ADB БА ТОҶИКИСТОН КАШИДАНИ ХАТТИ БАРҚУ ГАЗРО ВАЪДА ДОД
Бонки Осиёии Рушд (ADB) омодагии худро барои кашидани хатҳои барқу газ барои Тоҷикистон изҳор доштааст. Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, азм дорад, дар бунёди роҳу шабакаҳои интиқоли барқ, ки Тоҷикистону Афғонистонро бо Туркманистону Покистон васл мекунад, саҳм бигирад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, масъалаи мазкур дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷоҷӣ Токешӣ, раҳбари дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, баррасӣ шуд, ки маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон поён меёбад.
Дар баёнияи расмӣ омадааст, дар мулоқот “азми устувори Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.”
Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 то кунун ба Тоҷикистон бештар аз 860 миллион доллар қарзҳои боимтиёз ва кӯмакҳои молии бебозгашт додааст. Аммо ин бонк аз тарҳи баҳсбарангези нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон худро канор кашидааст.
Масъалаи рушди арсаи энержӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Штефан Коллер, мудири Оҷонси энергетикии Олмон баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, Штефан Коллер аз нерӯгоҳи Норак дидан карда ва дар ин мулоқот гуфтааст, муҳим аст, то нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам сохта шавад.
Штефан Коллер афзудааст, ширкатҳои олмониро, ки таҷрибаи зиёде дар бунёди нерӯгоҳҳои барқиву офтобӣ ва бодӣ доранд, ташвиқ хоҳад кард, то дар иҷрои тарҳи Роғун саҳм бигиранд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо тавоноии 3 ҳазору 600 мегават, аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва дар сурати бунёд Тоҷикистонро аз азоби бебарқӣ дар зимистон халос карда ба фурӯшанди барқи арзон табдил хоҳад дод.
Аммо нерӯгоҳи мазкур, ки дар саргаҳи яке аз рӯдхонаҳои ҳаётии Осиёи Марказӣ сохта мешавад, сабаби баҳсу кашмакаши зиёд миёни Тоҷикистону Узбакистон шудааст, ки мегӯяд, бунёди сарбанди бузург барои Роғун, оби кофӣ барои обёрӣ нахоҳад дошт. Тоҷикистон мегӯяд, ин як иддаои беасосу дурӯғ аст.
«Озодӣ»