12:35:03 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пулис: «Аксари қочоқчиёни инсон дар Тоҷикистон зан ҳастанд»

Малика зани ҷавонест, ки ба муддати як моҳ гирифтори “бардагии ҷинсӣ” дар Аморати Муттаҳидаи Араб буд. Ӯ аз ҷумла андак занонест, ки баъд аз бозгашт ба ватан, ба пулис дар робита ба афроде, ки ӯро ба ин вазъият гирифтор кардаанд, шикоят бурд ва дар натиҷа ду зани тоҷик боздошт шуду додгоҳ онҳоро равонаи зиндон кард.

womentraffic-28042013Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, аксари қочоқбарони инсон дар ин кишвар занон ҳастанд. Онҳо умдатан занону духтаронро бо роҳи фиреб ба кишварҳои хориҷӣ барои сӯйистифодаи ҷинсӣ интиқол медиҳанд. Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар се моҳи соли равон 11 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қочоқи занон ва духтаронро боз шудааст.

Дар ин парвандаҳо чаҳор зан дар қочоқи даҳ духтар муттаҳам дониста шуда ва таҳқиқи ин парвандаҳо идома дорад. Шумори чунин парвандаҳо дар соли ҷорӣ бештар унвон мешавад, зеро дар тӯли соли 2012 пулис фақат ҳафт парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҷурми қочоқи инсон боз карда буд.

Ҷумъахон Каримов, муъовини раиси бахши мубориза бо қочоки инсони вазорати кишвар ба Би-би-сӣ гуфт аксари муттаҳамони парвандаҳои марбут ба қочоқи инсон занон ҳастанд. Ӯ гуфт: “Мо бештари ин занони қочоқбари инсонро ҳангоми кӯшиши онҳо барои бурдани духтарон ба кишварҳои арабӣ боздошт мекунем.”

 Вай афзуд бештари духтароне, ки ба мамолики хориҷӣ интиқол меёфтаанд, бо роҳи фиреб ба он кишварҳо бурда шуда ва ба ғуломӣ гирифтор шудаанд. Оқои Каримов мегӯяд дар аксари маворид занони қочоқчии инсон дар гузашта худашон танфурӯшӣ кардаанд.

'Маро хешовандам ба "бардагӣ" фурӯхт'

Яке аз заноне, ки дар интиқоли Малика ба Аморати Муттаҳида даст дошта, бо ӯ иртиботи хешовандӣ доштааст. Вале Малика яке аз сабабҳои ба доми фиреб афтодани худро камбизоъатӣ медонад.

Малика дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт: “Вақте ман аз шавҳарам талоқ гирифтам, дар даст кӯдакони майда доштам. Вазъи зиндагиам риқатбор буд. Дар ҷустуҷӯйи кор будам. Як хешам гуфт, ки барои пайдо кардани кор ба ман кумак мекунад.”

Ӯ ҳикоят мекунад: “Ман розӣ шудам, ки ба Русия барои кор биравам ва шиносномаамро ба дасти ин хешовандам додаму машғули омодагӣ ба сафар шудам.”

Малика танҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе фаҳмидааст, ки ба кишваре сафар мекунад, вале бо ин вуҷуд ба хешовандаш эътимод карда ва ба ҳавопаймо нишастааст.

Вай рӯзҳоеро, ки дар Арабистон пушти сар кардро "бардагии тамом" унвон кард ва гуфт, талош мекунад он рӯзҳоро аз ёд бибарад. Ба бовари ӯ муҳимтар аз ҳама он аст, ки афроди муқассир муҷозот шудаанд ва афзуд: “Шояд чандин зану духтар акнун аз доми онҳо наҷот ёфтаанд.”

 Ба ривояти Малика, ӯ ба хотири муҷозоти муқассирони бардагиаш алорағми мушкилоти марбут ба "доғи нанг" ва афсурдагӣ ва фишори равонӣ ҳозир шуда ба пулис шикоят бибарад ва дар додгоҳ ҳузур пайдо кунад.

'Қочоқчиёни инсон афв нашаванд'

Аммо ба гуфтаи Ҷумъахон Каримов, масъули мубориза бо қочоки инсон дар Тоҷикистон мушкил ин ҷост, ки афроди муқассир дар қочоқи инсон дар ин кишвар метавонанд басодагӣ афв бишаванд.

Ӯ мегӯяд: "Мо қочоқбарони инсонро боздошт ва зиндонӣ мекунем, вале баъд аз як сол ва ё чанд моҳ онҳо тибқи қонуни афв озод мешаванд ва дубора даст ба ин ҷурм мезананд.”

Дар қонуни кайфарии Тоҷикистон ду моддаи марбут ба ҷароими инсонфурӯшӣ, яке моддаи 130 - дар бораи қочоқи инсон ва модади 132, дар бораи ҷалб ба фурӯши инсон вуҷуд дорад.

Оқои Каримов мегӯяд ин моддаҳо дар асл такрори ҳаманд, фақат бо ин фарқ, ки дар модди 132-и қонуни ҷазо афв барои қочоқбарони инсон пешбинӣ шудааст.

Ба ин хотир оқои Каримов мегӯяд, ки вазорати кишвар қасд дорад аз давлати Тоҷикистон лағви моддаи 130-и қонуни кайфариро дархост кунад. Зеро муҷозот барои қочоқи инсон дар моддаи 130 ташдид шуда ва дар он барои истифодаи ҷинсӣ ва водор кардан ба кори иҷборӣ аз 5 то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Пулис мегӯяд Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Русия, Чин ва Афғонистон аз кишварҳоест, ки қочоқчиёни инсон ба онҷо занону духтарони тоҷикро барои танфурӯшӣ интиқол медиҳанд.

Аммо вазорати кишвар мегӯяд, ки мушаххас кардани теъдоди дақиқи афроди қочоқшуда ба ин кишвар мушкил будааст. Зеро ин афрод пас аз муддате ба кори худ "одат карда" ва тарҷеҳ медиҳанд бо номҳои мустаъорӣ дар он кишварҳо ба сар бибаранд.

Дар чорчуби барномаи мубориза бо қочоқи инсон мақомоти давлати Тоҷикистон гаҳ-гоҳе гурӯҳҳои занони қочоқшударо аз кишварҳои арабӣ ба ватан бармегардонанд.

Онҳо муддате низ дар паноҳгоҳҳои вижаи тавонбахшӣ ба сар мебаранд, ки дар онҷо ба онҳо хадамоти пизишкон, равоншиносон ва ҳуқуқдонҳо фароҳам мешавад. ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (СҶМ) дар соли ҷорӣ масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон панҷ духтарро аз хориҷ баргардонида ва дар ин паноҳгоҳ қарор доданд.

Гулчеҳра Иброҳимова, мушовирии ҳуқуқи СБМ мегӯяд, онҳо то анҷоми парвандаҳои ҷиноӣ ва муҷоззоти афроди муқассир дар қочоқи онҳо дар ин паноҳгоҳ ба сар хоҳанд бурд.

Дар аксари маворид, афроде ки қурбонии қочоқгарони инсон шуда ва дар кишварҳои хориҷӣ мавриди истифодаи ҷинсӣ қарор доштанд бо мулоҳизоти амниятӣ ва бим аз "доғи нанг" ва табъизу азият дар ҷомеъа натанҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд, балки аз бурдани шикоят ба ниҳодҳои интизомӣ худорӣ мекунанд.

Муттахасисон мегӯянд ба ин хотир бисёре аз қочоқчиёни инсон дар Тоҷикистон бемуҷозот мемонанд. Ба гуфтаи пулис теъдоди онҳо бино ба омори мавҷуд дар вилояти Суғди кишвар болотар будааст.

Тилав Расулзода, рӯзноманигори маҳаллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ин амр ба далели он аст, ки дар Суғд имконоти бештаре барои ба таври ниҳонӣ берун бурдани духтарон ба хориҷи кишвар вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд: “Аз Суғд ба осонӣ метавонӣ марзи Қирғизистонро убур кунӣ. Дар шаҳри Оши он кишвар фурӯдгоҳи байналмилалӣ вуҷуд дорад ва тавассути он бисёре аз афроди фурӯшандаи инсон духтарони ҷавонро аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ интиқол медиҳанд.”

Оқои Расулзода афзуд, ки қочоқи инсон тиҷорати дорои даромади ҳангуфт аст ва коршиносон мегӯянд иддае аз гурӯҳҳои қочоқбари инсон аз сӯйи бархе маъмурони интизомӣ ҳамкорӣ мекунанд. Пулиси тоҷик аммо ин иттилоъро такзиб мекунад.

Дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи духтарони ҷавон бо ҳадафи танфурӯшӣ маҳдудиятҳое барои дарёфти визо ва парвоз ба иддае аз кишварҳои арабиро ҷорӣ кардааст.

Тибқи ин маҳдудият духтарони то сӣ сола танҳо бо пайвандони наздик, яъне модарон ва падарон ва ё шавҳарону бародарон имкони сафар ба ин кишварҳоро доранд.

Омори СММ дар бораи қочоқи инсон

Бар асоси гузорише, ки Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар поёнисоли гузашта интишор дода буд, дар Урупо ва Осиёи Миёна қочоқи инсон бештар бо ҳадафи касби даромад аз фаҳшо сурат мегирад. Дар инҷо 62 дарсади қурбониён барои фаҳшо ва 31 дарсад барои кори иҷборӣ қочоқ шудаанд.

Ончи ки гузоришгарони ин пажӯҳиш беш аз ҳама нигаронкунанда унвон карданд ин аст, ки 75 дарсади ҳамаи қурбониёни қочоқи инсонро занон ташкил медиҳанд.

Аммо гузориш ҳокӣ шуд, ки занон дар иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи инсон нақши умдае доранд, ҳарчанд шумори занони маҳкумшуда ба ҷурми қочоқи инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ пойин будааст.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi