20:03:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Нигарониҳо аз вазъ дар марзи байни Исфара ва Бодканд

Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар байни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дубора бархӯрд сурат гирифт, вале мақомоти қудратии ду тараф низоъро хомӯш карданд.

vorukh-problema-2013Рӯзи ҷумъа, соати чаҳор ба вақти Душанбе, марзбонҳои қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба гуфтаи онҳо, марзро ғайриқонунӣ убур кардааст, боздошт намуданд ва хостанд  ки ӯро ба постгоҳи марзӣ интиқол диҳанд. Аммо ин ҷавон, ки ному насабаш ҳанӯз маълум нест, аз тариқи телефони ҳамроҳ ба ҳамдеҳаҳои худ занг зада ва онҳоро ба кӯмак даъват кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон сокини деҳаи Хоҷа Аълост. Ин ҳодиса боиси ҷамъ шудани сокинони ду тарафи марз шуд, ки дар ниҳояти ба даргирӣ печид. Аммо ба марзбонҳои тоҷик ва қирғиз даст дод, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд.

Ба думболи ин, сокинони  ҳарду тарафи марз роҳҳои аслиро масдуд карданд. Аз тарафи қирғизҳо роҳи Ворух - Исфара баста шудааст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло роҳи Оқсой - Исфараро бастанд. Ба гуфтаи хабарнигори мо, то ин соат даҳҳо нафар дар ду тарафи марз ҷамъ шудаанд. Марзбонҳои тоҷику қирғиз дар байни ту тараф қарор гирифтаанд.

Ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистон Саидмурод Қалуғов  ва раҳбарони ниҳодҳои қудратии минтақавӣ дар ҳузури марзбонҳои тоҷик бо ҷамъшудаҳо вориди гуфтушунид шуданд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки мақомоти қудратии ду тараф дар ҳамкорӣ бо якдигар талош доранд, ки аз амиқтар шудани муноқиша ҷилавирӣ кунанд. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки вазъ таҳти назорат аст.

Насрулло Миров, як сокини Хоҷаи Аъло дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори мо дар Хуҷанд, Маъсуми Муҳаммадраҷаб гуфт, аҳли ин деҳа аз вазъ дар хавотиранд ва барои таъмини бехатарии худ гурӯҳҳои посбоние таъсис додаанд, ки аз 8-10 нафар иборат буда, шабона деҳаро дидбонӣ мекунанд, то мабодо фитнае ва муноқишае наве сар назанад.Ба гуфтаи Миров, теъдоди маҳдуди кормандони интизомӣ аз ду ҷониб низ аз вазъ назорат мебаранд ва сокинонро ба оромиву хештандорӣ даъват мекунанд.

Дар бораи сароғози ҳодиса Насрулло Миров гуфт, баъд аз нимрӯзи 31-уми май сардори постгоҳи марзбонии қирғизҳо дар Оқсой ду ҷавони тоҷик аз Хоҳаи Аълоро, ки ба Тангӣ ном мавзеъи наздикии Оқсой ба хордаравӣ рафта буданд, боздошт намуда, ба қароргоҳи марзбонон бурдааст. Дар ин ҷо ҷавонон ҳадафи лату куб қарор гирифтаанд. Баъдан бо силоҳи оташфишон онҳоро таҳдид кардааст, ки ҳодиса лату кӯб шудани худро ба касе ошкор накунанд.Ин ҷавононон ҳоло бистарӣ шудаанд. Сокинони Хоҷаи Аъло баъд аз огоҳӣ аз ин ҳодиса ба хашм омада, дар ҷавоб қирғизҳоро зери мушту лагад гирифтаанд.Миров афзуд, ҳоло роҳ ба ду сӯ баставу сокинон дар ҳолати изтирорӣ мондаанд.

Пеш аз ин рӯзи 27-уми апрел оғози сохтмони роҳ дар ин минтақа аз тарафи қирғизҳо сабаби сар задани низоъ гашта, бар асари он даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти ду ҷониб барои ҳалли мушкил ду дафъа мулоқот карда ва санадеро барои қатъи ҳама гуна фаъолияти низоъбарангез ба имзо расонданд. Масъала ҳамчунин дар дидори раисони ҷумҳури ду тараф дар Бишкек баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи сокинони кӯҳансоли Ворух, баҳсу низои тоҷику қирғиз дар ин ҷо аз охири солҳои 60-уми асри гузашта сар шудааст. Соли 1967 Тоҷикистони шӯравӣ барои обод кардани заминҳои бекори канори Ворух 1 миллиону 200 ҳазор рубл ҷудо кард ва низоъҳои аввал сари соҳибӣ ба ҳамин замин рух додааст. Барои ҳалли мушкил Маскав як комиссияи муштараки паритетӣ таъсис дода, бо пешниҳоди он ва барои ором кардани қирғизҳо ҳудуди 300 гектар замин дар ихтиёри онҳо гузошта шуд.Соли 1969 низ Тоҷикистон дар ивази заминҳои баҳснок дар Тангии Ворух ба Қирғизистон аз ҷойи дигар замин додааст.

Баъд аз ин дар солҳои 1975 ва ибтидои солҳои 80 -уми асри гузашта, ва билохира соли 1989 миёни тоҷикону қирғизҳо дар заминаи талоши обу замин низоъҳо рух дода, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ, бо номи Алиҷон дар лаби наҳри навбунёди марзӣ аз тири силоҳи як сокини ноҳияи Бодканд кушта шуд. Он замон Маскав мардуми шӯридаро бо ҷорӣ кардани соати комендантӣ ва ворид кардани нерӯҳои мусаллаҳ ором кард. Раҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба Ворух омад ва бо сарвари Қирғизистон мулоқот кард, аммо масъала ҳалли худро наёфт, ҳол он ки ба гуфтаи бисёриҳо ҳамон вақт беҳтарин фурсати ҳалли он буд.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Тоҷикистону Қирғизистон ба давлатҳои мустақил табдил ёфтанд ва марзи як замон "дохилӣ"-и шӯравӣ акнун байнидавлатӣ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ, ин марз 970 километр аст ва таъину аломатгузории он дар соли 2002 шурӯъ шуда, то ҳол 59 дарсад ё 567 километри хатти марзро муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ба иллати печутобҳои зиёди хатти сарҳад ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрави хурду бузург дар қисмати Суғду Бодканд ҷараёни он хеле ба сустӣ пеш меравад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi