13:30:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Валерий Турсунов - ситораи футболи Тоҷикистон

Дер боз мехостам дар бораи ситораи футболи Тоҷикистон ва яке аз футболбозони машҳури шӯравӣ Валерий Юлдошевич Турсунов хотираҳои худро рӯи саҳифа оварам. Хонандаи закитабъи ман шояд савол диҳад, ки чаро? Фикр мекунам, ки иншои хотирот доири ин шахсияти машҳури варзишии Тоҷикистон, ки замони шӯравӣ дар сатҳи Иттиҳод бисёр машҳур ва яке номбардорони аслии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он буданд, вазифаи аслии мо мухлисони футболи ватанӣ ва қаламкашон ҳаст.

1-tursunov 45784512Валерий Турсунов замони шӯравӣ барои ҳар як Тоҷикистони бисёр ва бисёр азиз буд. Ин футболбози на он қадар қоматбаланд (агар аз хотираам нарафта бошад 174 см қад дошт) ва лоғарандом дар таърихи футболи тоҷик ба фикрам беҳтарин футболбоз дар асри рафтаи ХХ арзёбӣ мегардад. Ӯ соли 1954 дар Кӯлобшаҳр ба дунё омада, дар мактаби наврасони футболи ин шаҳр сабақ омӯхта, баъдан ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе дохил шуда онро бомуваффакияти хатм намудааст.

Овони наврасии ӯ аз устодон бо ҷидду ҷаҳди хоса нозукиҳои футболро омӯхта, замони навҷавонӣ дар тимҳои устодони класси «Б» (Чемпионати Тоҷикистони шӯравӣ) - «Равшан» ва тими Донишгоҳи Политехникӣ баромад намудааст. Бозингари ҷавони болаёқатро дар тими охирин тренерони клуби асосии кишвар «Помир»-и Душанбе, ки дар лигаи якуми СССР шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя мекард зуд зери чашм карданд ва ӯ аз соли 1974 ба ин клуби замоне овозадор ба ҳайси ҳуҷумкунанда даъват карда шуд .

Ӯ аз нахустин бозиҳои худ дарак дод, ки  беҳтарин футболбози Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар аввалин бозии худ, ки муқобили тими «Торпедо»-Кутаиси Гурҷистон сурат мегирифт тавонист, ки ба дарвозаи дарвозабони машҳури шӯравӣ Отар Габелия на як, балки ду тӯб занад. Футболбози ҷавони дар кору амали худ ҷиддӣ, ки соҳиби техникаи баланди тӯбронӣ, хунсардӣ ва рӯҳияи пурқувват буд, тавонист, ки дар клуби асосии ҷумҳурӣ барои солҳои зиёде ҷою мавқеъи асосиро ишғол намуда, бо бозию техникаи баланди тӯбронӣ ва голҳои зебоӣ худ на танҳо мухлисони «Помир»-у Тоҷикистон, балки таваҷҷӯҳи мухлисони зиёди СССР-и бекарон ва мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб кунад.

Валерий Турсунов муддати тӯлонӣ 15 сол дар клуби «Помир» ҳамчун ҳуҷумкунанда таҳти №11 солҳои 1974-1988 баромад намуда, худро беҳтарин нишонзан, беҳтарин ҳуҷумкунандаи на танҳо «Помир», балки лигаи 1-уми СССР нишон додаст. Бисёре аз рекордҳои «Помир»-и Душанбе дар лигаи 1-уми СССР ба ин устоди тавонои футболи шӯравӣ тааллуқ доранд.

Ӯ дар лигаи 1-ум 547 вохӯрӣ гузаронида 173 гол задаст, ки ин нишондиҳандаҳо барои «Помир» рекордӣ буда, дар сатҳи Шӯравӣ низ қариб касе ба ӯ баробар нашудааст. Замони шӯравӣ дар клуби «100»-и ҳуҷумкунандаҳои лигаи якуми шӯравӣ, ки аз 100 гол зиёд заданд, номи ӯ баъди бозингари машҳури «Кузбасс»-и Кемерова Виталий Раздаев (216 гол) дар ҷои 2-юм қарор дошт. Он даврҳо дар ин хусус дар рӯзномаҳои мӯътабари «Правда», «Известия», «Советский спорт», ҳафтаномаи машҳури «Футбол-Хокей» хабарҳо чоп мешуданд ва мо мухлисони Тоҷикистон аз ин комёбиҳои ситораи футболи тоҷик Турсунов сахт ифтихор доштем.Масалан миёнаҳои солҳои 80-ум вақто, ки Турсунов голи 140-и худ ва Раздаев голи 190-уми худро заданд, дар ин хусус тамоми рӯзномаҳои бонуфузи марказӣ хабарҳо чоп карданд.

Ғайр аз ин Валерий Турсунов голҳои юбелии 400-ум , 500-ум ва 900-уми «Помир»-ро дар лигаи якум зада хотири мухлисони футболро шод намудааст.

Ин футболбози зардинаи ҷисман на он қадар тануманд ва ситорагарм барҳақ яке аз сутунҳои асосии «Помир»-и Душанбе ва Тоҷикистон буд. Дар лаҳзаҳои ҳассостарин, ки «Помир» дар ҳолати бохтан ё дуранг карор дошт, голҳои заруриро зада барои клуби худ холҳои зарурӣ ва барои ҳаводорони футболи тоҷик хурсандии зиёдеро ато кардааст. Як хусусияти ин ҳуҷумкунандаи номӣ дар он буд, ки ӯ рӯҳан хело мустаҳкам буда дар ҷаримагоҳи ҳариф худро чун «моҳӣ дар об» ҳис мекард ва бо техникаи баланд, оромона метавонист голи навбатии худро вориди дарвозаи ҳарифон созад.

2-tursunov 45784512Фикр мекунам, ки ӯ дар клуби «Помир»-и Душанбе ва лигаи якуми СССР нақши Олег Блохини машҳурро чун дар «Динамо» Киев ва лигаи олии СССР хамчун ҳуҷумкунанда ва нишонзани нотакрор иҷро мекард. Замони баромади худ дар футбол ӯ ба дарвозаи бештар аз 45 клуби машҳур гол задаст.Баъди зарбаҳои нишонраси Валерий Турсунов дарвозабонҳои маъруфи клубҳои овозадори «Спартак»-Москва, «Днепр»-Днепропетровск, «Шахтёр»,-Донетск, «Жальгирис»-Вильюс, «Пахтакор»- Тошкент, «Металлист» -Харков, «Металлург»- Запароже ва дигарон маҷбур шудаанд, ки тӯбро аз тӯри дарвозаи худ гиранд.Хет-трикхои ӯ дар меҳмонӣ бо клубҳои «Колхозчӣ»-Ишқобод, «Спартак»-Орҷоникидзе, «Металлург»-Запароже ва ғайраҳо то ҳол дар ёди мухсилон боқӣ мондаанд.

Валерий Турсунов ҳамчунин дар вохӯриҳои зиёди байналмилалии «Помир» бо клубҳои машҳури Аврупо, Осиё, Африко низ голҳои зиёди зебое задаст.

Ӯ ҳамчун бозингари тими якачини Ҷумҳурии Тоҷикистони шуравӣ дар Спартакиадаи халқҳои Шӯравӣ низ бомаҳорат бозӣ карда ба дарвозаи ҳарифон туби зиёде ворид намудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки Валерий Турсунов дар Тоҷикистон ва сатҳи Шӯравӣ на танҳо бо бозии зебояш, балки бо дигар сифатҳои одаму одамгариаш машҳур буд. Пеш аз ҳама садоқати ӯро нисбати хоки поки ватанаш Тоҷикистони азиз ва вафодориашро нисбати клуби «Помир» қайд бояд намуд.

Он даврҳо клубҳои маъруфи лигаи олии СССР аз қабили «Ғайрат», «Пахтакор, «Черноморец», «Торпедо»-Москва, «Нефтчӣ»-Боку ва дигарон ӯро дар сафҳои худ дидан мехостанд ва аз ӯ борҳо даъват ба амал овардаанд, лекин ӯ ҳама вақт ба Тоҷикистон ва «Помир» содиқ монда, таклифҳоро, ки барои ӯ шароити беҳтарини маишӣ ва ҳатто имконияти дар тими миллии СССР баромад карданро пеш меоварданд, якмаром рад намуда, изҳор медошт, ки ба лигаи олӣ ҳамроҳи «Помир» хоҳад рафт ва ҳамин тавр низ кард.

Ӯ соли 1988 ба солории худ нигоҳ накарда дар 35 вохӯрӣ 7 гол зада, ҳамчунин партобҳои хуби голзаниро барои дигарон дар майдон ба миён овард ва тавонист, ки ҳамроҳ бо дигар бозингарон медалҳои хурди тиллоии Чемпионати СССР-ро ба даст оварда «Помир»-и овозадорро ба лигаи олӣ барорад. Ба ёдам ин дам бисёр фарзандони Тоҷикистон, ки дар лаҳзаи сарнавиштсоз «Помир»-ро тарк намуда, клубро дар ҳолати ноқуллай монда буданд, меоянд.Яке аз онҳо шодравон, капитани «Помир» - Владимир Макаров мебошад, ки охири соли 1977 «Помир»-ро ноогоҳона тарк намуда ба «Пахтакор»-и Тошкент гузашта, баъдан дар бораи ин амали ӯ мақолаи «Капитани худсар» чоп гашта буд, меояд.

Ё худ бозингари маъруф ва зодаи Тоҷикистон Эдгар Гесси машҳур миёнаҳои соли 1979, ки «Помир» барои роҳхатҳои лигаи олӣ мубориза мебурд ва имкониятҳои зиёде дошт, даъвати тими «Спартак»-и Москваро пазируфт, «Помир» бошад бар асари рафтани ӯ дар Чемпионати СССР ҷои 3-юм ва соҳиби медалҳои хурди биринҷӣ гашт.Ҳоло он, ки фикр мекунам, ки он сол «Помир» имкон дошт, ки ба ҷои клуби «Кубан»-и Краснодар ба лигаи олӣ барояд.

Аз ин рӯ фикр мекунам, ки номи Валерий Турсунов барои дӯстдорони футбол ва миллати тоҷик дар киболи чунин бозингарон бисёр азиз ҳаст.

Валерий Турсунов баъди аз бозӣ рафтанаш ҳам ба клуби «Помир» ва Тоҷикистони азиз содиқ монда онҳоро тарк накард ва чун тренер ва роҳбари футбол хизмати шоистаеро барои ин кишвар анҷом дода истодааст. Вагарна ӯ метавонист, ки кишварро тарк намуда чун собиқ бозингар ва тренери соҳибтаҷриба дар Руссия ва Украина барои худ ҷои кори хуб ва зиндагии шоистаро таъмин кунад, лекин ӯ ба ин роҳ нарафта ба Тоҷикистону футболи тоҷик содиқ монд.

Барои чунин шахсиятҳо метавон ва лозим ҳаст, ки дар зиндагиашон дар даромадгоҳи варзишгоҳи марказии пойтахт ҳайкал гузошт, зеро онҳо барои ин миллату давлат барҳақ бидуни молу сарват хизмати шоистаи худро анҷом додаанд.

Валерий Турсунов барҳақ қомуси зиндаи футболи тоҷик, достони зиндаи футболи миллати мост. Кору фаъолияти чунин ситораҳои машҳури футболи шуравии камшумори тоҷик бояд таҳқиқ ва дар бораашон китобҳо навишта ва филмномаҳо офарида шавад, зеро онҳо хизмати шоёнро дар назди кишваре, ки номаш Тоҷикистон ҳаст, аз худ ба ҷой гузоштаанд.

Варқа Зайниддин, узви ИЖ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии матбуоти ҶТ, махсус барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi