20:23:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Парвандаи исфарагиҳо". Акнун навбати кист?

Идомаи боздоштҳову ҳукмҳои пурсарусадои марбут ба "парвандаи исфарагирҳо" суолеро халқ кардааст, ки оё "ботлоқ"-и ин парванда боз киро фурӯ хоҳад бурд? Боздошт шудани ду додситони дар гузашта баландпоя - Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, ки раҳбар ва муовини сардори кумиссиюни тафтишотии парвандаи машҳури “исфарагиҳо» буданд, шумораи “қурбониҳо”-и ин парвандаро бештар кард ва суолеро ба миён овард, ки акнун навбати кӣ бошад?

isfara-15052013Пеш аз ин, дар моҳи апрел собиқ дораси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нур Нуров, касе, ки ҳукми 33 сокини Исфараро дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёии Исфара ва узви маҷлиси вилояти Суғд бароварда буд, барои қаллобӣ 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии кулли Тоҷикистон низ бо ҷурми қаллобӣ, аммо ба 10 солу 6 моҳ зиндонӣ гашт.

Бердиқул Расулов, вакили дифоъ дар ин парванда низ бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакорӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳатто Пирумшо Олимов, бародари Рустам Олимов, ки ҳамагӣ «нақш»-и ронандаро дар ин «филми детективӣ» бозӣ мекард, аз рӯи ду модда - пораситонӣ ва иштирок дар ҷиноят 7 сол мӯҳлати шартӣ гирифт.

"Парвандаи исфарагиҳо” замоне сари забонҳо афтод, ки Низомхон Ҷӯраев ба Дубай фирор кард ва ба ҷои ӯ 33 сокини Исфара аз ҷумлаи ҳамкорону наздиконаш дар тирамоҳи соли 2007 боздошт шуданд. Ду сол баъдаш додгоҳ таҳти раёсати Нур Нуров 31 нафари онҳоро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол зиндонӣ кард ва се кӯшиши бознигарии ҳукми онҳо натиҷа надод. Ба қавли бархе аз манобеъ, норозигии додситони кулли вақт Бобоҷон Бобохонов, ки ҳукми Додгоҳи Олиро «говсуд» номида буд, ахириро низ аз аспи мансаб афтонд.

Ба назар мерасид, бозгашти мармузи нафари калидии қазия - Низомхон Ҷӯраев - аз Маскав ба Душанбе дар моҳи апрели соли 2012 ин парвандаро батамом хоҳад баст, аммо ҳодиса ранги дигар гирифт. Вазъе ба миён омад, ки айбдоркунандагон, муфаттишон ва доварони парванда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Вале оё метавон гуфт, бо ҳамин яке паси дигар фурӯ афтодани онҳое, ки дар тафтиши қазия даст доштанд, ба поён расид?

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ, ки аз ин парванда огоҳии пурра дошта ва ҳоло аз симои калидии он – Низомхон Ҷӯраев ҳимоят мекунад, мегӯяд, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди асосӣ интиҳои кор буда наметавонад: «Вақте ду нафари калидӣ – Ғоибов ва Очиловро ба ҷавобгарӣ кашиданд, тафтишот шурӯъ мешавад ва ду моҳ идома хоҳад кард. Ин барои мақомот маълум аст, ки боз алайҳи киҳо маълумот ҷамъ меоранд. Ва агар ин ду нафар ҳам дар бораи ягон нафари дигар нишондод диҳанд, боз парвандаи дигари ҷиноӣ оғоз мешавад.»

Барои бисёриҳо боздошти чунин афрод далели ин аст, ки баъд аз чархишҳое акнун адолат барқарор мешавад ва гунаҳкорони ҳақиқӣҷазо мегиранд.

Аммо Раҳматулло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳама барқарор кардани адолати додгоҳӣ нест: «Вақте Ҷӯраевро оварданд, ин фикр ба вуҷуд омад, ки гуноҳи ӯ камтар будаасту 33 нафари дигар бегуноҳ будаанд ва адолат пирӯз меояд. Аммо акнун мебинем, ки бо истифода аз Ҷӯраев дигаронро ба ботлоқ кашиданд ва ҳоло аз ин ботлоқ ҳеҷ яке аз онҳо берун омада наметавонанд, чун ҳама пеши қонун сиёҳанд.»

Далоили дар чунин вазъ қарор гирифтани «парвандаи исфарагиҳо» - ро бо яке аз раҳбарони мақомоти тафтишотӣ ба миён гузоштем, ки дар ниҳоят ин парванда бо чӣ анҷом меёбад? Мавсуф, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, гиреҳҳои ин парванда ҳанӯз ба пуррагӣ боз нашудаанд ва ҳанӯз вақти хулоса кардан нест.

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигоре, ки аз оғоз парвандаро пайгирӣ мекард, бар ин аст, ки «парвандаи исфарагиҳо» сиёсӣ шуда, барои ҳалли «разборка» ё маълум кардани муносибатҳои гурӯҳҳои қавӣ дар ҳукумати Тоҷикистон хизмат мекунад: «Ҷиноятҳое, ки ба он сокинони Исфара муттаҳам шудаанд, иқтисодианд ва тибқи қавонини кишвар, онҳоро мешавад бо пардохти хисорот ҷуброн кард. Аммо маълум нест, ки ин ҷо ягон бозии сиёсие ҷараён дорад ё саркӯб кардани ашхоси муассир дар сиёсатҳо? Касе ба ин ҷанбаи масъала эътибор намедиҳад.»

Аммо коршиносон бо ишора ба ин, ки «меъморон»-и ин парванда низ аз нафарони аз худ болотар ҳидоят мешуданд, мегӯянд, аз ин ба баъд қазия ба сатҳи сиёсӣ мебарояд ва эҳтимолан дигар аз ин беш касе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашавад. Аммо ин парванда метавонад сарнавишти афроди муҳимтарро аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳал кунад ва аз ҷумла иддае аз мансаб маҳрум шаванд. Бо ин ҳама, ягон манбаъ ё коршинос ҳадс намезанад, ки риштаи парванда то долони кадоме аз кабинетҳои сатҳи олии ҳукумат хоҳад бурд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi