13:05:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Даъват ба артиш ё “облава”-и навбатӣ дар Тоҷикистон


Боздошти
ҷавонон барои хидмати низомии иҷборӣ дар артиши Тоҷикистон имсол бо оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар ин кишвар шурӯъ шудааст. Дар назди кумисориёи низомии ноҳияи Сино, ки дар наздикии Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Шамсии шаҳри Душанбе, баъд аз соъати 21:00 вақти маҳаллии рӯзи ҷумаъи 12 апрел ҳудуди 30-40 нафар аз афрод гирди ҳам омада буданд.

army commissin 150413Як зан, аз ҷумлаи ин афрод гуфт, ки масъулон аз хиёбон фарзанди ӯро боздошт карда ба ин кумисориё овардаанд. Ин хонум аз посух ба ин суол, ки чаро фарзандаш довталабона намехоҳад ба хидмати низомӣ равад, худдорӣ кард. Бештари ин афрод аз ҷумлаи волидоне буданд, ки пулис ҳамроҳ бо кормандони масъули кумисориёҳои низомии шаҳр фарзандонашонро аз хиёбонҳо иҷборан савори мошин карда ва ба ин макон овардаанд.

Васила Икромбекова, модари яке аз боздоштшудагон мегӯяд, ки ду писар дорад ва писари хурдии вай дар яке аз қисматҳои низомии шаҳр машғули хидмати низомӣ будааст. Хонум Икромбекова афзуд: “Писари бузурги ман ҳоло бояд аз ташхиси пизишкӣ гузарад. Вай мадрак низ дар ин бора дорад ва ҳамзамон дар ширкате кор мекунад. Худатон медонед, ки дар бемористонҳо барои гузаронидани ташхис пул лозим ҳаст. Ман 300 сомонӣ мегирам, ки барои гузарони зиндагӣ намерасад. Падарашон вафот кардааст.”

Хонум Икромбекова мегӯяд, ки тавонистааст, писарашро аз кумисориёи ноҳияи Шоҳмансур барорад. Вале вай афзуд: “Он ҷо ҳатто ду шогирди мактаби ҳамагонӣ боздошт шуда буданд ва модарашон талош мекарданд, ки фарзандони худро аз дасти масъулон халос кунанд.”

Ин модар мегӯяд, ки шеваи даъват ба хидмати низомӣ дар Тоҷикистон ахиран ба боздошт дар хиёбонҳо барои содир кардани ҷурм монанд мешавад. Зеро дар кумисориёҳои низомии ноҳияи Шоҳмансур ҳудуди 20 ҷавон боздошт ва масъулон онҳоро дар як утоқ, ки ба дари он қулф зада буданд, нигоҳ медоштанд.

Хонум Икромбекова ин гуна наҳваи даъват ба артишро муғойир ба қонуни Тоҷикистон ва нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар хонд. Масъулони кумисориёи низомии ин ноҳия аз додани иттилоъ дар мавриди ин хабар худдорӣ карда гуфтаанд, ки ин ҷавонон аз сӯйи пулиси шаҳр боздошт ва ба кумисориёро мунтақил шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки иддае аз волидон ҳатто намедонистаанд, ки фарзандони онҳо дар куҷо ҳастанд ва ба кадом қисми низомӣ эъзом шудаанд. Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар артиш аз якуми апрел оғоз шуда ва бисёре аз волидон мегӯянд, ки баъд аз як ҳафтаи ин фармон боздошти иҷбории ҷавонон барои ҷалби онҳо ба хидмати низомӣ дар хиёбонҳои шаҳр ба мушоҳида расидааст.

Ҳамасола ин маърака бо иддаъоҳо дар бораи ҷалби иҷборӣ ё тавре, ки дар миёни сокинони мегӯянд, “облава” ҳамроҳ буда ва дар бархе маворид даъват шудани ҷавонони ҷисман носолим низ ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба мушоҳида расидааст.

Ҳарчанд масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд, ки чунин шеваи ҷалби ҷавонон ба хидмат дар артиш вуҷуд надорад, аммо рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта иддае аз волидон аз боздоши фарзандонашон дар хиёбонҳо ва овардани онҳо ба кумисориёҳои низомии ноҳиявии пойтахти Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Гуфта мешавад, ки масъулони кумисориёҳои низомии навоҳии мухталифи Тоҷикистон ҳамасола вазифадор мешаванд, ки ӯҳдадории солиёнаро барои таъмин кардани сарбозон иҷро кунанд. Аз ин рӯ онҳо водор мешаванд, ки бо кумаки пулис ҷавононро ба хидмати низомӣҷалб кунанд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, ки ба далели вазъи бади зиндагии сарбозон дар артиш ва вуҷуди мавориди озор ва лату кӯби тозасарбозон аз сӯйи сарбозони дигар фарзандони онҳо аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунанд.

Аммо Фиридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ мавҷудияти “облава” ё даъвати ҷавонон ба таври иҷборӣ ба хидмати низомиро такзиб кард.

Ҳамчунин, вай иддаъоҳо дар бораи мавриди латукӯб гирифтани сарбозон дар артишро низ бепоя хонд ва гуфт, ки чунин ҳодисот дар артиш аз муддатҳо қабл аз байн бурда шудааст.

Оқои Маҳмадалиев гуфт, ки ҳамасола тарҳи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон то ҳаштод дарсад анҷом ёфта ва бештари ҷавонон довталабона ба артиш эъзом мешаванд.

Тибқи қонуни Тоҷикистон хидмати низомӣ барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон новобаста аз мавқеъияти волидон дар ҷомеъа ҳатмӣ аст ва ҷавонони синни 18 то 28 сол ба хидмати сарбозӣҷалб карда мешаванд.

Аммо касоне, ки дар хонавода писарони танҳо ҳастанд ва ё дар донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олӣ таҳсил мекунанд, аз хидмат муъоф ҳастанд.

Дар ин қонун ҷалби иҷборӣ ва ё боздошти ҷавонон барои анҷоми хидмати низомӣ дар хиёбонҳо дар назар гирифта нашудааст, аммо бар асоси он дар сурати сарпечӣ аз адои хидмат дар артиш фарди муттаҳам ба додгоҳ кашида мешавад.

Аз сӯйи дигар коршиносон мегӯянд, ки фарзандони бисёре аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба осонӣ аз хидмат дар артиш озод мешаванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi