02:34:13 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Лӯлаи газ барои Чин аз Тоҷикистон хоҳад гузашт

Бино бар созишномаи нави миёни Тоҷикистон ва Чин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар Бишкек имзо шуд, як шохаи лӯлаи гази Туркманистону Чин аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт.

tajik-china-4568963Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин дар Бишкек як қарордоде имзо карданд, бар асоси он як шохаи лӯлаи гази Туркманистону Чин аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри иттилоияе гуфт, ки созишномаи мазкур баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинии ӯ Ши Ҷинпинг дар шаҳри Бишкек имзо шудааст.

Бар асоси тарҳ, қитъае лӯлае, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Бино ба ҳамин иттилоия иҷрои ин лоиҳа боиси ҷалби 3 миллиард доллар сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Аз ин пеш Чину Туркманистон дар бораи кашидани хати нави лӯлаи газ миёни ду кишвар созишномае имзо карданд, ки қарор аст, аз тариқи он солона аз Туркманистон ба Чин то 30  миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад.

Ин созишнома дар аввалин соатҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек имзо шуд. Раҳбари Тоҷикистон ба хотири ширкат дар нишасти сарони Созмони Шанхай дар пойтахти Қирғизистон ба сар мебарад.

Хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 12 сентябр гуфт, "раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Қирғизистон сафар кардааст.” Ин манбаъ афзуд, ки дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Гул Шералӣ, вазири  энергетика ва саноат, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ва Мамадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои кишвар ҳамроҳӣ доранд.

Сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба Бишкек дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки сар аз ин анҷуман раёсати даврии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз Қирғизистон ба дасти Тоҷикистон мегузарад. Бино бар низомномаи созмон раёсати он ҳар сол аз кишвар ба кишвари дигари узви он мегузарад ва ба ин тартиб ҳамоишҳои асосии он дар соли оянда дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.

Ҳамчунин интизор меравад, дар Бишкек миёни Тоҷикистон ва Қирғизстон чанд санади таҳкими ҳамкориҳо ба имзо расад. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай фардо, ҷумъаи 13 сентябр дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, дар чорчӯби ин нишаст мулоқотҳои дуҷонибаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо бархе аз сарони кишварҳои узв ва нозири СҲШ дар назар аст.

Бино ба гузоришҳои расида, то ин соат раҳбарони 4 кишвар - Тоҷикистону Афғонистон ва Эрону Муғулистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуданд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон алакай, бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай вазъи амният дар минтақаро баррасӣ кардааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ имрӯз бо Ши Ҷинпинг, ҳамтои чинии худ мулоқот мекунад. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Чин низ пешбинӣ шудааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Русияву Чин, Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбакистону Қирғизистонро муттаҳид мекунад. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар ин созмон, мақоми нозирро доранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи истифодаи оби дарёҳои минтақавӣ низ ба имзо мерасад.

Баҳром Ғафуров, корманди маркази илмӣ-иттилоотии Кумиссиюни байнидавлатии идораи хоҷагии об дар Тоҷикистон, ки котиби кумиссиюни муштараки вазоратҳои оби Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ҳаст, дар сӯҳбат ба мо гуфт, созишномаи мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия шудааст ва ҳадаф аз он эҷоди як намунаи мусбати ҳамкории давлатҳои ҳамсоя дар ҳалли мушкили об унвон мешавад.

Ҷаноби Ғафуров меафзояд, аз соли 2009 инҷониб миёни вазоратҳои оби Тоҷикистон ва Қирғизистон як куммиссиюни корӣ амал мекунад ва дар ҷаласаҳои ҳамин куммиссиюн бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон идеяи тасвиби созишномаи нав дар мавриди истифода аз захираҳои об ба миён гузошта шуд:

«Ҳоло матни ин созишнома омода аст ва раванди дохилидавлатиро мегузарад. Чун имсол соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аст, бо тасвиби чунин созишнома бо Қирғизистон мо ба дигар кишварҳои Осиёи миёна нишон доданӣ ҳастем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи обро ҳамин гуна ба роҳ мондан мумкин аст.» 

Баҳром Ғафуров ҳамчунин гуфт, то ҳол ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи об аз рӯи ҳуҷҷатҳои замони шӯравӣ ба тасвиб расида танзим карда мешавад ва акнун бар пояи ин созишнома усули истифода аз оби дарёҳои фаромарзӣ иваз хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi