ҶАВОНОНИ КӮЛОБ ВА ИФРОТГАРОИИ МАЗҲАБӢ

Минтақаи Кӯлоб пойгоҳи қудрати сиёсӣ барои давлати феълии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар пайи оғози ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар оғози даҳаи 1990 Кӯлоб ба маҳалли муҳимме табдил шуд. Зеро дар натиҷаи муборизаи мусаллаҳона бо мухолифони исломӣ, намояндагони ин минтақа барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон қудрати сиёсӣ дар кишварро ба даст гирифтанд. Сиёсатмадорони кӯлобӣ инак ба муҳимтарин курсиҳои қудрат дар кишвар такя задаанд.
Бисёре аз ҷавонони ин минтақа, ки дар гузашта узви Фронти Халқӣ дар баробари гурӯҳҳои исломӣ буданд, акнун ба назар мерасад ба роҳи мутафовите мераванд. Шаҳри Кӯлоб дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз назари иқтисодӣ пешрафти чандоне надошт. Акнун ҳамроҳ бо тарҳҳои тавсеъа ва навсозӣ, аз дарвозаи ин шаҳр зоҳиран андешаҳои ифротгароёнаи мазҳабӣ ҳам ба Кӯлоб ворид мешавад.
Ҳудуди ду даҳа қабл Фронти ҳалқӣ ё Ҷабҳаи мардумӣ дар ин ҷо таъсис ёфт. Тарафдорони ин ташаккули сиёсӣ ва низомӣ бо гурӯҳҳои исломӣ ва ҳаводорони онҳо мубориза мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон, яке аз раҳбарони ин ҷабҳа ва узви порлумони вақти Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлоси порлумони кишвар дар шаҳри Хуҷанд, ба унвони раиси порлумон ва раҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шуд.
Ин таҳаввул ба умри чандмоҳаи ҳукумати эътилофӣ, ки дар канори куммунистҳо, намояндаҳои гурӯҳҳои исломӣ ва миллӣ ҳам дар он узвият доштанд, поён дод. Оқои Раҳмон дар яке аз аввалин суханрониҳояш дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт: “Ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.Ва то интихоботи нав ҳамаи мо ҳозирини ин толор бояд бо ҳам ёру бародар бошем, ҳамфикр бошем ва тамоми тадобирро бубинем ки дар ҷумҳурӣ пеши роҳи ҷангу хунрезӣ гирифта шавад.”
Аммо ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон панҷ соли дигар идома ёфт ва танҳо дар соли 1997 тавофуқи сулҳ имзо шуд. Коршиносон муҳимтарин дастоварди давлати Эмомалӣ Раҳмонро дар 18 соли раҳбарии ӯ поёни ҷанги дохилӣ ва тавофуқ бо гурӯҳҳои исломӣ медонанд. Аммо яке аз иттиҳомоти аслии мухолифонаш нисбат ба ӯ, тамаркузи қудрат дар дасти намояндагони як маҳал аст.
Бархе коршиносон мегӯянд, насли ҷавони ин ҷо эҳтимолан аз раҳбарони ояндаи Тоҷикистон хоҳанд буд. Суол ин ҷост,ки онҳо дар бораи густариши ифротагройии мазҳабӣ чӣ андеша доранд? Орзуи Ҳомид, 23 сол дорад. Ӯ ҷавонтарин номзад дар интихоботи ахири порлумонии Тоҷикистон буд ва дар ин интихобот ноком монд. Аммо иддаъо дорад, ки орои ӯро ба нафъи номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи маҷлиси маҳаллӣ рабудаанд. Орзу 3 сол пеш ҳафтаномаи мустақили “Пажвок”-ро дар Кӯлоб таъсис дод.
Ба ақидаи вай ҷавонони Кӯлоб дар муносибат бо ислом ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: “Гурӯҳе ба ин назар аст, ки ба хотири таҳкими пояҳои ислом ва боло бурдани мавқеъи ислом дар ҷомеъа зарур аст ба ҳизбҳо ва ҳаракатҳое, ки аз ислом пуштибонӣ мекунанд, пайваст. Гурӯҳи дигар чунин назар доранд, ки чун қонунҳои ҷории кишвар исломро он қадар сахт маҳдуд накардааст, ба мо чунин ҳизбу ҳаракатҳо зарур нестанд.”
Аммо ба назар мерасад, ки гароиши мардум ба ислом ва гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дар Кӯлоб монанди соири манотиқи кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ориф ва файласуфи форсизабони қарни 14 милодӣ, ки дар Ҳамадони Ирон ба дунё омад ва дар Кашмири Ҳиндустон зист, дар Кӯлоб воқеъ аст. Мардуми маҳалӣ нисбат ба ин шахсияти адабӣ ва мазҳабӣ эҳтироми бисёр зиёде доранд ва ӯро “Ҳазрати Амирҷон” ном мебаранд.
Ба эътиқоди Қувваталӣ Туридиев, мутаввалии ин оромгоҳ, гурӯҳҳо ва созмонҳои мазҳабии ғайрирасмӣ дар минтақаи Кӯлоб тарафдорони зиёде надоранд. “Агар чунин ҷараёнҳо асос ва зербанои мустаҳкам медоштанд, пайравони онҳо дар ин минтақа рӯз то рӯз зиёд мешуд. Азбаски чунин набуд, онҳо як бор пайдо шуданду аз байн рафтанд.”
Аз тарафи дигар, мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар соли милодии ҷорӣ ҳади ақал 15 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ ва ғайрирасмие монанди Салафия, Ҷамоъати Таблиғ ва Ҳизбуттаҳрир дар минтақаи Кӯлоб муҳокима ва зиндонӣ шудаанд.
Рустами Набот, рӯзноманигори маҳаллӣ: “Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагони дини мубини ислом ва бахусус воизон аз озодии комил бархӯрдоранд. Бештари ҷавонон ба вазъгӯии домуллоҳо ва воизон таваҷҷӯҳ доранд. Аммо бахшҳои идеулужӣ ва маънавиёти ҳукуматҳои маҳаллӣ барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҷавонон ба қадри кофӣ фаъолият намекунанд.”
Ҳар намози ҷумъа дар масҷиди тозабунёди шаҳри Кӯлоб бо имомати Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, садҳо намозгузор аз саросари Тоҷикистон ширкат мекунад. Ҳоҷӣ Мирзо аз таҳсилкардаҳои донишгоҳҳои исломии Покистон аст. Д В Д- ҳои суханрониҳои ӯ на танҳо дар миёни мардуми Кӯлоб маҳбубият дорад, балки гуфта мешавад муҳоҷирони тоҷик ҳам дар Русия ин ДВД-ҳоро даст ба даст мекунанд.
Ба назари Хайём, ки донишҷӯст, ҳоло намоз хондан ва мазҳабӣ будан сабки зиндагии бисёре аз ҷавонони Кӯлоб шудааст. “Ин рӯзҳо рафтан ба масҷид, ба вижа ширкат дар намози ҷумъа барои навҷавонон як навъ мӯд шудааст .”
Адолат, донишҷӯи дигар мегӯяд, ӯ дӯст дорад бо пӯшиши мазҳабӣ ба донишгоҳ биравад, аммо наметавонад. “Падару модарам иҷозаи доштани ҳиҷоби исломиро ба ман намедиҳанд ва рафтани духтарон ба донишгоҳ бо русарӣ ҳам мамнӯъ аст.Танҳо пас аз хатми Донишгоҳ, метавонам ҳиҷоб дошта бошам.”
Аз тарафи дигар, баъзе аҳзоби мухолиф, муассир набудани барномаҳои иқтисодии давлат ва афзоиши фақрро яке аз сабабҳои дигари рӯ овардани ҷавонон ба ислом ва созмону гурӯҳҳои динӣ медонанд. Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд: “Дар ин минтақа нуфузи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Дар баробари ин ҳукумат дар ин ҷо нуфузи мардумии худро аз даст медиҳад.”
Чунин ба назар мерасад, ки норизоиятӣ аз сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии давлат заминаро барои густариши фаъолияти аҳзобу созмонҳои мазҳабии расмӣ ва мамнӯъ дар минтақаи Кӯлоб мусоид кардааст. Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби аслии гароиши иддае аз ҷавонон ба самти ифротгаройии динӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳам фақр, фасоди молӣ ва мушкилоти иҷтимоъист. Ба андешаи соҳибназарон ҳоло ин минтақа ҳам монанди манотиқи дигари Тоҷикистон бештар дар маърази осеби бунёдгароии мазҳабӣ қарор дорад.
Сӯҳроби Зиё, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3248-2010-09-30-13-58-28.html