18:38:55 01-уми Июли 2025 сол

ТАЛКО: “ШИКОЯТ БА ДОДГОҲ АЛАЙҲИ МО ИҚДОМИ ҒАЙРИҲИРФАӢ ХОҲАД БУД”

Масъулони Талко тасмими фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон мабни бар шикояти онҳо алайҳи ин ширкат ба додгоҳро “амали сиёсӣ ва ғайриҳирфаӣ” номиданд.

 /images/stories/2011/07/26_tj_talco3043221.jpg

Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон эълом кардааст, ки аз фаъолияти ширкати Талко ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бурда ва дархости пардохти ҷубронпулӣ хоҳад кард. Саидрасул Сангинов, муъовини раиси Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон ба расонаҳои гурӯҳӣ гуфтааст, ки дар пайи фаъолияти ин ширкат ҳудуди 600 ҳазор сокинони вилояти Сурхандарёи ин кишвар бо мушкилоти зистмуҳитӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Вай афзудааст, ки сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон низ бо мушкилоти мушобеҳ рӯбарӯ ҳастанд. Оқои Сангинов афзудааст: “Тибқи мавозини байналмиллалӣ, Талко муваззаф аст, ки ба сокинони ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон ин зарарро ҷуброн кунад.”

Ин фаъоли зисмуҳитӣ иддаъо дорад, ки дар пайи фаъолияти ин ширкати тавлиди олюминиюми Тоҷикистон, ҳамасола ба фазо 22 ҳазор тунн маводди зараровар партов мешавад, ки 120 тун аз он маводди фторӣ аст, ки ба саломатии инсон шадидан заррарнок аст.

Оқои Сангинов иддаъо дорад, ки ин маводди шимиёӣ ба тағйири женетикии (мутатсия) набототу инсон мунҷар мешавад. Вай афзудааст: “Дар атрофи ин корхона ҳамасола миқдори таваллуди қабл аз мавқеъи кӯдакон, таваллуди кӯдакони мурда ва тағйири шакли навзодон бештар мушоҳида мешавад.”

Ин масъули Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон иддаъо кардааст, ки дар фасли тобистон миқдори фтор дар фазои атрофи ин корхона то панҷ маротиба бештар аз меъёр будааст. Вале, манбаъи ин омор эълом нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Игор Сатторов, масъули бахши иттилоъи ширкати Талко ба Би-би-сӣ чунин иддаъои ҷониби Ӯзбакистонро “бепоя ва ғайриҳирфаӣ” номид. Зеро, ба гуфтаи вай, дар ин замина дар чанд соли ахир ҳеҷ пажӯҳише анҷом нашудааст.

Вай афзуд: “Мо мукарраран ба ҷониби Ӯзбакистон пешниҳод мекунем, ки дар мавриди таъсири зистмуҳитии фаъолияти Талко дар қаламрави ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон пажӯҳиши муштарак анҷом диҳем. Вале ҷониби Ӯзбакистон ин пешниҳодро радд мекунад.”

Гузашта аз ин, тибқи як Созишномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар даҳаи гузашта Талко дар қаламрави Ӯзбакистон се маркази назорат бар вазъи муҳитзистӣ насб кард. Тибқи иттилоъи оқои Сатторов, ҳоло ин марокиз аз сӯйи ҷониби Ӯзбакистон тахриб шудаанд.

Игор Сатторов тасмими фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон дар бораи ба додгоҳ кашидани ширкати Талкоро чунин шарҳ дод: “чунин тасмимҳо бозгӯйи ғайриҳирфаӣ будани ин афродро нишон медиҳад.”

Зеро, ба гуфтаи оқои Сатторов, қабл аз ба додгоҳ кашидан, "бояд пажӯҳише муштаракан анҷом шавад ва натоиҷи он тавассути ҳар ду ҷониб таъйид шавад."

/images/stories/2011/07/26_talco_sattarov31212.jpgВай афзуд: “Тибқи мавозини байналмилалӣ, қабл аз шикоят ба додгоҳ, бояд талош кард, ки масоили мавриди баҳсро аз роҳҳои фаннӣ ва ҳуқуқӣ ҳал шавад ва дар сурати даст наёфтан ба созиш, яке аз ҷонибҳо метавонад тарафи дигарро ба додгоҳ кашад. Мо аз ҷониби Ӯзбакистон борҳо даъват кардем, ки дар ин замина музокирот оғоз кунем, вале пешниҳоди мо пазируфта нашуд.”

Ба ин далел, Игор Сатторов мутмаин аст, ки интиқодоти ҷониби Ӯзбакистон аз фаъолияти Талко ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро “агар ин иддаъоҳо воқеъӣ мебуданд, мо метавонистем онро ҳалл кунем.”

Ин дар ҳолест, ки пажӯҳишгарон ва мақомоти тоҷик изҳор кардаанд, ки дар атрофи корхонаи тавлиди олуминиям дар дохили қаламрави Тоҷикистон пайваста пажӯҳишҳои зистмуҳитӣ анҷом медиҳанд. Онҳо мегӯянд, Талко ҳамасола барои бакоргирии фановарии ҷадиди зистмуҳитӣ даҳҳо милюн сомонӣ масраф мекунад.

Аз сӯйи дигар, фаъолони зистмуҳитии Тоҷикистон иддаъо доранд, ки ҷамъоварии маводд дар бораи таъсири фаъолияти корхонаҳои коркарди маъодини Ӯзбакистон ба вазъи экулужик дар шимоли Тоҷикистон, минтақаи ҳаммарзро оғоз кардаанд. Созмонҳои зистмуҳитии Тоҷикистон низ аз ҳамтоёни ӯзбаки худ даъват кардаанд, ки дар ин замина мушорикат кунанд, вале ин пешниҳод радд шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ