«Гейзер» - оби тозаву фоидабахш дар ҳар хона
Ширкати«Оби соф- GEYSA» мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Соли нави милодӣ таҳният гуфта, ба Шумо тамоми хушиҳои ҳаётро таманно дорад. «Оби соф - GEYSA»-саломатии Шумо мақсади фаъолияти мост.
Тоҷикистон ва сарвари он-ташаббускорони ҳалли масоили об дар ҷаҳон
Имрӯз дар радифи дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзӯи об ва дастарсӣ ба оби тозаи қобили истеъмол яке аз масоили мубрам маҳсуб меёбад. Зеро тибқи омори ғайрирасмӣ зиёда аз 1 миллиард аҳолии кураи Замин айни ҳол ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд ва даҳҳо миллион нафари дигар бахусус кӯдакону пиронсолон, аз таъмин набудан бо оби ошомиданӣ ва ё истифодаи оби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамасола мефавтанд.
Ҳамчунин тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд ва бештар аз 90 дарсади воқеаҳои ногувори вобаста ба об ба кӯдакони то 5-сола рабт дорад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз Президенти кишвари мо борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳони амсоли Созмони миллали муттаҳид то чӣ андоза масъалаи доғи рӯз будани таъминоти аҳолии сайёра ба оби ошомиданиро таъкид доштааст.
Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015) низ пешниҳоди Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби давлатҳои узви СММ пазируфта шудааст. Яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро чун ташаббускори ба миён гузоштани масоили об шинохта. Аз ин рӯ бояд сатҳу сифати пешниҳоди оби нӯшокии тоза дар мамлакати мо барои давлатҳои дигар намуна бошад.
Роҳи ҳалли мушкилоти об дар кишвар кадом аст?
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20 ва 21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, сари ин масъала ҳам таъкид дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар ба сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд, ки ҳудуди 30 дарсади он дорои шароити хуби санитарӣ мебошад. Ҳамчунин борҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа таъкид шуда, ки ҳатто истифодаи об аз лӯлаҳо низ на он қадар безарар аст.
Чунки аксари лӯлаҳо 30-40 сол пеш кашида шудаю то ҳол рӯи таъмирро надидаанд. Ва албатта кӯҳнаю фарсуда ва корношоям гаштани лӯлаҳо низ сифати обро халалдор менамояд. Оби чашма ба меъёрҳои талаботи санитарӣҷавобгӯ аст, аммо ба он қисми ками аҳолии кишвар дастрасӣ доранд. Ба ақидаи аксари коршиносон роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданӣ ва ё худ пешгирии бемориҳое ки нӯшидани оби ба талаботи санитарӣҷавобгӯ набуда, ин истифода аз асбобҳои махсуси обтозакунӣ аст.
Пирназар Шодмонов, як корманди Раёсати эпидемиологии назди Вазорати тандурустии кишвар ҳам дар ин бобат дар рӯзномаи расмии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» изҳори назар карда буд. Ба андешаи ӯ «дар вазъияти имрӯзаи кишвар ташхиси об хеле зарур аст. Хуб мешуд, ки ҳам муассисаҳои ҳукуматӣ, ҳам он ташкилотҳои байналмилалие, ки дар самти таъмини аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дар минтақаҳо фаъолият доранд, ташхисгоҳҳоро низ барқарор мекарданд. Ақаллан дар минтақаҳо бояд дар як моҳ як маротиба обро аз ташхис гузаронанд.
Дар шаҳрҳо, бахусус дар Душанбе, об бояд ҳар рӯз аз санҷиш гузаронида шавад. Вале, аз сабаби набудани маблағ, кор накардани ташхисгоҳҳо, набудани нақлиёт санҷиши об дар баъзе минтақаҳо мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Солҳои наздик ҳалли мушкилиҳо дар таъмини аҳолӣ ба оби тоза имкон надорад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки мардум аз асбобҳои махсуси обтозакунӣ истифода мебуранд ё ақаллан обро пеш аз истеъмол меҷӯшонданд. Чунки об агар тоза набошад, метавонад сабаби ба миён омадани касалиҳои зиёди сироятӣ гардад».
Илм исбот кардааст, ки истифодаи оби ба истилоҳ ифлос ё худ ба талаботи санитарӣҷавобгӯ набуда, сабаби сар задани 70-80 дарсади бемориҳо мегардад. Ҷӯшонидани об ҳам на дар ҳама маврид обро ба саломатии инсон безарар карда метавонад.
Пас ягона роҳои пешгирии бемориҳое, ки аз истифодаи обҳои қобили истеъмол набуда сар мезананд, ин асбобҳои махсуси обсофкунӣ маҳсуб меёбад.
«Гейзер»- оби тоза ва ба саломатӣ фоидабахш
Ширкати «Гейзер» дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ дар бахши истеҳоли асбобҳои махсуси обсофкунӣ пешгом аст. Ин ширкат соли 1986- ум дар Санкт Петербург таъсис ёфтаву то имрӯз ба истеҳсоли таҷҳизоти обсофкунӣ машғул аст. Намояндагии расмии ширкати мазкур дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2009-ум фаъолият дошта, ба мардуми кишвари мо, махсусан ба сокинони пойтахт асбобҳои обтозакуниро пешниҳод менамояд. Чун мо ба назди Толиб Қудратов, директории генералии ширкати - «Оби соф- GEYSA» рафтем, ӯ моро хуш қабул карду таклифи моро барои суҳбат пазируфт.
Ба гуфтаи Толиб Қудратов мақсад аз таъсиси чунин корхона тоза ва филтратсия кардани оби нӯшиданӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад ва дар ҳоли ҳозир таҷҳизоти ҶДММ «Оби соф-GEYSA» танҳо дар шаҳри Душанбе ба муштариён бо нархҳои дастрас ва барои шаҳрвандон имконпазир пешкаш карда мешавад.
«Гейзер»- дар ҳама ҷо ва дар ҳама шароит
Толиб Қудратов мегӯяд таҷҳизоте, ки онҳо ба Тоҷикистон ворид мекунанд, дар ҳама шароит ва дар ҳар ҷое, ки об ҳаст, барои сокинон ва истифодабарандагони он ба кор меравад. Масалан сар карда аз қубурҳои обгузари манзилҳои зист то ба қубурҳои обгузари кӯчаву маҳаллаҳо ва ҳатто коргоҳҳову маконҳои бузурги истеҳсолӣ чунин таҷҳизотро насб кардан имкон дорад.
Ба гуфтаи Қудратов ҳамчунин таҷҳизоти филтркунонии Гейзерие ҳастанд, ки бидуни барқ ва пайвасткунӣ ба ягон система пурра имкони истифода бурданро дорад. Масалан яке аз он таҷҳизот, ки «Кӯзаи обсофкунак» ном гирифтааст, дар ҳаҷми аз 3 то 3,5 литр обро дар муддати 3-4 дақиқа дар пеши чашми истифодабаранда тоза мекунад. Ва ин барои истифода дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон, ки ба қувваи барқ дастрасии пурра надоранд, бисёр мусоид аст.
Аз ҷониби дигар, асбобҳои обсофкунии «Гейзер» на танҳо обро филтр мекунанд, балки онро барои саломатӣ фоиданок низ мегардонанд. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар назди ширкати «Гейзер» як маркази махсусе амал мекунад, ки олимону коршиносонро фаро гирифта, пеш аз истеҳсоли ҳар таҷҳизот аввал тадқиқотҳои илмӣ мебаранд ва вобаста ба навъи об таҷҳизот меофаранд. Аз ин рӯ таҷҳизоти офаридаи онҳо на танҳо обро софу тоза мекунад, ҳамчунин обро барои саломатӣ фоиданок мегардонад. Олимони рус борҳо таҷриба кардаанд, ки таҷҳизоти«Гейзер» 100% обро безарар мегардонад.
Картриҷи «Арагон»-оби комилан софу безарар
Толиб Қудратов мегӯяд ихтироъи дар ҷаҳон маъруфи ширкати «Гейзер» картриҷи «Арагон» мебошад, ки он дар асоси хусусиятҳои таркибии химиявиву физикии глобалӣ-молекулярӣ сохта шуда, барои саломатии инсон комилан бехатар мебошад. Яъне ҳангоми гузаштан ба воситаи ин филтр об структураи худро дигар мекунад ва таркиби молекулявии об иваз шуда, тамоми ифлосиҳову микробҳои зараровари он аз ҳисоби қабатҳои ионҳои муҳофизаткунанда ба оби
софи фоиданок табдил меёбанд. Бояд гуфт, ки микробҳои зараровар аз филтри «Арагон» намегузаранд, зеро қабатҳои ҷафсшудаи филтр хеле мустаҳкаманд. Аслан «Арагон» аз хока таркиб ёфтааст ва тавре ки дар сохтмон қум тар шуда ба якдигар зичтар мегардад, қабатҳои филтри «Арагон» ҳам ба ҳамин тарз хеле ба ҳам ҷафсанд ва дар навбати худ обро тоза карда, аз қабати худ мегузаронанд.
Зеро ифлосиҳои об дар қабатҳои он ба монанди таркиби қуми тар часпида мемонанд ва дар натиҷа танҳо оби соф аз қабати филтр гузашта метавонад. Ин заррачаҳои хавфноки дар об мавҷудбуда ба монанди парҳое мебошанд, ки ҳангоми гузаштани об ба қабатҳои филтр дармемонанд. Ҳамчунин дар таркиби филтри «Арагон» нуқра мавҷуд аст, ки он хусусияти нест кардани микробҳоро дорад. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳо «Арагон» аз дигар филтрҳо фарқ мекунад.
«Мардум бояд қадри тани сиҳатро донанд»
Чун аз Толиб Қудратов дар марвиди таваҷҷуҳи мардум ба таҷҳизоти ширкати «Гейзер» суол кардем, гуфт, ки ба ҳар навъ хуб аст, аммо мардум бояд қадри тани сиҳатро донанд. Ӯ мегӯяд роҳҳои сердаромади савдо бисёранд, аммо ман маҳз барои он ворид кардани таҷҳизоти обсофкуниро пешаи тиҷории худ интихоб намудам, ки нафъи ин тиҷорат ба мардум бештар аст. Манфиаташ барои ман кам, аммо барои мардум бисёр!
«Ҳар нафаре, ки ба саломатии худаш ва саломатии фарзандонаш аҳамият медиҳаду масъулият ҳис мекунад, ҳатман ҷиҳати тоза кардани оби нӯшиданӣ дар манзилу ҷойи кораш аз технологияи муосир истифода мекунад. Бубинед, аксари бемориҳои мардум аз нӯшидани оби ифлос сар мезанад. Махсусан кӯдакон, ки дар боғчаҳои бачагона ва мактабҳо оби ноҷӯшонидаро менӯшанд ва бештар гирифтори бемориҳои гуногун мешаванду ин ҳолат волидайни онҳоро нигарон мекунад.
Агар таҷҳизоти корхонаи мо дар қубурҳои обгузари кӯдакистонҳову мактабҳо васл карда ва ҳатто бидуни васл истифода бурда шавад, пас, хатари бемориҳо аз оби ифлос низ бартараф мешавад. Ҳамчунин оби беморхонаҳо, коргоҳҳо, бозорҳо ва дигар комплексҳо низ бояд тоза бошад, то ки саломатии мардум низ зиён набинад. Дар ҳамин радиф ҷамоатҳои деҳот низ барои тоза кардани оби нӯшиданӣ аз ҳамон таҷҳизоти «Кӯзаи обсофкунӣ», ки бе барқу васлкунӣ ҳам кор мекунад, метавонанд истифода баранд»- мегӯяд Қудратов.
235 сомонӣ – гарави саломатии оилаи Шумо давоми як сол
Албатта вобаста ба навъи об ва истифода «Гейзер» таҷҳизоти гуногунро истеҳсол кардааст. Аммо як чизи дигар моро ба ҳайрат овард. Чун аз намояндагии ин ширкати бонуфуз дар кишвар нархи таҷҳизоти обсофкуниро пурсидем, посухи онҳо хеле бароямон хушоянд буд. Зеро гумон мекунем, ҳар оилаи тоҷик ва махсусан ҳар сокини Душанбе имкони барои нигаҳдошти саломатии оилаи худ харидани ин таҷҳизотро дорад. Бовар намекунед? Масалан, як «Кӯзаи обсофкунӣ»-и ин ширкат бо се картриҷ, ки барои истифода дар давоми сол кифоя аст, 235 сомонӣ арзиш дорад. Баробари нарх ва ё арзонтар аз чиптаи барномаи ҳунарии як сарояндаи хориҷӣ, ки дар Кохи Борбад консерт мегузорад.
Саломатии оила-ин боигарии ҳар кишвар аст. Тани сиҳат доштан ҳам хушбахтист. Пас ба қадри он бояд расид ва онро бояд эҳтиёт кард. Дар ин самт ширкати «Гейзер» аст, ки ба шумо мусоидат мекунад.
Шаҳриёр
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013