13:43:05 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29      

Ҷиллои "Тиллои сафед"-ро кӣ мебинад?

Солҳои охир аз набудани шароити хуби корӣ, камчинии об ва нурҳои минералӣ ҳосилнокии пахта дар муқоиса бо солҳои даврони шӯравӣ дар кишварамон пасттар шудааст.

cotone22222.jpgИн ҳолат қисмате аз деҳқононро аз кишти пахта дилсард намуда маҷбур сохтааст, ба ҷои парвариши он роҳҳои дигари аз замин гирифтани даромадро бияндешанд. Ва ё сафи онҳоеро, ки пайи ризқу рӯзӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд, тӯлонитар кунанд. Мавлон Акрамов, раиси хоҷагии деҳқонии "Эҳё" аз ноҳияи Зафаробод дар суҳбат бо хабарнигори "Рӯзгор" чанде аз мушкилотеро, ки имрӯз деҳқони пахтакор пешорӯ дорад, дар миён гузоштааст.

Гар об нест, пахтаро обу тоб нест!

Ба гуфтаи Мавлон Акрамов барои ба даст овардани як тонна пахта деҳқон дар ҳоли ҳозир зиёда аз се ҳазор сомонӣ маблағ сарф мекунад. Тибқи ҳисобҳои ӯ барои кишт ва парвариши пунбадона дар як гектар замин аз аввали мавсим 150 литр сӯзишворӣ сарф карда мешавад. Нархи як литр сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир камаш 5 сомонӣ мебошад.

Ҳамин тариқ 750 сомонӣ танҳо барои харидани сӯзишворӣ харҷ мегардад. Деҳқон барои як гектар замин дар як сол 300 сомонӣ андози об низ месупорад. Вале обро на ҳамеша ба осонӣ дарёфт карда метавонад. Зиёд шудааст, ки барои об миёни деҳқонон ҷанҷолу хархашаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки баъзан ба занозанӣ ҳам оварда мерасонанд.

Акбар Акрамов тӯли 12 сол аст, ки ба ҳайси обчакори пахта (обчӣ) фаъолият дорад. Ӯ дар тақвияти сухани Мавлон Акрамов зикр намуд, ки чун пас аз ба анҷом расондани кишти пумбадона сари вақт пахтаро бо об таъмин кардан наметавонем, пумбадонаи ба замин кишт шуда, ба таври бояду шояд нашъунамо намекунад ва ин оянда ба сифати пахта низ таъсир дорад.

Қубурҳои аз замони Шӯравӣ монда дар арафаи аз кор баромадан ва ҳатто аз кор баромадаанд гӯйем ҳам хато намекунем-, мегӯяд ӯ. Чораҳои зарурӣ барои бартараф кардани ин камбудиҳо аз ҷониби масъулин андешида намешавад. Бархе аз хоҷагидороне, ки заминҳои зиёд доранд дар охири мавсим баъзан аз андози замин қарздор мешаванд.

Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ деҳқонро лозим аст, ки аз нуриҳои минералӣ истифода барад. Маблағи муайяне барои харидории нуриҳои минералӣ сарф мегардад. Як қисм маблағ ба афроде, ки дар парвариши пунбадона заҳмат мекашанд, масалан чобуқгарон, обчиҳо ва пахтачинҳо, дода мешавад. Хулоса, маблағеро, ки ҳини парвариши пахта сарф менамоед, дар ташвишед, ки оё боз даст оварда метавонед ё не? Агар ин ҳолат идома диҳад, шояд тақрибан баъд аз 20-25 сол кишти пахта комилан зараровар шуда, ҳатто бозори фурӯши он касод гардад,- мегӯяд Мавлон Акрамов.

"Тилло"-и мо барои дигарон ҷило медиҳад

Деҳқонон пахтаи бо заҳмати зиёд ҷамъ намудаашонро бо умеде, ки ноҳия ва ё вилоят нақшаи солонаи пахтаро иҷро кунанд, ба заводҳои пахта месупоранд.

Номбурда зикр кард, ки дар ноҳияи Зафаробод дар маҷмӯъ шаш заводи пахтатозакунӣ мавҷуд аст, ки аз он дутояш дорои таҷҳизоти замонавӣ асту халос. Боқимонда таҷҳизоти замони шӯравӣ будааст, ки ба талаботи имрӯза посухгӯ намебошанд.

Заводҳои имрӯза, ки мероси замони шӯравианд, бо коркарди пастсифати худ наметавонанд ба талаботи стандартӣҷаҳонӣҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ барои ба даст овардани фоидаи дилхоҳ бояд, ки таҷҳизоти пешрафтаро ба Тоҷикистон ворид намоем. Дар ин сурат молҳои пахтагини содиротии мо бозоргир хоҳанд шуд.

Тавре дар сӯҳбат соҳибкорони турки муқими вилояти Суғд иқрор шуданд, соли гузашта онҳо 96 тонна пахтаи навъи якумро аз заводҳои ноҳияи Ҷ.Расулов харидорӣ намудаанд. Маълум гардид, ки арзиши як тонна пахтаи навъи якум 1920 доллари ИМА будааст.

Бо баробари он ки масрафи роҳ гаронтар меафтад, вале мо ин пахтаҳоро дар фабрикаҳои либосбарории Туркия супорида дар он ҷо коркард намуда баъдан дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла худи Тоҷикистон, ба фурӯш мебарорем-мегӯянд онҳо.

Ҳар сол ҳазорҳо тонна пахтаи тоҷикон ба давлатҳои дигар экспорт карда мешавад. Ва мо ҷилои "тиллои сафед"-и тоҷиконро танҳо аз дур дар бозори хориҷиён мебинем, мегӯяд Мавлон Акрамов.

Фарзонаи САФАРИЁН, барои «Рӯзгор»

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi