ТАЪСИСИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон як ниҳоди тоза барои таъмини амнияти ғизоӣ таъсис шудааст. Ин ниҳод, ки "Шӯрои амнияти озуқаворӣ" ном дорад, ба ҳукумати Тоҷикистон вобаста буда ва таҳти раёсати нахуствазир Оқил Оқилов фаъолият хоҳад кард.
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки ин шӯро рӯзи ҷумъаи 29 июл дар ҷаласаи ҳайъати давлат таъсис шуда ва раҳбарони бархе аз вазоратхонаҳо ва идораҳои марбут ба масоили амнияти ғизоӣ, аз ҷумла вазирони иқтисод ва умури кишоварзӣ, шомили ин шӯро шудаанд.
"Фоида надорад"
Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳадафи аслии ин ниҳод чораандешӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳо дар заминаи таъмини амнияти ғизоӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуд дар ин арса, бавижа дар шароити бӯҳронӣ, будааст. Аммо бархе аз мардум бар ин назаранд, ки таъсиси ин ниҳод кумаке ба рафъи масоили камбуди ғизо дар Тоҷикистон нахоҳад кард ва фаъолияти он бар хароҷоти давлат хоҳад афзуд.
Аз ҷумла, Каримҷон ном сокини Душанбе гуфт: "Аз ин гуна шӯроҳо ҳеч фоидае нест. Чанд мансабдор маъош мегирад, вале ҳоли мардум беҳтар намешавад. Агентии зидди фасод таъсис доданд, фасод бештар шуд. Вазорати кишоварзӣ ба чи кор машғул аст, ки боз як шӯрои ҷудогона таъсис медиҳанд?"
Зимнан, дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, дар бораи раванди иҷрои Кунсепсиюни сиёсати кишоварзии Тоҷикистон, ки аз соли 2008 ба ин сӯ идома дорад, гузориш додааст.
Сойти раиси ҷумҳур дар ин бора менависад: "Дар ҳисобот (гузориш) зикр гардид, ки барои татбиқи (иҷрои) босамари консепсияи мазкур як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғу токпарварӣ ва ғайра қабул шуда, татбиқ (иҷро) мегарданд."
Ин дар ҳолест, ки мунтақидон мегӯянд, ки тоҷирон дар солҳои ахир бештари сабзиҷоту ва меваҷот ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ аз кишварҳои дигар, бавижа Чину Эрон ва Покистон, ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва маълум нест, ки маҳсулоти дохилӣ куҷо меравад. Ба гуфтаи коршиносони умури иқтисодӣ, Тоҷикистон кишваре бо иқтисоди умдатан кишоварзист ва амнияти ғизоии мардуми он ба беҳбуди шароити кишоварзӣ ва таҳияи маводди ғизоӣ бастагӣ дорад.
Агарчи беш аз 70 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон кишоварз маҳсуб мешаванд, вале бахши аъзаме аз мардуми ин кишвар ба далели камбуди даромад аз шуғли деҳқонӣ ва ба манзури касби даромад ва таъмини рӯзгорашон ҳамасола ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд.
"Асароти хушксолӣ"
Аз сӯйи дигар, таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ дар ҳолест, ки хушксолии имсол боъиси талаф шудани бисёре аз анвоъи зироъатҳо ва меваҷот дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин, афзоиши баҳои маводди сӯхтӣ дар чанд моҳи ахир, ки ба гаронии нархи колоҳо, бавижа маводди ғизоӣ, доман зад, ахиран ба масъалаи доғе дар ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маводди ғизоӣ дар ин кишвар тадобире ба роҳ андохтаанд. Аз ҷумла, моҳе пеш гузориш шуда буд, ки чанд тан аз гӯштфурӯшон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба хотири афзоиши қимати гӯшт боздошт шудаанд. Дар авоили моҳи май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар як ҷаласа бо фаъолони вилоёт ва шаҳру навоҳии кишвар "ҷаллобонро" ба афзоиши нархи маводди ғизоӣ муттаҳам кард.
Вай дар ин ҷаласа аз Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазир, ва Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, низ башиддат интиқод карда ва аз ҷумла гуфт: "Шумо моро заложники (гаравгони) чил гӯштфурӯш кардед!"
Ин дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, монанди Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии Милали Муттаҳид, қаблан аз афзоиши нархи маводи сӯхтӣ ва ғизоӣ ва эҳтимоли бурузи бӯҳрони маводди ғизоӣ дар кишварҳои фақири ҷаҳон ҳушдор дода буданд.
Кумак ба фақирон
Шӯрои амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон дар остонаи моҳи Рамазон, моҳе муқаддас барои мусалмонон, таъсис мешавад. Дар ин моҳ бисёре аз аҳолии фақири Тоҷикистон таваққӯъ доранд, ки нархи маводди ғизоӣ пойинтар шавад. Мақомот низ бар ин нукта борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, худи оқои Раҳмон низ дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи ҳайъати кобинааш монанди солҳои гузашта аз афроди доро ва сарватманд хостааст, ки ба мардуми фақиру бенаво дасти ёрӣ дароз кунанд.
Сойти раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора менависад: "Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии оилаҳои камбизоъат, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинон ва дигар аҳолии ниёзманд ҳидоят карда, таъкид дошт, ки фитри рӯза ва хайру садақоти моҳи шарифи Рамазон ҳам бояд ба ҳамин гуна одамон дода шавад."
Давлати Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, таъмини амнияти ғизоиро дар баробари таъмини истиқлоли энержӣ аз аҳдофи аслӣ ва дарозмуддати худ эълом кардааст.
Дар моҳи декабри соли гузашта қонуни вижае дар бораи таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон тасвиб шуд. Дар охири моҳи март низ аъзои порлумони Тоҷикистон қонуни ҷадиди амниятро тасвиб карданд, ки муқарраротеро дар бораи таъмини амнияти ғизоӣ низ дар бар дорад.
Би-Би-Си