12:13:19 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Россия, ба пеш!

Пеш аз ҳама мехоҳам тамоми мухлисони футболи мунтахаби Россияро бо ин комёбии бузург, яъне роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонии 2018 табрику муборакбод намоям. Бале, мунтахаби ин кишваре, ки то оғози мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонии 2018 тибқи рейтинги ФИФА дар зинаи ҳафтодум мунтахабҳои кишварҳои ҷаҳон ҷойгир шуда буд, акнун дар қатори ҳашт беҳтарини мунтахаби футболи олам мавқеъ гирифт.

1 f6e66e95

Ва чӣ тавре, ки сармураббии ин тим Станислав Черчесов баъди ғалаба бар Испания ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳанӯз оғози кор аст. Бале, чунин ба назар мерасад, ки роҳи мунтахаби футболи Россия барои қаҳрамони ҷаҳон шудан ҳамвор шудааст. Дар таърихи навини Россия ин бори аввал аст, ки мунтахаби футболи ин кишвар дар мусобиқа барои гирифтани Ҷоми Ҷаҳон ба даври чорякниҳоӣ мебарояд.

Вале бо дарназардошти он, ки Россия меросхӯри асосии давлати як вақтҳо абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва мо, тоҷикистониҳо, ҳам замоне шаҳрвандони он будем, метавонем аз таърихи пуршарафи футболи он чандин саҳифаҳои дурахшонро бо ифтихор мисол биёрем. Яъне гуфтанӣ ҳастем, ки ин комёбии мунтахаби Россия заминаи қавие аз қабл доштааст, ки дар омодасозии ин замина падарону бобоёни мо -собиқ шаҳрвандони СССР саҳм доштаанд.

chempionat-mira-1966-sbornaya-sssr

Оре, мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ гоҳ қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол набудааст. Вале бозингарони он шаҳди ғалабаро дар Бозиҳои олимпӣ ва Ҷоми Аврупо борҳо чашидаанд. Мунтахаби футболи СССР дар Бозиҳои олимпии Мелбурн 1956 ва Пхенян 1988 медалҳои тилло ва дар Бозиҳои олимпии Мюнхен 1972, Монреал 1976 ва Москва 1980 медалҳои биринҷиро ба даст овардаанд. Воқеан, дар вохӯрии ниҳоии Бозиҳои Олимпии Мелбурн 1956 мунтахаби СССР оид ба футбол бо мунтахаби Югославия қувваозмоӣ кард ва мунтахаби СССР бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда буд.

sbornaya-sssr-vyhodit-na-match

Баъди 62 сол 7-уми июли 2018 мунтахаби Россия- меросхӯри мунтахаби СССР бо мунтахаби Хорватия- яке аз меросхӯрони мунтахаби Югославия , дар даври чорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Фишт»-и шаҳри Сочи бо ҳам қувва меозмоянд. Расо 30 сол муқаддам дар вохӯрии ниҳоии Бозиҳои Олимпии Пхенян 1988 мунтахаби СССР мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда буд ва бори дуввум қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд.

Аз эҳтимол дур нест, ки мунтахаби Россия бо мунтахаби Бразилия дар Ҷоми Ҷаҳонии 2018 ҳам боҳам қувва озмоянд. Ин дар сурате эҳтимолан рух хоҳад дод, ки ҳарду тим ба ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2018 роҳ ёбанд. Агар чунин ҳодиса ба вуқуъ пайвандад, мунтахабҳои футболи Россия ва Бразилия метавонанд ё дар бозии ниҳоӣ ва ё дар бозӣ барои ҷои сеюм байни худ рақобат кунанд.

match-sssr-portugaliya-eysebio

Мунтахаби СССР ва мунтахаби Югославия соли 1960 дар бозии ниҳоӣ барои гирифтани Ҷоми Аврупо дар «Парк де пренс»-и Парижи Фаронса байни ҳам қувваозмоӣ карданд ва мунтахаби СССР бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба карда унвони қаҳрамони Аврупоро касб намуд. Тӯбҳоро ба дарвозаи югославиҳо Слава Метревели («Динамо» Тбилиси) ва Виктор Понидельник («СКА» Ростови лаби Дон) зада буданд.

Мунтахаби СССР оид ба футбол дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон низ дастовардҳои хубе доштааст, ки беҳтарини он ҷойи чорум дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 1966 дар Англия мебошад. Ёд дорам, ки синфи ҳафтумро навакак хатм карда ба синфи ҳаштум гузашта будам. Худораҳматии падари бузургворам Ҳамад, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, алоқаманди сахти футбол буданд. Бозиҳои асосии мунтахабҳои футболи ҷаҳон, бозиҳои лигаи олӣ ва лигаи аввали футболи Иттиҳоди Шӯравиро пайгирӣ мекарданд.

sbornaya-sssr-pervyi-chempion-evropy

Тимҳои дӯстдоштаи он кас «Динамо» Тиблиси ва «Энергетик»-и Душанбе буданд. Бозингарони ин тимҳоро ном ба ном медонистанд. Ин завқу хислатҳои накӯи падар ба мо фарзандон таъсири худро нагузошта наметавонист. Мо, фарзандони ӯ, низ футболбозиро зиёд дӯст медоштем. Бандаи камтарин аз синфи ҳаштум узви дастаи мактаби миёнаи рақаи 45-и шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод будам. Дар ин мактаб хонандагон бо чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ таҳсил мекарданд.

lev-yashin-v-igre

Тими футболбозони мактаби мо дар ноҳия яке аз тимҳои қавӣ ба шумор мерафт. Аксаран дар мусобиқаҳои байнимактабӣ мо ғолиб меомадем. Онро Александр Разумный хатмкардаи ҳамин мактаб, ки узви яккачини тими футболи ноҳия буд, тамрин медод. Хулоса , чанде пеш аз оғози Ҷоми Ҷаҳонии футболи 1966 падарам аз мағозаи шаҳрчаи Ҷилликӯл як телевизони тамғаи Рекорд 64-ро, ки экрани на чандон калон дошт, кредит гирифтанд.

Бори аввал бандаи камтарин гузоришҳои шореҳони машҳури футбол Николай Озеров, Котэ Махарадзе, Владимир Маслаченко ва дигаронро аз ҳамон телевизор, аз ҷараёни бозиҳои ҷоми Ҷаҳонии 1966 тамошо кардам. Он замон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол 16 мунтахаб дар чор гуруҳ тақсим шуда байни худ рақобат мекарданд. Аз гуруҳҳо мунтахабҳое, ки ҷойҳои якуму дуюмро ишғол мекарданд, якуякбора ба чаҳорякниҳоӣ мебаромаданд.

1 8192476d

Дар Англия СССР дар гуруҳ ҳарсе рақиби худ: мунтахаби Кореяи Шимолро бо ҳисоби 3 бар 0, мунтахаби Италияро бо ҳисоби 1 бар 0, мунтахаби Чилиро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ мунтахаби Венгрияро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст медиҳад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз мунтахаби Олмони Федеративӣ бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст мехӯрад. Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм низ аз мунтахаби Португалия мағлуб мегардад. Вале он вақт ба мунтахабҳое, ки ҷои чаҳорумро дар Ҷоми Ҷаҳонии футбол мегирифтанд, низ дар баробари мунтахабҳои ҷои саввумро ишғолкарда медалҳои биринҷӣ эҳдо мекарданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби СССР дорандаи медали биринҷии Ҷоми Ҷаҳонии 1966 дар футбол мебошад. Он бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 1966-ро ҳеҷ гоҳ аз ёд бароварда наметавонам. Оё мешавад ҷаҳишҳои фантастикии машҳуртарин ва бузургтарин дарвозабони ҷаҳон, узви мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ Лев Яшинро фаромӯш кард. Чӣ гуна тӯбҳои зебои ба дарвозаи мунтахабҳои дар болозикршуда задаи Эдуард Малофеев, Игор Численко, Валерий Поркуян, Анатолий Банишевский барин бозингарони нотакрор азёд мераванд?

1 0e76aff5

Азхудгузариву шуҷоат, истеъдоду маҳорати баланди бозингароне чун Муртаз Хурсилава, Валерий Варонин, Алберт Шестернев, Слава Метревели, Галимзян Хусаинов ва дигарон дар мо навҷавонони солҳои шастуми асри гузаштаи мелодӣ ҳисси ифтихор аз Ватани паҳноварамон СССР-ро бештар мекарданд. Бозиҳои хеле хуби мунтахаби Россия дар бозиҳои кунунии Ҷоми Ҷаҳонии футбол маро ба ёди он рӯзҳои накӯ бурданд. Бовар дорам, мунтахаби Россияро комёбиҳои бештаре дар пешанд.

Имрӯз бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернет баъди аз идомаи бозиҳо барои қаҳрамони ҷаҳон шудан канор мондани мунтахабҳои маъруфе чун қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии 2014 Олмон, қаҳрамони Чоми Ҷаҳонии 2010 Испания, дукарат қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии солҳои 1978 ва 1986 Аргентина, қаҳрамони футболи Аврупо мунтахаби Португалия чунин андешаи ғалатеро ба дигарон талқин карданӣ мешаванд, ки гӯё баъд аз ин идомаи тамошои бозиҳо дигар маъно надорад.

Гӯё мунтахабҳои беҳтарин аз бозӣ баромаданду мунтахабҳои сусттарин барои Ҷом бозиҳоро идома медиҳанд, ки ин билкул андешаи ғалат ва муғризона аст. Таҳлилҳои шореҳони байналмилалии футбол аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мунтахабҳое, ки бозиҳоро идома медиҳанд аз ҳар ҷиҳат: ҳам руҳан ва ҳам ҷисман аз мунтахабҳое, ки Ҷоми Ҷаҳониро бино бар сабаби бохтҳои хеш тарк карданд, қавитару омодатар будаанд ва комёбии ҳар яке аз онҳо асоси воқеӣ дорад.

1 6245efa4

Бубинед, имрӯз аз пушти ҳар як бозингар дар майдонҳои варзишӣ ҳини қувваозмоӣ як камераи ходимони ФИФА кор мекунад. Яъне аз пушти 22 бозингар 22 нафар камерачӣ ҳар як ҳаракату қадами бардоштаи онҳоро сабт мекунанд ва таҳлилгарону оморшиносон онҳоро ҳисобу китоб менамоянд. Дар давоми бозӣ бозингар чанд километр медавад, чанд бор тӯбро аз рақиб мегирад, ё баръакс, ба ҳариф иштибоҳан медиҳад, чанд маротиба бо сар тӯбро мезанад, чанд бор партофти хуб мекунад, чанд бор ба тарафи дарвоза мезанад ва ғайраву ҳоказо. Танҳо як мисол меорам.

Яке аз ҷавонтарин бозингарони Ҷоми Ҷаҳонии 2018 Килиан Мбаппе, узви тими Фаронса дар давоми як бозӣ дар баъзе лаҳзаҳо суръати давашро то ба 37 километр дар як соат мерасондааст. Воқеан, Мбаппе яке аз комёбиҳои шоҳи футбол Пелеро, ки дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 1958 дар Шведсия ба даст оварда буд, низ дар ҳамин Ҷоми Ҷаҳонии 2018 такрор кардааст. Килиан Мбаппе дар таърихи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол пас аз Пеле дуввумин бозингари то 20 сола ҳаст, ки дар қисмати ниҳоии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар як вохӯрӣ ба дарвозаи ҳарифаш ду тӯб задааст.

Хулоса, бурду бохти ҳар як бозингар ва дар ҷамъ ҳар як тим бо ин таҷҳизоти пешрафтаи ҳозиразамон барои ҳама ошкору муайян мешавад. Барои ҳамин ҳам мутмаинан гуфтан мумкин аст, ки он ҳашт тиме, ки муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми Ҷаҳони футбол идома медиҳанд, дар ҳоли ҳозир беҳтарин мунтахабҳои ҷаҳон оид ба футбол ба ҳисоб мераванд.

Барои чӣ ман ҳаводори мунтахаби Россия ҳастаму мехоҳам он ғалаба кунад? Пеш аз ҳам барои он ки Россия ҳам, мисли Тоҷикистони азизам, мисли собиқ дигар ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ барои ман як гӯшаи ҳамон Ватани бузурги ман-СССР аст. Кишваре, ки дар он ҷо таваллуд шудам, ба воя расидам, таҳсили илм кардам, ҳамчун инсон ташаккул ёфтам. Агар мунтахаби Тоҷикистони азиз дар ин мусобиқа ширкат мекард, албатта ҳаводории онро мекардам.

1 da253a0c

Мутаассифона, ба ҷуз аз мунтахаби Россия дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ натавонистанд ба бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018 роҳхат бигиранд. Танҳо Россия ҳамчун мизбон дар он ширкат мекунаду халос. Аз сӯи дигар имрӯз дар Тоҷикистон оила ва хонаводаеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки бо Россияи муосир пайвандие надошта бошад. Қариб дар ҳар як хонавода имрӯз камаш як ё ду нафар узви он табаи душаҳрвандӣ дорад. Баъзан аҳли як байт ҳамагӣ барои кор ба Россия рафтаанд ва дар он ҷо ризқу рӯзии худро пайдо карда ҳамон чо мондаанд.

Яъне дар ҳамон ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Бовар дорам, ки қариб ҳамаи онҳо, яъне бародарони мо, хешу таборҳои мо, дӯстони мо, ҳамватанони мо, ки дар Россия ҳастанд ва наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон дар бозиҳои мазкур ҳаводории мунтахаби Россия мекунанд. Банда ҳам бисёр мехоҳам, ки Россия ғалаба кунад. Ғалабаи Россия дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018, мутмаинам, ки ба рушду нумӯи футбол дар кишвари азизам Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки дар Ватани азизамон Тоҷикистон низ дар солҳои охир барои рушди футбол заминаи хубе гузошта шудааст. Қариб дар тамоми марказҳои ноҳияҳои кишвар варзишгоҳҳои хубе бунёд шуданд. Бунёди тақрибан 90 майдончаи варзишии ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар ин авохир шавқу рағбати наврасонро ба ин бозии умумихалқӣ боз ҳам хеле зиёдтар кардааст.

Фаъолияти ду телевизиони варзишӣ низ дар ҳамин самт ба манфиати кор аст. Дар сурати пеш гирифтани сиёсати созанда ба хотири рушди футбол ва дуруст истифода бурдан аз варзишгоҳҳои мавҷуда ҳатман онҳо дар даҳ -дувоздаҳ соли оянда самараи хубе хоҳанд дод. Ғалабаи Россия дар Ҷоми Ҷаҳонии 2018 таконе хоҳад шуд дар рушди футбол дар Тоҷикистон.

Россия, ба пеш!

Султони Ҳамад

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi