03:18:31 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

Ду насли олуда бо радиация. Аз Чернобил халосӣ нест

Насли алакай дуюми зарардидаҳои Чернобил якбора аз чандин маризӣ азият мекашанд ва намедонанд, ки таъсири ташайюъ бо насли онҳо маҳдуд мешавад ва ё ба наслҳои ояндаашон низ таъсир хоҳад кард.

chernobil-26042013Файзалии 9-сола, сокини шаҳри Душанбе намедонад, ки чаро дар ҷисми кӯчакаш ин қадар дарду иллатҳо роҳ ёфтааст. Файзалӣ хеле лоғар аст ва мегӯяд, соле 2-3 маротиба дар бемористон бистарӣ мешавад. Ин аст ки ӯ наметавонад чун ҳамсолони дигараш роҳат дар мактаб таҳсил кунад ва бисёр вақтро дар бистари маризӣ мегузаронад. Тавре худи Файзалӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, «пойҳоям дард мекунанд, гоҳ-гоҳ аз биниам хун меравад, гурдаҳоям дард мекунанд. Чашми чапам хира мебинад, баъзан умуман намебинад».

Искандар Ҳафизови 58-сола, падари Файзалии хурдсол сабаби дардҳои писарашро медонад. Соли 1986 Искандари ронанда дар қатори ҳазорҳо шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои бартараф намудани оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ба Украина сафарбар шуд ва тайи 6 моҳ он ҷо хидмат кард. Аммо доғи сиёҳи ин фоҷиа ба таври ҳамешагӣ дар ҳаёти ӯву оилааш боқӣ мондааст.

Искандар Ҳафизов баъди бозгашт аз Украина, бинобар заҳролудшавиаш солҳои тӯлонӣ натавонист фарзанддор шавад. 4 тифли аввали ӯ баробари таваллуд фавтиданд. Баъдан соҳиби 2 писар шуд, ки ҳарду ҳам маълули модарзоданд.

Ӯ гуфт, «доим қувват надоранд, Зуд-зуд касал мешаванд. Камхунанд. Сарашон чарх мезанад. Аз таъсири Чернобил худам ҳам доим асабонӣ мешавам, дарди сар дорам. Фаромӯшхотирам. Аммо хуб аст, ки табобат ройгон аст. Ҳар сол аз комиссия мегузарем. Арзу шикоятҳоямонро мегӯем, қабул мекунанд».

Искандар Ҳафизов феълан нафақахӯр аст. Нафақаи ӯву фарзандонаш моҳе 650 сомониро ташкил медиҳад. Мегӯяд, бо ин маблағ зиндагиро пеш мебаранд.

Тибқи иттилоъи ҷамъияти маъюбон ва чернобилчиёни Тоҷикистон, тахминан 20 дарсади фарзандони чернобилчиён маълул ба дунё омадаанд, зеро осори радиатсия аз насл ба насл мегузарад. Раиси ин созмон Тӯйчӣ Атабоев афзуд, «агар дар оила панҷ ва ё шаш кӯдак бошад, 1 ё 2 нафараш ҳатман маъюбии модарзодӣ доранд. Баъзеашон роҳ гашта наметавонанд, ё ин ки кӯдаки 8-солае ҳаст, ки қадаш 60-80 сантиметр, ба монанди тифли навзод. Ҳоло ҳам гап намезанад. То ҳоло дар илми тиб доруе кашф карда нашудааст, ки чернобилчиёнро аз ин заҳр раҳо кунад».

Имрӯз чернобилчиён дар кишвар аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд. Аз ҷумла табобати ройгон, озод будани онҳо аз андози замин, роҳкирои бепул ва ғайра.

Аммо ба гуфтаи Тӯйчӣ Атабоев, танҳо имтиёзе, ки 100 дарсад аз ҷониби онҳо истифода мешавад, таҳсили фарзандони онҳо дар асоси квотаи президентист. Дар давоми 5 сол тибқи ин квота 100 фарзанди чернобилчиён ба макотиби олии кишвар дохил шудаанд.

Насиба Толибова яке аз онҳост ва феълан дар соли дуввуми факултаи забонҳои романиву олмонии Донишкадаи забонҳо таҳсил мекунад. Ӯ гуфт, «мо шаш нафар будем, ки барои ба даст овардани ин квота талош кардем. Диктант ва тест супоридам ва гузаштам. Баъд аз хатми донишкада мехоҳам муаллима шавам ва аз ин забонҳо ба хонандагон дарс гӯям. Чунки модарам ҳам, ки ҳангоми садамаи Чернобил дар Украина буд, муаллима аст. Ӯ ба кӯдакон дарси суруд медиҳад.»

26 апрели соли 1986 яке аз реакторҳои нирӯгоҳи ҳастаии Чернобили Украина таркид. Бар асари ин садама ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазрон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи авоқиби фалокати Чернобил сафарбар шуданд, дучори ташайюъ шуданд.

Барои рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил танҳо аз Тоҷикистон 5 000 сарбози эҳтиётӣ ва 1000 аскарбачаи навхидмат ба минтақаи фалокатзада фиристода шуданд. То имрӯз беш аз 550 нафари онҳо дар синни аз 35 то 45-солагӣ фавтидаанд.

Ҳоло 1929 собиқадорони Чернобил узви Иттифоқи маъюбон ва чернобилчиёни Тоҷикистонанд, ки 1150 нафари онҳо маъюби гурӯҳҳои як ва ду мебошанд. Зиёда аз 700 нафар аз кӯдакони чернобилчиён маъюби модарзоданд. Нафақаи чернобилчиёни тоҷик аз 150 то 480 сомониро ташкил медиҳад.

Файзалии 9-сола орзу дорад, ки дар оянда милиса шавад. Вай мегӯяд, мехоҳад ҷинояткоронро боздошт кунад ва нагузорад, ки касе ҳаққи касеро поймол намояд. Аммо шубҳа мекунад, ки оё шахсро бо пойҳои дардманд дар милиса ба кор мегиранд ё на?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi