23:00:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

БОЗДОШТИ ДАҲ УЗВИ ЯК ШАБАКАИ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ МУХАДДИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти даҳ узви шабакае аз қочоқчиёни маводди мухаддир ва кашфу мусодираи миқдори зиёде аз ин мавод хабар дод. Гуфта мешавад, ки ду нафар аз афроди боздоштшуда мақомҳои олирутбаи пулис, ду тани дигар афсарони марзбон ва як нафар аз онҳо корманди собиқи амниятӣ будааст.

/images/stories/2013/02/16_tajikistan_drugs_160213.jpgАмалиёти вижаи кормандони амниятии Тоҷикистон рӯзи 10 феврал дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, оғоз шудааст. Нахуст маъмурони амниятӣ дар бордони як худрави навъи "ГАЗ-31" дар қаламрави ин вилоят ҳудуди 45 килуграм ҳеруинро кашф ва мусодира кардаанд.

Таҳқиқоти муқаддамотӣ нишон дода, ки ин мавод ба Саидхон Тиллоеви 25-сола, сокини ноҳияи Восеъ, ва Сайфулло Маҳмадшоеви 44-сола, сокини ноҳияи Фархор, таъаллуқ доштааст.

Ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, афроди боздоштшуда гувоҳӣ додаанд, ки ин миқдор маводди мухаддирро Осиф ном шаҳрванди Афғонистон бо убури ғайриқонунӣ аз марз ба Тоҷикистон интиқол дода ва дар ихтиёри ду афсари марзбон ва як фарди бекор гузоштааст.

Прапоршик Зайниддин Аҳмадов, зодаи шаҳри Кӯлоб, ва прапоршики калон Тоҷиддин Бердиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ба даст доштан дар қочоҷи ин мавод муттаҳам шудаанд, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Панҷ фаъъолият доштаанд. Фарди сеевум ба номи Абдулҳамид Назаров сокини Кӯлоб ва муваққатан бекор будааст.

'Занҷири пайваста'

Ин афрод маводди мухаддирро аз марз то мазраъаи "Шоликор"-и ноҳияи Қумсангир интиқол дода ва ба подполковник (сарҳанг) Нурулло Наимов, ваколатдори калони фаврии воҳиди махсуси вазорати умури дохилӣ ва фарди дигаре ба номи Сайфулло Маҳмадшоев супурдаанд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли манобеъи амниятӣ менависад: "Ин маводди нашъаовар бо истифода аз занҷири пайвастаи аъзои гурӯҳи муташаккил аз ноҳияи Қумсангир ба шаҳри Душанбе интиқол ёфта, бо ҳадафи фиристодан ба шимоли Тоҷикистон, аз тарафи Саидхон Тиллоев ва Рамазон Маҳмадалиев дар дохили мошини "ГАЗ-31" ҷобаҷо карда шуда буд."

Мақомҳои амниятӣ мегӯянд дар ҷараёни бозҷӯйии қочоқчиён мушаххас шуда, ки ҳашт килуграм аз ҳеруини кашф ва мусодирашуда ба Раҳимҷон Иброҳимов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, таъаллуқ доштааст. Вай то соли 2006 дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон кор мекард.

Тибқи тавофуқоти қаблӣ миёни қочоқчиён, қарор буд ин маводро дар ҳудуди вилояти Суғд Мустафоқул Ҳазратқулови 48-сола, сокини шаҳри Истаравшан, дарёфт кунад. Гуфта мешавад ин мард дар гузашта ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дар Русия ба зиндон маҳкум шуда буд.

Бахши дигаре аз ин маводро, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 140 килуграмро ташкил медиҳад, Даврон Сафаров, як сокини Душанбе, рӯзи 8 феврал ба ин шаҳр оварда ва дар ихтиёри Саидхон Тиллоев гузоштааст.

Сипас, ин мавод дар ихтиёри капитан (сарвон) Ҷамшед Сафаров, ваколатдори фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноии идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва бародари Даврон Сафаров мебошад, қарор дода шудааст.

Маъмурони амниятӣ рӯзи 12 феврал дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе аз як мошини навъи "Мерседес" ҳамчунин 94 килуграм ҳашишро кашф ва мусодира кардаанд, ки барои интиқол ба кишварҳои дигари минтақа ва Русия дар назар гирифта шуда буд.

Ҳамдастӣ бо қочоқчиён

Ба ин тартиб, дар ду амалиёти маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳудуди 139 килуграм маводди мухаддир, ки ғолибан иборат аз ҳеруин ва ҳашиш буда, кашф шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар иртибот бо ин қазия 10 нафар, аз ҷумла ду мақоми аршади пулис, ду афсари идораи нерӯҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, як маъмури собиқи амниятӣ ва панҷ фарди одӣ боздошт шудаанд.

Барои таҳқиқи бештари ин қазия мақомҳои амниятӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, парвандае ҷиноӣ боз кардаанд ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Хабаргузории "Ховар" дар бораи ҳамдастии маъмурони амниятӣ ва пулис бо қочоқчиён менависад: "Вазифаи ҷонию касбии ин нафарон бо ҷинояту ҷинояткорон мубориза бурдан аст, вале мутаассифона, ба ҷойи ин амал, онҳо худашон бо қочоқбарон шарик гардида, ҷинояти вазнинро муртакиб шудаанд."

Ин хабаргузорӣ меафзояд: "Шахсе, ки ба ҷиноят даст мезанад, новобаста ба рутбаю вазифа ва мавқеъи ишғолкардааш дар ҷомеъа, ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт."

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки мақомҳои аршади пулис ва амниятии Тоҷикистон ба занни иртибот бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва даст доштан дар қочоқи ин мавод боздошт мешаванд.

Дар гузашта низ аз мавориди боздошти маъмурони амниятӣ, пулис ва марзбонони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир гузоришҳое мунташир шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта дар ҷараёни як амалиёт гурӯҳе аз кормандони интизомӣ ба раҳбарии Фаридун Умаров, бародари хурдии Мансур Умаров, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, боздошт шуда буданд.

'Кашмакашҳои дохилӣ'

Тибқи иттилоъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, мақомҳои аршадди пулис дар мавориде хос дар гузашта бо додани ришва ба андозаи бузург афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддирро аз масъулият озод кардаанд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдон, мегӯяд: "Маълум аст, ки қочоқчиён дар сояи инояти бархе аз мақомҳои аршади амниятӣ ва пулис фаъъолият мекунанд. Бархе аз боздоштҳо баёнгари ин аст, ки кашмакашҳои дохилӣ дар тиҷорати маводди мухаддир то чи андоза тезу тунд аст, ки гоҳо афроди дигаре, ки дар ҳавзаи нуфузи мақомҳои ҷудогона нестанд, боздошт мешаванд."

Вай меафзояд: "Доштани робитаҳои қавӣ барои тиҷорати маводди мухаддир хос аст ва афроди бонуфузе дар давлатҳои Осиёи Миёна дар он даст доранд. Аммо агар давлат ирода накунад, исботи ҳамдастии онҳо дар қочоқи маводди мухаддир амалан ғайримумкин аст."

Бо ҳудуди 1,5 ҳазор килуметр марзи муштарак бо Афғонистон, Тоҷикистон аз умдатарин масирҳои интиқоли маводди мухаддири Афғонистон ба Русия ва Урупо маҳсуб мешавад. Ҳифозат аз манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон, ки умдатан дар манотиқе кӯҳистонӣ воқеъ аст, душвор аст.

Бар асоси омори расмӣ, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 64 тун маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки беш аз 30 туни онро ҳеруин ташкил медиҳад. Дар заминаи кашфу мусодираи маводди мухаддир Тоҷикистон чаҳорумин кишвар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқчии маводди мухаддир солиёна то 100 тун маводди мухаддирро аз марзи Тоҷикистон ба Русия ва Урупо интиқол медиҳанд.

Бар асоси иттилоъи Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, баҳои як килуграм ҳеруин дар макони тавлиди он дар Афғонистон аз 800 то 2000 дулор аст, аммо қимати он дар Тоҷикистон то ба 4-5 ҳазор ва дар Русия то ба 8-10 ҳазор дулор афзоиш меёбад.

Бархе аз мақомоти Русия бо ишора ба нигарониҳо дар бораи вазъияти қочоқи маводди мухаддир дар минтақа хостори бозгашти нерӯҳои марзбонии худ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон шудаанд, аммо мақомоти тоҷик ҳанӯз посухи рӯшане ба ин мутолибот надодаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi