриконунӣ буда ва бояд онҳо аз роҳҳои расмӣ вориди ин донишгоҳ шаванд. Бад ин тартиб ин мушкил ҳалл шуд.
-Дар ҳамин ҳол, дуктур Фарҳод Ал-Мунҷӣ, як масъули Донишгоҳи Ал-Азҳар ба бозгашти иҷбории донишҷӯёни тоҷик, ки бо баҳонаи омӯзиши террорисм ва бунёдгароӣ дар донишгоҳҳои исломӣ анҷом мешавад, шадидан эътироз карда ва гуфтааст, ки омилони ин иддаъоро ба додгоҳ хоҳад кашид. Вақте шумо дар Қоҳира будед, масъулони донишгоҳ ин мавзӯъро матраҳ карданд?
-Дар Донишгоҳи Ал-Азҳар бо 150 донишҷӯёи тоҷик дидор карда ва паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро эълом кардем. Дар мулоқот гуфтем, ки Ал-Азҳар дар ҷаҳони ислом донишгоҳи мӯътабар буда ва дар ин ҷо ҳеч гоҳ террорист ё бунёдгаро омӯзиш надидааст. Давлати Тоҷикистон ин донишгоҳро ба унвони муассисоти таҳсилоти олии мӯътабири ҷаҳон эътироф кардааст.
-Чун ҳадафи аслӣ аз бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ “ҷилавгирӣ аз омӯзиши террурисм ва бунёдгароӣ” талақӣ шуда буд, пас чаро донишҷӯёни тоҷик аз ин донишгоҳ иҷборан бозгардонда мешаванд?
-Далели ин амр ба низом даровардани таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. То ҳол иттилоъи дақиқ дар даст нест, ки чи теъдод аз донишҷӯён дар кадом кишвари исломӣ таҳсил мекунанд. Бештари афрод бо баҳонаи тиҷорат ба Русия ё кишварҳои арабӣ ба ин донишгоҳҳо омадаанд. Ҳадафи мо аз бозгардондани ин донишҷӯён ба ватан сабти номи расии ин афрод дар вазорати маорфи кишвар ва сипас, бар асоси саҳмияҳои давлат ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристодан аст.
-Чаро теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар худи донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мушаххас ва таҳсили расмии ин афрод таъмин нашуд? Магар ин иқдом содаю камхарҷ набуд?
-Воқеъан ин масъала бо раиси Донишгоҳи Ал-Азҳар матраҳ шуд. Дар феҳристи донишҷӯёни тоҷик 949 нафар сабт шудаанд, ки 90 дар сади онҳо дар риштаи омӯзиши дин таҳсил мекарданд. Бахши аслии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ забони тоҷикиро хуб намедонанд. Бо ҳуруфи сирилик ному насаби худро бидуни ғалат навишта наметавонанд. Аз ин лиҳоз, худ мебуд аввал дар муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон таҳсил карда ва сипас, ба хориҷа раванд.
-Бозгардондани донишҷӯён аз кишварҳои исломӣ ба муносибати Тоҷикистон бо ин кишварҳо чи асар хоҳад гузошт?
-Ин вазъият дар равобити Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ асари номатлуб нахоҳад дошт. Зеро давлатҳои исломӣ худ аз ин иқдом пуштибонӣ карданд.
-Бархе аз донишҷӯён, ки ба ватан баргаштаанд, иброз доштанд, ки мехоҳанд бо мувофиқати вазорати маорифи Тоҷикистон дубора ба таври расмӣ ба донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ баргарданд. Ин имкон вуҷуд дорад?
-Чун бештари донишҷӯёни тоҷик аз 2 то 4 сол дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд, вазорати маориф ва ҳукумати Тоҷикистон сарнавишти баъдии ин афродро баррасӣ кард. Қарор шуд, ки ин афрод бар асоси озмун дар донишкадаи исломӣ ва донишгоҳҳои дунявии Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд.
-Вале раиси донишкадаи исломии Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар шароити феълӣ ин донишкада имкони пазируфтани донишҷӯёни ба ватан бозгаштаро надорад. Муассисоти таҳсилоти олии дунявии ин кишвар низ гуфтанд, муддати шомил шудан ба ин муассисот дар фасли тобистон поён ёфтааст. Яъне, донишҷӯён муддати 10 моҳ бекор хоҳанд монд?
-Мумкин аст, бархе аз донишҷӯёни беҳтарин дар Донишгоҳи миллӣ ва донишгоҳҳое, ки забони арабӣ тадрис мешавад, шомил шаванд. Ин масъала ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шуда ва дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
-Шояд ба амри тасодуф бошад бозгардонадани донишҷӯён аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ бо масоили дубора матраҳ шудани манъи ҳиҷобу риш ва адои намоз дар масҷиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамзамон шуд. Миёни ин ҳаводис рабте вуҷуд дорад?
-На. Мавзӯъи бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ пас аз ҳамалоти террористӣ дар водии Рашт дар шарқ ва дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон матраҳ шуд. Иддае аз террористҳо, ки дар ин ҳамалот даст доштанд, дар муассисоти таҳсилоти олӣ ва мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд.
-Ду соле қабл дар Тоҷистон бузургдошти Имоми Аъзам, раҳбари равияи Ҳанафии ислом баргузор шуда ва шаҳри Душанбе Маркази фарҳанги исломии ҷаҳон эълом шуда буд. Аммо дар соли ҷорӣ муносибати мақомоти Тоҷикистон дар баробари арзишҳои исломӣ комилан тағйир карда. Чаро? Шояд ин кор бо фишори Русия ё Ӯзбакистон анҷом шудааст?
-Русия ё кишварҳои минтақа дар ин таҳаввул даст надоранд. Илали аслии ин вазъ фарори 25 зиндонӣ аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳаводиси водии Рашту шаҳри Хуҷанд давлати ин кишварро водор сохт, то барои таҳти назорат гирифтани ҷавонон иқдом кунад.
-Аммо ришу ҳиҷоб ба амнияти давлат хатаре надорад. Ҳамин тур нест?
-Мо ба пӯшидани либоси сиёҳ ва пӯшондани рӯйи занҳо мухолиф ҳастем. Занҳо метавонанд бо либоси миллӣ ва сатр дар хиёбону маҳалли омм зоҳир шаванд. Дар мавриди ҳодисаҳои дар хиёбону бозорҳо боздошт шудани ҷавонони ришдор ва зӯран тарошидани риши онҳо дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон сару садоҳое расидааст. Аммо дар ин замина иттилоъи дақиқу расмӣ дар даст нест.
Ришро “суннати паёмбарӣ” мегӯянд. Аммо бояд ришгузорӣ низ расму тартиби худро дошта бошад. Ҷавононе ҳастанд, ки ришашон то қафаси сина мерасад. Агар риш кӯтоҳу зебо бошад ҳеч кас мухолифат нахоҳад кард.
-Барои сӯҳбат сипосгузорам.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3599-2010-11-17-18-34-05.html
Шарҳҳо
RSS Обуна